User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сардорон (мудирон), сармутахассисон, мутахассисони пешбар, мутахассисони шуъба (бахш)-и кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз рўйи барномаи «Малакаи роҳбарӣ» курси ғайринақшавии такмили ихтисос оғоз гардид.

Дар ифтитоҳи курс ноиби ректор оид ба идеология, тарбия ва робита бо ҷомеаи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Зулфия Кабир, муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулмаинзода Зарина Қадамшо, муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Дилноза Давроналӣ, директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатии Академия Исматуллозода Фаридун Исматулло ва шунавандагони курс иштирок намуданд.

Зимни ифтитоҳи курси такмили ихтисос иштирокчиён вобаста ба мақом ва манзалат ва таваҷҷуҳи рӯзафзуни Ҳукумату давлати кишвар ба занон суханронӣ намуда, иброз намуданд, ки Истиқлоли давлатӣ барои рушди бемайлони тамоми сохторҳои ҳаёти ҷамъиятӣ заминаи мусоид фароҳам овард, аз он ҷумла, давоми ин солҳо ҷиҳати донишомӯзию касбандузӣ ва баланд бардоштани мавқеи бонувон дар ҷомеа чораҳои зарурӣ роҳандозӣ гардиданд. Ҳамин аст, ки занон дар рушди тамоми соҳаҳо саҳми назаррас доранд. Имрӯз зан табиб, зан соҳибкор, зан муҳандису иқтисодчӣ, ҳуқуқшиносу тарроҳ ва дар вазифаҳои роҳбарикунанда соҳибмақом аст. Бо дастгирии ҳамаҷонибаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон занону бонувон дар ҷомеа мақоми хосса пайдо карда, дар тамоми соҳаҳо кору фаъолияти назаррас доранд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳнати занону бонувонро қадр намуда, андешаву афкор, қобилияту истеъдод ва садоқату ҷасорати онҳоро дарк карда, дастгирӣ менамоянд.

Дар назар аст, ки дар доираи курси такмили ихтисос барои шунавандагон дар мавзуъҳои нақши Пешвои миллат дар баланд бардоштани мавқеи занон дар хизмати давлатӣ, шарҳи Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», таҳдидҳои иттилоотӣ дар ҷаҳони муосир ва таъсири он ба фазои иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъалаҳои сарварӣ: моҳият, мазмун ва хусусиятҳои он ва дигар мавзуъҳои муҳимму мубрам машғулиятҳо гузаронида шавад.

 

 

Академияи идоракунии давлатии назди

 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон