User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive

Як гурӯҳ хизматчиёни давлатӣ, кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, намояндагони соҳаҳои маориф, фарҳанг ва ҷавонон Осорхонаи ҷумҳуриявии ба номи Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуровро тамошо намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон иттилоъ доданд.

User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive

Санаи 7 декабри соли 2023 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд имтиҳони қабул ба зинаи магистратураи «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон»-и Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру навоҳии вилоят доир гардид.

User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиҳонҳои хатм барои магистрантони хизматчиёни давлатӣ оғоз гардид.

User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive

Санаи 6 декабр соли 2023 дар толори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи дуюми гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба такмили механизми қоидаҳои эъломиякунонии даромадҳо ва вазъи молумулкии хизматчиёни давлатӣ баргузор гардид.

User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive

Масъалаи тарбияи кадрҳои болаёқату соҳибистеъдод аз ҳисоби ҷавонон аз оғози соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳамчун яке масъалаҳои калидии давлатсозӣ буда, пайваста дар меҳвари сиёсати  созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  қарор дорад.

User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive

Бахшида ба 24-солагии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» конференсияи илмӣ-адабӣ таҳти унвони «Фармони тақдирсоз ва саҳми Пешвои миллат дар баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ва маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» баргузор гардид.

User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive

Санаи 4-уми декабри соли 2023, дар ҷаласаи назоратии назди раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод ғолиби ҷойи якуми озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» аз шаҳри Норак мудири шубаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Норак Солиҳова Нигора бо сипоснома ва мукофоти пулӣ қадршиносӣ карда шуд.

User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive

Санаи 2 декабри соли 2023 бахшида ба 24-солагии фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» конференсияи илмӣ-адабӣ таҳти унвони «Фармони тақдирсоз ва саҳми Пешвои миллат дар баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ва маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» баргузор гардид.