User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Санаи 21 ноябри соли равон дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Нақша-ҷадвали баргузории курсҳои азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзӣ барои хизматчиёни давлатӣ дар соли 2022, курси навбатии такмили ихтисос барои хизматчиёни давлатӣ, сармутахассисон, мутахассисони пешбари сарраёсатҳо (раёсатҳо, шуъбаҳо, бахшҳо)-и меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз рӯи барномаи «Заминаҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ ва сиёсати зиддикоррупсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид.

Дар қисмати ифтитоҳи курси мазкур Дилноза Аҳмадзода- муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдухалил Ғафурзода-ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ғанизода Ибодат-директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ ва Назриён Васлибек- сарнозири раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштирок ва суханронӣ намуданд.

Давраи омӯзишӣ дар асоси барномаи мукаммали таълимӣ аз 21 ноябр то 26 ноябр баргузор шуда, мавзӯъҳои «Асосҳои ҳуқуқию сохтории сиёсати зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Асосҳои ҳуқуқии низоми идоракунии давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Заминаҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Мутобиқшавии иҷтимоию психологии хизматчии давлатӣ», «Нақши Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», «Омилҳои пешгирии коррупсия дар фаъолияти хизматчии давлатӣ: масъалаҳои ҳуқуқӣ ва хизматӣ», «Салоҳиятнокии касбии хизматчиёни давлатӣ ва нақши он дар пешгирии коррупсия», «Барномаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия қисми таркибии сиёсати зиддикоррупсионии мамлакат», «Нақши хизматчии давлатӣ дар пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ» ва ба ин монанд мавзӯъҳои мубрамро дар бар мегирад.

Бо мақсади табодули донишу таҷриба дар ҷамъбасти давраи омӯзишии такмили ихтисос бо иштироки коршиносон ва мутахассисони соҳа дар мавзӯи «Заминаҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ ва сиёсати зиддикоррупсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузории мизи мудаввар ба нақша гирифта шуда, шунавандагони  курс соҳиби гувоҳнома мегарданд.

 

                                                                                                                                                                 Агентии хизмати давлатии назди       

                                                                                                                                                                 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон