Сани 25 июни соли 2025 дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 28-солагии Рўзи Ваҳдати миллӣ ва Рўзи байналмилалии хизмати давлатӣ таҳти унвони «Рушди хизмати давлатӣ ва нақши он дар таҳкими ваҳдати миллӣ» чорабинии тантанавӣ бо иштироки меҳмонон, кормандони Агентӣ ва магистрантон-хизматчиёни давлатии «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» баргузор карда шуд.
Директори Агентӣ Идрисзода И.М. меҳмон, иштирокчиёни чорабинӣ ва тамоми хизматчиёни давлатиро, ки Ваҳдати миллӣ барои ҳар кадоми мо чун василаи ҳамбастагии мардуми шарифи кишвари азизамон дар баробари истиқлоли давлатӣ арзиши муқаддасу бебаҳо мебошад ва Рўзи хизмати давлатӣ, ки қишри пешоҳанги кишварро атрофи сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид намуда, мақсади он хизмат ба халқу Ватан аст, табрику муборакбод намуд.
Дар чорабинӣ аз ҷониби меҳмонон ва иштирокчиён қайд гардид, ки падидаи ваҳдати миллӣ на танҳо яке аз бузургтарин дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, балки таҷассумгари иродаи устувори миллати тоҷик дар роҳи таъмини субот, сулҳ ва якпорчагии мамлакат маҳсуб мешавад. Таърихи муосири Тоҷикистон нишон медиҳад, ки расидан ба ваҳдати миллӣ роҳи осон набуд, балки натиҷаи муборизаи сарбаландона, заҳматҳои пайваста ва тадбирҳои дурандешонаи роҳбари хирадманд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд.
Ваҳдати миллӣ барои Тоҷикистон баъди ҷанги шаҳрвандӣ на танҳо рукни асосии эҳёи давлат ва пойдории ҷомеа, балки як арзиши волои маънавӣ ва сиёсӣ гардид.
Баимзорасии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон 27 июни соли 1997 ба марҳилаи нави давлатсозии муосири тољикон заминаи воқеӣ гузошт.
Ин санаи муътабару таърихӣ бо тамоми хусусиятҳои муттаҳидкунандааш сарчашмаи ҷовидонаи давлатдории навину миллии тоҷикон буда, бунёдгузори он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки ба муноқишаҳои таҳмилӣ хотима бахшида, сулҳу амниятро устувор ва кишварро ба марҳилаи нави рушд раҳнамун сохт.
Имрўз ба шарофати сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат мо дар ҳама самтҳои фаолияти давлатдории миллӣ пешрафту таррақиёти беназир дорем, ки худ дастоварди амиқи Ваҳдати миллӣ мебошад.
Ваҳдати миллии тоҷикон, ки дар таҷрибаи ҷаҳонӣ ба ҳайси падидаи нодир шинохта шуд, боз як далели дигарест, ки дар саҳифаҳои таърих аз тамаддунсозӣ, фарҳангпарварӣ, сулҳоварӣ ва созандагии тоҷикон шаҳодат медиҳад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рўзҳои аввали фаъолият ба такмили низоми идоракунии давлатӣ ва ташаккули хизмати давлатӣ ҳамчун ба яке масъалаҳои калидии давлатдорӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, дар тўли ин солҳо силсилаи тадбирҳои судманд ҳадафмандона амалӣ гардиданд.
Дар сиёсати созандаи Сарвари давлат такмили низоми идоракунии давлатӣ яке аз вазифаҳои афзалиятнок ба ҳисоб рафта, дар ин давраи кўтоҳи таърихӣ бо андешидани тадбирҳои пай дар пай Тоҷикистон якчанд марҳилаи ислоҳоти идоракунии давлатиро тай намуда, дар эъмори давлатдории муосир ва ташаккули хизмати давлатии касбӣ қадамҳои устувор гузошт.
Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 ноябри соли 1994 сарчашмаи ташаккул ва таҳкими идоракунии давлатии муосир ва хизмати давлатии касбӣ дониста мешавад.
Моддаи 27 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандон барои дохил шудан ба хидмати давлатӣ ҳуқуқи баробарро кафолат медиҳад.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» нахустин маротиба аз 13 ноябри соли 1998 ва дар таҳрири нав аз 5 марти соли 2007 қабул гардида, ба ташаккул ва рушди хизмати давлатӣ заминаи воқеӣ гузошт.
Дар асоси онҳо зиёда аз 200 санади меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи соҳа, аз ҷумла, оид ба танзими мансабҳои давлатӣ, талаботҳои тахассусӣ, дастурамалҳои мансабӣ, музди меҳнат, одоби хизматчии давлатӣ, ташкил ва баргузории озмунҳо, баҳодиҳии фаъолияти хизматчии давлатӣ, аттестатсияи онҳо, кор бо захираи кадрҳо, ҷойивазкунии кадрҳои роҳбарикунанда ва амсоли инҳо қабул гардида, масъалаҳои тарбия, интихоб, ҷобаҷогузории кадрҳои хизмати давлатӣ ва дар маҷмуъ идоракунии захираҳои инсонӣ пурра муқаррар гардиданд.
Соли 2001 Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, минбаъд 13 ноябри соли 2013 бо мақсади баланд бардоштани мақом ва нақши он дар идоракунии хизмати давлатӣ ба Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуд.
Самаранокии фаъолияти касбӣ дар идоракунии давлатӣ ва хизматрасонӣ ба аҳолӣ пеш аз ҳама аз интихобу ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо вобаста ба малакаю лаёқати касбии онҳо вобаста мебошад.
Ҷиҳати таҳким бахшидани иқтидори кадрии мақомоти давлатӣ тавассути истифодаи роҳу усулҳои интихобу ҷобаҷогузории дурусти ҳайат, муайян намудани самаранокии саҳми хизматчии давлатӣ дар татбиқи вазифаҳои мақоми давлатӣ аз тариқи иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ, баланд бардоштани масъулияти хизматчии давлатӣ, таъмини болоравии мансабии хизматчии давлатӣ силсилаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар робита ба роҳандозии василаҳои кадрӣ таҳия, тасдиқ ва амалӣ карда шуданд.
Имрӯз қонунгузории хизмати давлатии Тоҷикистон бо давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон шабеҳ ва дар баъзе ҳолатҳо ҳатто бартарӣ дорад.
Таъсиси хизмати давлатии касбӣ ва афзоиши ҷолибияти он фароҳамсозии заминаи мусоид барои рушди минбаъдаи ниҳоди хизмати давлатӣ, баланд бардоштани самаранокии хизмати давлатӣ, омода намудани мутахассисони касбии соҳаи идоракунии давлатӣ дастовардҳои асосии ислоҳоти хизмати давлатии Тоҷикистон дар даврони Истиқлолият мебошад.
Дар маҷмуъ пояҳои мустаҳками хизмати давлатии касбии Тоҷикистон бунёд гардиданд. Хулоса кардан мумкин аст, ки ниҳоди хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлоли ташаккул ёфта, айни замон дар марҳилаи пешрафт қарор дорад.
Вале рушди ҷомеа, падидаҳои мураккаби ҷаҳони муосир дар назди хизмати давлатӣ ва хизматчии давлатӣ вазифаҳои нав ва пурмасъулиятро гузоштааст, ки аз иҷрои онҳо рушди устувори ҷомеа, баландшавии сатҳ ва сифати зиндагии мардум вобаста аст.
Дар яке аз суханрониҳои худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки хизматчиёни давлатӣ бояд ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки савганди ёдкардаи Президенти мамлакат нафақат ба Роҳбари давлат, балки ба ҳар кадоми онҳо низ дахл дорад.
Хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин рисолати худро дарк намуда, таҳти сиёсати дурбинонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ватан ва халқи Тоҷикистон барои пешрафту шукуфоии кишвари азизамон содиқона хизмат намуда истодаанд.
Њамзамон дар фарљоми суханрониҳо қайд карда шуд, ки бигузор иттиҳоди тоҷикон ҳамеша поянда бошад ва ин ҷашни муборак чун нишони фазилати халқи соҳибтамаддуни тоҷик ба ҳар кадом хизматчии давлатӣ дар роҳи хидмат ба Ватан ва миллат ва таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистони азиз пайваста нерўю илҳоми тоза бахшад.
Дар ҷамъбасти чорабинӣ тибқи талаботи моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», фармоишҳои Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 июни соли 2025, №250 ва Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июни соли 2025, №42 Назарзода С.Л. ва Шарифзода Н.Ҷ., ки қаблан ба мансабҳои дахлдори хизмати давлатӣ таъин карда шудаанд, бо ҳисси масъулияти баланди ватандўстӣ савганд ёд намуданд.