Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 

Дастгоҳи марказии Кумита:

  1. Сардори Раёсати назорати байторӣ ва зотпарварӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 4409,90 сомонӣ.
  2. Сардори шуъбаи назорати тухмии Раёсати назорати фитосанитарӣ, карантинӣ ва тухмӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2967,80 сомонӣ.
  3. Сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2967,80 сомонӣ.
  4. Мутахассиси пешбари шуъбаи назорати тухмии Раёсати назорати фитосанитарӣ, карантинӣ ва тухмӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1798 сомонӣ.
  5. Мутахассиси пешбари шуъбаи муҳосибот ва молия- 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1798,00 сомонӣ.
  6. Мутахассиси шуъбаи назорати байтории Раёсати назорати байторӣ ва зотпарварӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1484,80 сомонӣ.
  7. Мутахассиси шуъбаи назорати зотпарварии Раёсати назорати байторӣ ва зотпарварӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1484,80 сомонӣ.
  8. Мутахассиси шуъбаи фитосанитарӣ ва карантинии Раёсати назорати фитосанитарӣ, карантинӣ ва тухмӣ - 2 ҷой, маоши мансабӣ – 1484,80 сомонӣ.
  9. Мутахассиси шуъбаи назорати тухмии Раёсати назорати фитосанитарӣ, карантинӣ ва тухмӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1484,80 сомонӣ.
  10. Мутахассиси шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва кадр - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1484,80 сомонӣ.
  11. Мутахассиси шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1484,80 сомонӣ.

 

Раёсати Кумита дар сарҳади давлатӣ ва нақлиёт:

  1. Сармутахассис - ҳуқуқшинос - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2099,60 сомонӣ.
  2. Мутахассис оид ба назорати фитосанитарӣ, карантинӣ ва тухмии шуъбаи Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1345,60 сомонӣ.
  3. Мутахассиси пешбар-сармуҳосиби шуъбаи Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1798,00

 

Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ:

  1. Мутахассиси пешбари бахши назорати фитосанитарӣ, карантинӣ ва тухмӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1716,80 сомонӣ.
  2. Мутахассиси бахши назорати фитосанитарӣ, карантинӣ ва тухмӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1484,80 сомонӣ.

 

Раёсати Кумита дар ВМКБ:

17.Сармутахассис-ҳуқуқшинос - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1715,45 сомонӣ.

18.Мутахассиси бахши назорати фитосанитарӣ, карантинӣ ва тухмӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1415,20 сомонӣ.

 

Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон:

  1. Сармутахассиси шуъбаи назорати фитосанитарӣ, карантинӣ ва тухмӣ- 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2099,60 сомонӣ.
  2. Мутахассиси пешбари шуъбаи назорати байторӣ ва зотпарварӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1716,80 сомонӣ.
  1. Мутахассиси шуъбаи назорати байторӣ ва зотпарварӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1415,20 сомонӣ.

 

Раёсати Кумита дар вилояти Суғд:

  1. Сармутахассиси бахши назорати назорати байторӣ ва зотпарварӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2099,60 сомонӣ.
  2. Мутахассиси пешбари бахши назорати фитосанитарӣ, карантинӣ ва тухмӣ- 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1716,80 сомонӣ.

 

Талаботи тахассуси

Барои ишғоли мансаби сардори раёсат:

-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-3 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи сеюм ё 7 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 8 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби сардори раёсатро ба танзим медароранд.

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ;

-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-донишҳои касбӣ, қобилияти малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, ташкилотчигӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби сардори шуъба:

-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-5 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 6 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби сардори шуъбаро ба танзим медароранд.

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ;

-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-донишҳои касбӣ, қобилияти малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, ташкилотчигӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;

 

Талаботи тахассуси

Барои ишғоли мансаби сармутахассис:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самаранокии вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ё 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ;

-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ,  забонҳои хориҷӣ;

-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби сармутахассисро ба танзим медароранд;

-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;

 

Талаботи тахассуси

                          Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:

-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самаранокии вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби мутахассиси пешбаро ба танзим медароранд;

-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;

 

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

- ариза ба номи роҳбари мақомоти давлатӣ;

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона расми андозаи 4х6);

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);

- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038 УЕ;

- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

- эъломия оид ба вазъи молумулкӣ ва маълумот дар бораи супоридани эъломия оид ба андоз аз даромад;

- нусхаи шиноснома;

- маълумотнома оид ба надоштани таъқиби ҷиноятӣ (доғи судӣ, суд шудан, рад ё қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ);

- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

 

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

Шаҳри Душанбе, кўчаи Теҳрон - 21

Телефон барои тамос: 2-23-16-51

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ вобаста ба талаботи тахассуси ба хадамоти кадрии Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоед.

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.

Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқараргардида пардохт карда мешавад.