Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 

Санаи 30 июни соли 2023 дар толори Агении хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзиши идоравии кормандони Агентии хизмати давлатӣ бо намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳури Тоҷикистон Назриён Васлибек-сарнозири раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, подполковники адлия вобаста ба мавзӯи «Дар бораи муќовимат ба коррупсия» баргузор гардид.

Чорабиниро Қосимзода Гурез -муовини якуми директори Агентии хизмати давлатӣ ифтитоҳ намуда, баргузории мулоқоти мазкурро ҳадафманд арзёбӣ намуд.

Дар ҷараёни мулоқоти Назриён Васлибек доир ба сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат бо коррупсия, таъсиси ниҳоди мубориза бо ин падидаи манфӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқии мубориза ба коррупсия баромад намуда, таъкид дошт, ки дар замони муосир яке аз воситаҳои асосии муборизаи муваффақона бар зидди коррупсия ин фароҳам овардани заминаи мусоиди меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт ба шумор меравад.

Бо ҳамин мақсад Ҷумҳурии Тоҷикистон муқовимат бо ин падидаи номатлубро яке аз вазифаҳои калидии худ қарор дода, ҷиҳати ташкили мубориза бар зидди он, чораҳои заруриро дар сатҳи қонунгузорӣ бо мақсади аз байн бурдани он андешида истодааст.

Маврид ба зикр аст, ки мақомоти ваколатдори давлатӣ дар самти мубориза бо коррупсия ҷиҳати бартараф кардани сабабу шароитҳое, ки ба ҳуқуқвайронкуниҳои хусусияти коррупсионидошта мусоидат менамоянд, ва инчунин вобаста ба шарҳи вазъи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии дар моддаи 661 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 25 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» пешбинишуда дар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот ва ташкилотҳо мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор додааст.

 

 

 

Агентии хизмати давлатии назди 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон