Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 

Мақомоти прокуратура яке аз сохторҳои муҳими низоми давлатдорӣ ба шумор рафта, вазифаи асосии онҳо таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ бо мақсади ҳифзи мустақилият ва соҳибихтиёрии кишвар, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, асосҳои демократии ҳокимияти давлатӣ, вазъи ҳуқуқии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, дигар мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар сохторҳои ғаӣридавлатӣ иборат аст.

                                                                                                                              Эмомалӣ Раҳмон

 

Боиси ифтихор аст, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Рӯзҳои ид» ҳамасола дар кишвари мо Рӯзи кормандони мақомоти прокуратура таҷлил карда мешавад.

Дар замони Истиқлоли давлатӣ мақомоти прокуратураи Тоҷикистон чун дигар сохторҳои давлатӣ таҳаввулоти зиёдеро аз cap гузаронда, дар ҷомеа ҳамчун ниҳоди мустақил ва ҷавобгӯ ба принсипҳои демократии давлатдорӣ ҷойгоҳи шоиста касб намуд. Дар ин давра барои фаъолияти самараноки мақомоти прокуратура заминаҳои устувори ҳуқуқӣ - конститутсионӣ ташаккул ёфта, ваколату салоҳияти назоративу мурофиавии он дақиқан муаӣян шуд. Дар робита ба ин, самтҳои асосии фаъолияти прокуратура бо назардошти манфиатҳои миллӣ, ҳифзи арзишҳои истиқлолият, вазъи қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар мамлакат мушаххас гардид.

Мақомоти прокуратура дар солҳои соҳибистиқлолӣ ва дар маҷмуъ дар таърихи фаъолияти худ муҳимтарин ниҳоде ба шумор меравад, ки дар рушди арзишҳои демократӣ, устувории вазъи тартиботи ҳуқуқӣ, пешгириву ошкоркунии ҳуқуқвақронкуниҳо ва мубориза бо ҷинояткорӣ нақши намоён дорад.

Кормандони мақомоти прокуратура ҳанӯз аз ибтидои таъсисёбии ин сохтор ба душвориҳои шароити вазнини сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии он солҳо нигоҳ накарда, вазифаҳои хизматии худро бо ҳисси  масъулият, маҳорати баланди касбӣ ва садоқат ба халқу Ватан иҷро мекарданд.

Дар фаъолияти худ барои таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, мубориза ба муқобили ҷинояткорӣ, мустаҳкам намудани қонуният, баланд бардоштани сатҳи тарбия ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон саҳми арзанда мегузоранд. Кормандони ин мақомот вазифаҳои аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самтҳои мубориза алайҳи ҷиноятҳои муташаккил, аз ҷумла терроризм ва экстремизми сиёсию динӣ гузошташударо сарбаландона иҷро мекунанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид намуданд, ки «вазифаи аз ҳама муҳим –  таъмини амнияти давлату миллат ва ҳифзи суботу оромии ҷомеа, пешгирӣ ва бартараф кардани ҳама гуна таҳдиду хатарҳои берунӣ, таъмини волоияти қонун, пешгири намудани амалҳои номатлуб ва тартиботи ҷамъиятӣ, инчунин назорати риоияи дақиқи қонунҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ ба зиммаи мақомоти прокуратура вогузор гардидааст» ва њамчунин таъкид намудаанд, ки «мақомоти прокуратура дорои нерӯи бузурги кадрӣ ва сифатҳои баланди ахлоқиву касбӣ буда, қодиранд вазифаҳои худро сарбаландона иҷро намоянд».

Боварӣ дорем, ки кормандони прокуратура минбаъд ҳам бо фаъолияти пурсамару бартариятнок, ҳисси баланди масъулият ва садоқат ба халқу Ватан ба наслҳои ҷавон сабақи хизмати содиќона, меҳанпарастию инсонпарварӣ медиҳанд ва дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тољикистон саҳми арзанда мегузоранд.

Дар ин рӯзи фархунда тамоми кормандон ва собиқадорони соҳаро ба муносибати Рӯзи кормандони мақомоти прокуратура табрику таҳният гуфта, рӯзгори хушу хуррам, хонаободӣ, офияти рӯзгор, тансиҳатӣ ва дар фаъолияти хизматӣ пирўзињои њамешагиро таманно менамоем.

 

 

                                                               Ҳайати Агентии хизмати давлатии

                                                           назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон