User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Яке аз самтҳои фаъолияти Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ намудани таҳсили хизматчиёни давлатӣ дар дохил ва хориҷи кишвар буда, дар ин самт тадбирҳои судманд андешида мешаванд.

Аз ҷумла, дар доираи ҳамкориҳои Агентии хизмати давлатӣ бо Маркази ҳамкориҳои байналмилалии Япония (JICE) бо мақсади рушди захираҳои инсонӣ ва омода намудани кадрҳои баландихтисос ҷиҳати ба донишгоҳҳои Япония (курсҳои магистрӣ ва докторӣ) ба таҳсил фиристодани хизматчиёни давлатӣ аз соли 2009 инҷониб амалӣ карда мешавад.

Дар заминаи ҳамкориҳои мазкур дар давоми солҳои 2009-2023 121 (зан-23) нафар намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳсил ба магистратура ва докторантураи донишгоҳҳои Япония фиристода шуда, 90 (зан-15) нафар магистратураи донишгоҳҳои Японияро хатм намуда, 34 (зан-3) нафар ё 37,7 фоиз аз мансаби то таҳсил ишѓолнамуда аз 1 то 6 категория боло фаъолият доранд.

Айни замон таҳсили 31 нафар (30 нафар дар магистратура ва 1 нафар дар докторантура) идома дорад.

Бо мақсади танзими ҳуқуқии давраҳои таҳсил бо қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёддоштҳои табодулӣ ва Созишномаи грантӣ бо чониби Япония маъқул дониста шуда, ба имзо расонида мешавад.

Дар асоси ҳамин санадҳо ҳамасола ҳамчунин Қарордоди байни Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази ҳамкориҳои байналмилалии Япония (JICE) оид ба хизматрасонӣ ҷиҳати идоракунии Лоиҳаи пешниҳоди стипендияҳо барои омодасозии кадрҳо (Лоиҳаи JDS) ба имзо расонида мешавад.

Бо мақсади идомаи ҳамкориҳо дар самти омода намудани кадрҳо аз ҳисоби хизматчиёни давлатӣ ва кормандони ташкилотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида даври чоруми ҳамкориҳо барои солҳои 2020-2023 ҷамъбаст карда шуда, даври навбатии ҳамкориҳо барои солҳои 2024-2027 оѓоз гардид.

Дар робита ба ин тибқи дархости Маркази ҳамкориҳои байналмилалии Япония (JICE) аз 18 январи соли 2024 ва дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 январи соли 2024, №3204(29-4.2) вохӯрии гурӯҳи кории ҷониби Япония вобаста муайян намудани эҳтиёҷот, таклифҳо ва пешниҳодҳои ҷониби Тоҷикистон оид ба ташкили фаъолияти минбаъдаи Лоиҳаи JDS дар вазорату идораҳои дахлдор пешбинӣ шудааст.

Ҷиҳати иҷрои дастури мазкур санаи 7 феврали соли равон дар толори Агентии хизмати давлатӣ вохӯрии гурӯҳи кории ҷониби Япония бо намояндагони Агентии хизмати давлатӣ баргузор гардида, дар кори он  Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон –  муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аҳмадзода Дилноза – муовини сардори Саридораи ҳифзи сири давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳошимото Вакако – ёрдамчии директори идоравии Маркази JICE, Ямашта Татсуя – Роҳбари Лоиҳаи JDS дар Маркази JICE, Томиника Юка - роҳбари минтақавии Дафтари Лоиҳаи JDS дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Вохӯрии мазкур барои тақвияти ҳамкориҳои минбаъдаи Агентии хизмати давлатӣ бо Маркази ҳамкориҳои байналмилалии Япония (JICE) ва муайян намудани эҳтиёҷот, таклифҳо ва пешниҳодҳои ҷониби Тоҷикистон оид ба ташкили фаъолияти минбаъдаи Лоиҳаи JDS мусоидат хоҳад кард

Ҳамкориҳои Агентии хизмати давлатӣ бо ҷониби Япония сол аз сол тавсеа ёфта, барои рушд ва истифодаи самарабахши захираҳои инсони дар Тоҷикистон тадбирҳои мушаххас андешида мешавад.

 

 Агентии хизмати давлатии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон