User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Дар пояи дастуру ҳидоятҳои Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи таљлили иду санаҳо дастгирии табақаҳои иҷтимоии ниёзманди аҳолӣ ба ҳукми анъана даромадааст.

         Дар ин замина, ҷиҳати таъмини иҷрои барқияи ҳукуматӣ аз 1 апрели соли 2022,№34/10-16 оид ба таври муташаккилона ҷамъоварӣ намудани садақаи Фитр ва харҷ намудани он барои эҳтиёҷоти ятимону бепарасторон, маъюбону барҷомондагон, оилаҳои камбизоату дигар табақаҳои иҷтимоии ниёзманди ҷомеа тадбирҳо андешида шуда, аз ҳисоби садақаи Фитри кормандони дастгоҳи марказии Агентии хизмати давлатӣ ба  5 нафар оилаҳои эҳтиёҷманд кумаки яквақтаинаи молиявӣ расонида шуд.

         Инчунин, аз ҷониби кормандони сохторҳои маҳаллии Агентии хизмати давлатӣ, аз ҷумла дар ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд низ ба оилаҳои камбизоат кумаки молиявии яквақта дастрас карда шуд.

 

                                                                                       Агентии хизмати давлатии назди

                                                                          Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон