Новости о Президенте
- Подробности
- Категория: НОВОСТИ О ПРЕЗИДЕНТЕ
- Просмотров: 12
11 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти гармхонаи Моғиён-Агро ба деҳоти Халифа Ҳасани шаҳри Панҷакент ташриф оварданд.
Гармхона дар заминаи роҳнамоиҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкор Муродқул Юсуфов бунёд шуда, аз лиҳози усули кишт, парвариш, ба даст овардани ҳосили фаровон ва таъмини ғановати бозори истеъмолӣ намунаи хуби истифодаи замин аст.
Подробнее: Боздид аз гармхонаи Моғиён-Агро ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дар шаҳри Панҷакент
- Подробности
- Категория: НОВОСТИ О ПРЕЗИДЕНТЕ
- Просмотров: 14
11 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Сӯҷинаи шаҳри Панҷакент корхонаи истеҳсоли шифери Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Салмон-Бинокорро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо фаъолияти он шинос шуданд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки иншоот ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Баҳодур Насриддинзода сохта шуда, дар он 30 сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ гардидааст.
Подробнее: Ифтитоҳи корхонаи шифер дар деҳоти Сӯҷинаи шаҳри Панҷакент
- Подробности
- Категория: НОВОСТИ О ПРЕЗИДЕНТЕ
- Просмотров: 18
11 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакент Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 115-ро ифтитоҳ намуданд.
Иншооти соҳаи маориф бо ҷонибдорӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири ташаккули зеҳну тафаккури хонандагон ва рушди соҳаи маориф бунёд шудааст.
Подробнее: Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №115 дар шаҳри Панҷакент
- Подробности
- Категория: НОВОСТИ О ПРЕЗИДЕНТЕ
- Просмотров: 16
11 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ ба фаъолияти Маҷмааи фарҳангию фароғатии Боғистон оғоз бахшиданд.
Иншооти фарҳангӣ ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд шуда, баъд аз ба фаъолият пардохтани он, дар маҷмуъ 32 сокини бешуғл бо кор таъмин хоҳанд шуд.
Подробнее: Ифтитоҳи Маҷмааи фарҳангию фароғатии Боғистон дар деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ
- Подробности
- Категория: НОВОСТИ О ПРЕЗИДЕНТЕ
- Просмотров: 16
11 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Айнӣ ба таври маҷозӣ, ба корҳои сохтмонии корхонаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи Паҳндара Майнинг оғоз бахшиданд.
Нахуст, ба Президенти кишвар лоиҳаи бунёди корхонаи Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи Паҳндара Майнингро муаррифӣ карданд.
Иттилоъ дода шуд, ки корхонаи мазкур давоми чор сол ба корҳои омӯзишию геологӣ дар зуҳуроти сурмаи Паҳндараи ноҳияи Айнӣ машғул буда, дар ин муддат дар майдони зиёда аз 600 гектар ин корҳоро ба роҳ мондааст. Корҳои пармагарӣ бошад ба андозаи аз 20 ҳазор метр ва дигар чораҳои омӯзишию геологӣ дар ин давом иҷро гардидааст.
Подробнее: Маросими маҷозии оғози корҳои сохтмонӣ дар корхонаи ҶСК Паҳндара Майнинг дар ноҳияи Айнӣ
- Подробности
- Категория: НОВОСТИ О ПРЕЗИДЕНТЕ
- Просмотров: 17
11 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ Беморхонаи минтақавиро ифтитоҳ намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки беморхонаи минтақавӣ бо ҳадафи амалисозии сиёсати иҷтимоии Роҳбари давлат барои беҳсозии сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ бо тарҳи муосир сохта шудааст ва имкон дорад, ки ба 25 ҳазор аҳолии деҳоти Лоиқ Шералӣ, 4 деҳоти гирду атроф, сокинони ноҳияҳои Айнӣ ва Куҳистони Мастчоҳ низ хизмат расонад.
Подробнее: Ифтитоҳи беморхонаи минтақавӣ дар деҳоти Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент
- Подробности
- Категория: НОВОСТИ О ПРЕЗИДЕНТЕ
- Просмотров: 13
11 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба вилояти Суғд ба шаҳри Панҷакент ташриф оварданд.
Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент бинои нави Муассисаи таҳсилоти томактабии Нилуфарро мавриди истифода қарор доданд.
Подробнее: Оғози сафари корӣ ба шаҳри Панҷакент ва ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти томактабии Нилуфар
- Подробности
- Категория: НОВОСТИ О ПРЕЗИДЕНТЕ
- Просмотров: 17
11 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Айнӣ ба таври фосилавӣ барои сохтмони як қатор иншооти таъйиноташон гуногун, ки дар доираи истиқбол аз ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ рӯи даст гирифта шудааст, оғоз бахшида, 3 корхонаи саноатиро мавриди истифода қарор доданд.
Ҳамчунин, дар ин маросим Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти 2 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 6 кӯдакистон, ки дар деҳаҳои Зосун, Хайробод, Ваҳдатобод, Каздон, Анзоб ва Фондарё ҷойгиранд, оғозӣ расмӣ бахшиданд.
- Подробности
- Категория: НОВОСТИ О ПРЕЗИДЕНТЕ
- Просмотров: 13
11 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ хатти оби нӯшокиро, ки барои 500 оила пешбинӣ шудааст, мавриди истифода қарор доданд.
Барои захираи оби тоза ва таъмини доимии мардум дар ҳамаи фаслҳои сол ҳавзи нигоҳдорӣ бо ғунҷоиши 100 метри мукааб бунёд шудааст, ки барои сокинони деҳаи Сангистон туҳфаи арзанда дониста мешавад.
Хатти оби ошомиданӣ тариқи чоҳи амудӣ аз умқи 35 метр ба воситаи обкашҳои махсуси барқӣ бароварда шуда, ба минтақаҳои аҳолинишин, ки дуртар аз саргаҳи он қарор доранд, дастрас карда шуд.
Подробнее: Ба истифода додани хатти оби нӯшокӣ дар деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ