User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Ҳамкасбони муҳтарам! 

Боиси сарфарозист, ки мову шумо 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллиро бо як ҷаҳон ифтихор аз фарҳанги таҳаммулпазирию сулҳофарӣ ва хиради азалии миллати шарафманди тоҷик ҷашн мегирем. Бо таъбири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ воқеан ду боли як иқбол ва ду рукни асосии фарҳанги давлатдориву давлатсозии мо мебошанд, ки ҳамдигарро нерӯ ва тақвият мебахшанд.

Дар таърихи ҳар халқу миллат санаҳое мавҷуд ҳастанд, ки бо хатти заррин сабт гардида, дастоварду пешравиҳои давлату миллат ба он рабт доранд.

Бешубҳа, барои халқи тоҷик дар даврони соҳибистиқлолии кишвар Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз ҷумлаи чунин санаҳои таърихӣ ва тақдирсоз буда,  моҳияти ваҳдати миллиро арзёбӣ намудан қарзи шаҳрвандии ҳар кадоми мо дониста мешавад.  

Имзо гардидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар санаи 27- уми июни соли 1997 дар шаҳри Москави Федератсияи Русия бо иштироки Муншии умумии Созмони Милали Муттаҳид ва намояндагони кишварҳои дигар ҳамчун падидаи фарҳанги сулҳофарии тоҷикон муаррифӣ гардид.

Барои ноил шудан ба созиши миллӣ мулоқоту машваратҳои чандинкаратаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбари гурӯҳҳои мухолифин дар Афғонистони шимолӣ - декабри соли 1996, дар Москва-декабри соли 1996, дар Машҳад - феврали соли 1997, ду бор дар Кобул ва Теҳрон, музокироти бисёркаратаи байни тоҷикон ва машваратҳои онҳо 4 маротиба дар шаҳри Маскав, 8 маротиба дар Эрон,  3 маротиба дар Ашхобод, 2 маротиба дар Афғонистон, як маротибагӣ дар Покистон ва Қазоқистон пойдевори асосӣ гардид.

Дар ҳақиқат, Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба хотири ҳифзи якпорчагии марзу буми кишвар, таъмини сулҳу субот, сарҷамъии миллат ва зиндагии ороми сокинони мамлакат ба имзо расида, мардуми парешонгаштаи моро сарҷамъ ва ваҳдати саросарии халқи Тоҷикистонро таъмин намуда, барои рушди минбаъдаи иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии давлати соҳибистиқлоламон заминаи боэътимод фароҳам овард.

Дар бораи аҳамияти Рӯзи ваҳдати миллӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармудаанд: «Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозандаи миллати тоҷик имкон фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфташуда дар кишварамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шуд ва барои беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии Ватан ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё гардид».

Маҳз хиради азалӣ ва фарҳанги сулҳофари миллати шарафманди тоҷик буд, ки баъди ҳазор сол мо имкон пайдо намудем, ки ба ҷомеаи башарӣ бо асолату ҳувияти миллии худ ворид гардем ва дар он мақоми шоиставу сазовори худро соҳиб шуда, манфиатҳои миллиамонро ҳифз намоем. Мо бояд ин имконияти таърихиро бисёр масъулона ва басо оқилона истифода намуда, истиқлолияти Ватан, ягонагӣ ва ваҳдати миллиро ҳамаҷониба таҳким бахшем. Ин исботи воқеие мебошад,  ки мо ворисони арзандаи гузаштагони некноми хеш мебошем.

Дар ин росто, ҳар як сокини кишвар, алалхусус хизматчиёни давлатӣ бояд дар хотир дошта бошанд, ки ваҳдати миллӣ ба осонӣ ба даст оварда нашудааст.

Дар натиҷаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ беш аз 150 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳалокат расида,  мақомоту сохторҳои давлатӣ фалаҷ гардида, зиёда аз 1 миллион аҳолии кишвар гуреза шуда буд.

Ба шарофати кӯшишу талошҳои шабонарӯзии Пешвои миллат ва халқи тоҷик дар кишвар сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ пойдор гардида, ҳадафҳои стратегии кишвар муайян карда шуда, мавқеи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ  устувор гардид.

Сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ ҳамеша меваи дилхоҳро ба бор меорад. Ваҳдати миллӣ барои татбиқи нақшаҳои бузурги бунёдкорию созандагӣ дар сарзамини мо заминаи заруриро муҳайё сохт.

Дар баробари таҳким бахшидани аркони давлатдорӣ, рушди соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои ташаккули хизмати давлатии муосир ва тайёр кардани кадрҳои миллии ба талаботи замони муосир тадбирҳои мушаххас андешида шуданд, ки таъсиси Агентии хизмати давлатӣ ва Академияи идоракунии давлатӣ, қабули силсилаи барномаҳои давлатӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои омода намудани мутахассисон ва рушду нумуи хизмати давлатӣ аз зумраи онҳост.

Ба ҳолати 1 апрели соли 2022 теъдоди хизматчиёни давлатӣ 18559 нафар ва аз ин шумора 4442 нафар (23,9 фоиз)-ро занон ва 8952 нафар (48,2 фоиз)-ро ҷавонони то 35 - сола ташкил медиҳанд.

 Кадрҳои роҳбарикунанда  5787 нафар буда, аз ин ҳайат 1086 нафар (18,7  фоиз) занон ва 1506 нафар (26,0 фоиз) ҷавонони то 35-сола мебошанд.

Аз ҷумла, дар мақомоти  марказӣ ва сохторҳои тобеи онҳо 2874 нафар ё 24,0 фоиз занон ва 6146 нафар ё  51,4 фоиз ҷавонони то 35-сола, дар  мақомоти иҷроияи маҳаллии  ҳокимияти давлатӣ 1006  нафар ё 28,2 фоиз  занон ва 1598 нафар ё 44,8 фоиз ҷавонони то 35-сола ва дар  мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот 562  нафар ё 18,3 фоиз занон ва 1208 нафар ё 39,4 фоиз ҷавонони то 35-сола фаъолият доранд.

Теъдоди ҷавонони то 35 - сола дар соли 2010 7179 нафар (40,5 фоиз), дар соли 2011 7695 нафар (40,6 фоиз), дар соли 2012 7620 нафар (41,2 фоиз), дар соли 2013 7588 нафар (41,4 фоиз), дар соли 2014 7885 нафар (42,4 фоиз), дар соли 2015 8205 нафар (43,4 фоиз), дар соли 2016 8525 нафар (44,8 фоиз), дар соли 2017 8962 нафар (46,2 фоиз), дар соли 2018 8725 нафар (45,6 фоиз), дар соли 2019 8437 нафар (45,5 фоиз), дар соли 2020 9095 нафар (47,3 фоиз),  дар соли 2021 9128 нафар (48,8 фоиз)  ва ба 1 апрели соли 2022 8952 нафар (48,2 фоиз)-ро ташкил медиҳад.

Дар мулоқот бо ҷавонони кишвар 21 майи соли равон Пешвои миллат иброз доштанд: «Шумо, ҷавонони азиз, бояд ҳамеша дар ҷустуҷӯи илму донишҳои муосир бошед, касбу ҳунарҳои замонавиро аз худ кунед, ба Ватан, миллат ва давлати соҳибистиқлоли хеш содиқ бошед, сарзамини аҷдодиро самимона дӯст доред, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ  ва ваҳдати миллиро ҳимоя кунед, нангу номус ва ҳисси баланди миллии худро ҳифз намоед, эҳтироми падару модар ва пирону калонсолонро ба ҷо оваред». 

Мо итминони комил дорем, ки ҷавонони бонангу номуси диёр дар ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва соири арзишҳои миллӣ, пешгирӣ аз ҳамагуна зуҳуроти номатлуб ҳамеша ташаббускор хоҳанд буд ва бо донишҳои ғании муосир барои рушди соҳаи мухталиф аз ин бештар сайъ хоҳанд кард.

Дар партави сулҳу субот ва ваҳдату якпорчагии миллӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол рӯҳияи созандагиву бунёдкорӣ ҳукмфармост. Имрӯзҳо сокинони кишвар ба хотири истиқболи арзандаи ҷашни муқаддасу бузурги миллиамон-35-солагии истиқлоли давлатӣ бо азму иродаи қавӣ дар роҳи ободии сарзамини худ дар пайравӣ аз Пешвои миллат қадамҳои устувор мегузоранд.

Истиқлоли давлатӣ барои мардуми тоҷик аз ҷумлаи чунин рӯйдодҳои бузургтарини таърихӣ мебошад, ки дар тақдири халқи куҳанбунёди мо гардиши куллӣ ба вуҷуд овард.

Имконияти таърихии давлатдории миллӣ дар назди ҳар кадом фарди соҳибдилу соҳибватан, хусусан мо-хизматчиёни давлатӣ масъулияти боз ҳам бештарро мегузорад, то ин ки бо истифода аз ҳамаи имкониятҳо, бо заҳмати шабонарӯзӣ ва саъю талоши сарҷамъонаву ватандӯстонаи худ барои таъмини зиндагии шоистаи мардуми кишвар ҳиссагузор бошем. Ин амал исботи воқеии он хоҳад гардид, ки мо ворисони арзандаи гузаштагони некноми хеш ҳастем.

Сарвари давлат дар яке аз суханрониҳои худ таъкид карда буданд: «Вазифаи ҷониву имонии ҳар як шаҳрванди равшандилу солимфикр ва бонангу номуси Тоҷикистон аст, ки сулҳу субот ва ваҳдати миллии бо қимати ниҳоят гарон бадастомадаро чун гавҳараки чашм эҳтиёт кунем.

Инчунин вазифаи муқаддаси мост, ки сулҳу субот ва ваҳдати миллиамонро ҳамеша таблиғу ташвиқ намоем, ба насли ҷавон фаҳмонем, ки он дар кадом шароит, бо чи мушкилот ва бо чи гуна қурбониҳо ба даст омадааст».

Аз ин рӯ, мо - хизматчиёни давлатӣ, пеш аз ҳама вазифадорем, ки ба хотири таҳкими ваҳдати миллӣ, истиқлолияти давлатӣ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори ватандорӣ кӯшишу талоши пайваста дошта бошем.

Дар баробари ин, ҷашни муқаддасу бузурги миллиамон – 35-солагии истиқлолияти давлатиро бо дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ истиқбол бигирем.

Итминони комил дорам, ки хизматчиёни давлатӣ дар роҳи ҳифзи сулҳу субот ва якпорчагии кишвар ҳамеша таблиғгару пешкору пешоҳанг хоҳанд буд.

Ҳамкасбони азиз!

Ваҳдати миллӣ, ки  дар таҷрибаи ҷаҳонӣ ба ҳайси падидаи нодир шинохта шуд,  боз як далели дигарест, ки дар саҳифаҳои таърих аз тамаддунсозӣ, фарҳангпарварӣ, сулҳоварӣ ва созандагии тоҷикон ҳикоят мекунад.

Дар остонаи ин ҷашни фархунда бо як ҷаҳон сарфарозию ифтихор аз хиради азалӣ ва суннати таҳаммулпазирию сулҳофаринии миллати фарзонаи тоҷик ба ҳамаи Шумо-  хизматчиёни давлатии шаҳрвандӣ хонаободию сарбаландӣ, тансиҳатию саодатмандӣ ва хушбахтию хушрӯзиро таманно дорем.

Бигузор иттиҳоди тоҷикон ҳамеша поянда бошад ва ин ҷашни муборак  чун нишони фазилати халқи соҳибтамаддуни тоҷик  ба ҳар кадом хизматчии давлатӣ дар роҳи хидмат ба Ватан ва миллат ва таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистони азиз пайваста нерую илҳоми тоза бахшад.      

Иттиҳоди тоҷикон дар атрофи Пешвои маҳбуби миллат ҳамеша поянда бошад!