User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Аз 21 то 23 майи соли 2025 дар ноҳияи Шаҳритус курси сайёри таљрибаомўзї барои раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳияҳои Ишкошим, Роштқалъа, Кӯҳистони Мастчоҳ, Мастчоҳ, Шаҳритус, Вахш, Рӯдакӣ ва Шаҳринав доир гардид. Дар доираи курси мазкур  ба иштирокчиён дар мавзуи «Роҳҳои таъмини амнияти озуқаворӣ дар мамлакат» (бо ҳаҷми 24 соат) таълими иловагӣ дода шуд.

Мақсади баргузории ин курс аз баланд бардоштани савияи дониш ва малакаҳои амалӣ оид ба таъмини амнияти озуқаворӣ, мубодилаи таҷриба байни кормандони сатҳи худидоракунии маҳаллӣ ва муҳокимаи роҳҳои татбиқи сиёсати давлатии соҳаи озуқаворӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иборат мебошад.

Дар раванди курс иштирокчиён дар машғулиятҳои назариявӣ ва амалӣ ширкат варзида, масъалаҳои марбут ба таъмини амнияти озуқаворӣ, идоракунии захираҳои маҳаллӣ, нақши сохторҳои давлатӣ ва хусусиро дар рушди истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ намуданд.

Дар ҷамъбасти курс иштирокчиён соҳиби «Гувоҳнома» гардида, пешниҳодҳо ва тавсияҳои мушаххас оид ба беҳтарсозии раванди таъмини амнияти озуқаворӣ ироа карда шуданд.

Курси мазкур барои мукаммал намудани донишу малакаҳои роҳбарони маҳаллӣ муфид ва зарурӣ арзёбӣ шуда, минбаъд баргузории чунин курсҳо дар дигар минтақаҳои кишвар низ гузаронида мешавад.