User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

 

Санаи 4 сентябри соли 2025 дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии халқии Чин семинари омӯзишӣ барои ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ бо иштироки намояндагони мақомотҳои давлатӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Аз ҷониби Агентии

хизмати давлатӣ сардори шуъбаи Агентӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Нодиршоев Салим ва сармутахассиси шуъбаи Агентӣ дар вилояти Суғд Ҷаҳонзода Рухшонахон иштирок намуданд. Семинари омӯзишӣ аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии халқии Чин ва Донишгоҳи байналмилалии бонк ва иқтисодиёт ташкил карда шудааст. Бояд қайд кард, омӯзиши иқтисодиёт ва таҷрибаи рушди кишварҳои пешрафта ғояҳо ва механизмҳои навро барои рушди иқтисоди миллӣ фароҳам меорад. Семинари мазкур барои такмили ихтисос, донишу малакаи хизматчиёни давлатӣ, таҳрезии сиёсати давлатии иқтисодӣ, махсусан дар самти таҳияи стратегияҳо, санадҳои ҳамкорӣ, дурнамосозӣ, ҷалб ва ҳамоҳангсозии кӯмакҳои техникӣ ва сармоягузорӣ, густариши муносибатҳои тиҷоратӣ ва ҳифзи манфиатҳои иқтисоди миллӣ мусоидат менамояд.