User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Бо мақсади таъмини иҷрои банди 103 протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 январи соли 2024, №1 санаи 17 апрели соли 2024 дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзиши идоравӣ вобаста ба «Шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои кормандони Агентии хизмати давлатӣ баргузор карда шуд.

Аминов Бурҳониддин Сидиқович-мутахассиси пешбари раёсати танзими анъана ва ҷашну маросими Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси лектор даъват карда шуда, мавсуф вобаста ба шарҳи Қонуни мазкур ва роҳҳои татбиқи он маълумот пешниҳод намуд.

Аз ҷумла қайд гардид, ки ташкили маъракаҳое, ки дар гузашта хеле роиҷ буданд, ба мисоли фотиҳаи тӯй, маслиҳатошӣ, идонабарӣ, сарупобинон, чойгаштак, қудоталбону ноншиканон ва дигарҳо танҳо ба истиснои тақдими туҳфаҳо барои домоду арӯс ва падару модари онҳо манъ аст. Маросими домодталбон ва арӯсбинон ба таври ихтиёрӣ дар доираи оила ва бо иштироки то 15 нафар доир мешавад. Падару модарони арӯсу домод ва шахсони онҳоро ивазкунанда бо маслиҳати тарафайн метавонанд ба ҷои додани оши тӯй маблағи онро барои беҳтар намудани шароити хонадорон сарф намоянд. Имрӯз зарурат пеш омадаст, ки аз урфу одатҳо, расму ойинҳои серхарҷ ва кӯҳнашудаи гузашта, аз ҷумла дар самти оиладорӣ даст кашем, оилаи обутобёфтаи солим, намунавӣ, орӣ аз ҳама гуна хулқу атвори нописанд, ҳамқадами замони муосир барпо ва фарзандони солиму солеҳ тарбия намоем. Чунки зиндагии инсон ҳосили як тасодуф нест, балки оинае аст, ки корҳои шахсро инъикос менамояд.

Бо амалӣ гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» мардум тадриҷан аз анъанаҳои зараровар даст кашида, сарфаву сариштакориро омӯхтанд. Онҳо баъд аз гузаронидани маъракаҳои камхарҷ ва беҳтар гардидани вазъи молиявии рӯзгорашон ба хубӣ дарк намуданд, ки солҳои дароз аз ноогоҳӣ ба исрофкориҳои зиёд роҳ додаанд.

Дар интиҳо саволу ҷавоб доир гардида, талаботу меъёрҳои дигари ин Қонун, таҳлил карда шуда, ташкили он ба беҳдошти сатҳи зиндагии мардуми мамлакат муҳим арзёби гардид.

 

Шуъбаи ташкилию иттилоотии

 Агентии хизмати давлатӣ