User Rating: 1 / 5

Star ActiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои занони роҳбар ва дар захираи кадрҳобудаи мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ аз рўйи барномаи «Малакаи сарварӣ» курси такмили ихтисос оғоз гардид.

Дар ифтитоҳи курс ноиби якум, ноиби ректор оид таълими Академия Рашидов Ҷамшед, муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Ҳилолбӣ, муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Умеда, директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатии Академия Ҳамидов Шоҳрух ва шунавандагони курс иштирок намуданд.

Зимни ифтитоҳи курси такмили ихтисос иштирокчиён вобаста ба мақом ва манзалат ва таваҷҷуҳи рӯзафзуни Ҳукумату давлати кишвар ба занон суханронӣ намуда, иброз намуданд, ки Истиқлоли давлатӣ барои рушди бемайлони тамоми сохторҳои ҳаёти ҷамъиятӣ заминаи мусоид фароҳам овард, аз он ҷумла, давоми ин солҳо ҷиҳати донишомӯзию касбандузӣ ва баланд бардоштани мавқеи бонувон дар ҷомеа чораҳои зарурӣ роҳандозӣ гардиданд. Ҳамин аст, ки занон дар рушди тамоми соҳаҳо саҳми назаррас доранд. Имрӯз зан табиб, зан соҳибкор, зан муҳандису иқтисодчӣ, ҳуқуқшиносу тарроҳ ва дар вазифаҳои роҳбарикунанда соҳибмақом аст. Бо дастгирии ҳамаҷонибаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон занону бонувон дар ҷомеа мақоми хосса пайдо карда, дар тамоми соҳаҳо кору фаъолияти назаррас доранд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳнати занону бонувонро қадр намуда, андешаву афкор, қобилияту истеъдод ва садоқату ҷасорати онҳоро дарк карда, дастгирӣ менамоянд.

Курси такмили ихтисос барои занони роҳбар ва дар захираи кадрҳобудаи мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ аз рўйи барномаи «Малакаи сарварӣ» аз 11 то 16 марти соли 2024 идома намуда, дар фарҷом ба шунавандагон гувоҳномаҳои њайати Академияи идоракунии давлатӣ дода мешаванд.

 

Академияи идоракунии давлатии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон