14:58, 17 Октябри 2021
Агентии хизмати давлатии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хизмати давлатӣ хизмат
ба Ватан ва миллат аст

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Категория: Новости

31.08.2020 18:02, шаҳри Душанбеmajlisi hjt 31.08.2020

31 август таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори маҷлис нахуст ҳисоботи Вазири кишоварзӣ Амонулло Салимзода оид ба ҷараёни иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 «Дар бораи Барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» шунида шуд.

Таъкид гардид, ки маќсади асосии барномаи мазкур ин амалї намудани сиёсати Њукумати Љумњурии Тољикистон оид ба рушди соњаи тухмипарварї, навъсанљї, селексияи растанї, инчунин татбиќи бомуваффаќияти он ва бунёди соњае мебошад, ки дар мутобиќат бо стандартњои байналмилалї фаъолият намояд.

Сарвари давлат муњтарам Эмомалї Рањмон ба Њукумати Љумњурии Тољикистон, вазорати кишоварзї ва Академияи илмњои кишоварзии Тољикистон супориш доданд, ки барои татбиќи пурраи Барномаи рушди соњаи тухмипарварї дар Љумњурии Тољикистон барои солњои 2016-2020 аз тамоми имкону захирањо ва таљрибаи пешќадам истифода баранд.

Дастуру супоришњо ба масъулини вазорати кишоварзї њамчунин бобати истифодаи самараноки замин, интихоби тухмињои хушсифату серњосил дар ваќти кишти зироатњо ва таъмини бозори истеъмолї бо мањсулоти кишоварзї дода шуд.

Баъди муњокимаи њамаи масъалањои рўзнома аъзои Њукумати мамлакат барои татбиќи онњо ќарорњои дахлдор ќабул карданд.

Президенти мамлакат муњтарам Эмомалї Рањмон ба роњбарони маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањру ноњияњо, вазорату идорањо оид ба рушди соњаи кишоварзї, љамъоварии сариваќтию беталафи њосил, содироти мањсулоти кишоварзї, таъмини бозори истеъмолї бо маводи ниёзи аввал, захираи маводи хўрокворї ва сўзишворї барои давраи зимистон, иљрои наќшаи кишти такрорї ва захираи тухмии картошка барои соли оянда дастуру супоришњои мушаххас доданд.

Супоришњо ба њукумати мамлакат ва сохторњои дахлдор доир ба таъмини сариваќтии маошу нафаќа дода шуд.

Президенти мамлакат муњтарам Эмомалї Рањмон бо назардошти вазъи љомеаи љањонї, пањншавии пандемияи бемории сироятии короновирус ва таъсири омилњои беруна ба иќтисодиёти мамлакат ба Њукумати кишвар, вазорату идорањо ва маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоятњо ва шањру ноњияњо супориш доданд, ки ба хотири рафъи камбудию мушкилоти пешомада аз тамоми имконот васеъ ва самаранок истифода бурда, дар байни мардум корњои фањмондадињиро оид ба истењсолу захираи маводи кофии озуќаворї ва риояи ќоидањои санитарї ба роњ монанд.

Сарчашма: www.president.tj



САВГАНДИ ХИЗМАТЧИИ

ДАВЛАТӢ

«Ман (ному насаб), шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хизмати давлатӣ қабул шуда, ботантана ва бо ҳисси масъулияти баланди ватандӯстӣ  савганд ёд мекунам:
-адои хизмати давлатиро дар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ифодаи боварии махсус аз тарафи ҷомеа ва давлат дарк намуда,
-Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намуда,
-дар фаъолияти худ принсипҳои қонуният, адолат, беғаразӣ ва ростқавлиро ба роҳбарӣ гирифта,
-тибқи талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ бовиҷдонона ва ба дараҷаи баланди касбӣ хизмат намуда,
-ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф ва эҳтиром намуда, афзалияти манфиатҳои давлат ва ҷомеаро вазифаи асосии худ ҳисоб мекунам.
Барои вайрон намудани савганди ёдкардаам худро дар назди ҷомеа ва давлат масъул меҳисобам».

Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо садо)

  

Тақвим

<< < Август 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
           

Назарсанҷӣ

Сомонаи нави моро баҳо диҳед!

Аъло - 0%
Хуб - 0%
Қаноатбахш - 0%
Ғайри қаноатбахш - 0%

Обу ҳаво

 

Ҳисобкунак

Ҳисобкунак


© 2007 - 2021 Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон