Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 
  1. Сармутахассиси Шуъбаи таъини қисми андухтии нафақаи суғуртавӣ ММБИ – и шаҳри Кӯлоб – 1 ҷой, маоши мансаби - 2321, 26 сомонӣ.
  2. Мутахассиси пешбари Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1779,20 сомонӣ.
  3. Мутахассиси шуъбаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафвқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувон – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1459,50 сомонӣ.

 

Талаботҳои тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби сармутахассис:

-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ (иқтисодчӣ), ки иҷрои самаранокии вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ (ба донандагони забонҳои хориҷӣ бартарият дода мешавад);

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки уҳдадории мансабии сармутахассиси раёсатро ба танзим медарорад;

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми тадбиқи манфиатҳои давлатӣ;-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияи иттилоотӣ.

 

Талаботҳои тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:

-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ (иқтисодчӣ), ки иҷрои самаранокии вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

 -донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ (ба донандагони забонҳои хориҷӣ бартарият дода мешавад);

 -донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки уҳдадории мансабии мутахассиси пешбаро ба танзим медарорад;

 -малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми тадбиқи манфиатҳои давлатӣ;

 - малакаи кор бо компютер ва дигар технологияи иттилоотӣ

 

Талаботҳои тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мутахассис:

-таҳсилоти олӣ, олии нопурра ё миёнаи касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ;

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ (ба донандагони забонҳои хориҷӣ бартарият дода мешавад);

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми тадбиқи манфиатҳои давлатӣ;

-малакаи хуби муошират;

-малакаи кор бо компютер ва технологияҳои дигари иттилоотӣ;

 

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

- ариза ба номи сардори Раёсат (шакли муқаррар шуда);

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (2 дона акси андозааш 4х6);

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар барои таҳсилот;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

- маълумот оиди вазъи саломатӣ (шакли 0,38УЕ);

- нусхаи гувоҳномаи РМА (рақами мушахаси андозсупоранда);

- эъломия дар бораи даромадҳо ва вазъи молумулкии худ;

- нусхаи шиноснома;

- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро

  намудаанд);

- маълумот дар бораи надоштани доғи судӣ;

- маълумотнома

- маълумотнома аз ҷои истиқомат ва оиладорӣ

- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

 

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

Шаҳри Кўлоб хиёбони Абдураҳмонов 12

Телефон барои тамос:- (83322) 2 34 16;

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ вобаста ба талаботи тахассуси ба хадамоти кадрии Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафакаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтакаи Кўлоб  муроҷиат намоед.

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.

    Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.