User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Санаи 15 апрели соли равон дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Нақша-ҷадвали курсҳои азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ барои соли 2022 курси навбатии такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо аз рўйи барномаи

«Татбиқи технологияҳои кадрӣ дар хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷамъбаст гардид.

Курси мазкур 11 апрели соли 2022 ифтитоҳ гардида, ба он 75 нафар сармутахассисон ва мутахассисони пешбари шуъбаю бахшҳои ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳҳои раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷалб карда шуданд.

Мувофиқи барномаи таълимӣ шунавандагони курси мазкур дар рафти машғулиятҳо вобаста ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи хизмати давлатӣ, заминаҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ, тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ тартиби баҳодиҳӣ ва аттестатсияи хизматчиёни давлатии маъмурӣ, қоидаҳои пешбурди парвандаи шахсии хизматчиёни давлатӣ ва тартиби пур намудани дафтарчаҳои меҳнатӣ, коргузорӣ дар мақомоти давлатӣ, усулҳои муқовимат ба коррупсия, терроризм ва экстремизм ва дигар масъалаҳои мубрам маълумот гирифтанд.

Дар маросими анҷоми курси болозикр муовини директори Агентии хизмати давлатӣ Аҳмадзода Д.Д., ноиби ректор оид ба идеология, тарбия ва робита бо ҷомеаи Академияи идоракунии давлатӣ Аҳмадзода З.К. ва директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ Ғанизода И. Ғ. иштирок ва суханронӣ намуданд. 

Аз ҷумла, муовини директори Агентии хизмати давлатӣ Аҳмадзода Д.Д. зимни баромад таъкид доштанд, ки нақши хадамоти кадрӣ дар татбиқи санадњои меъёрии ҳуқуқии соҳаи хизмати давлатӣ ва идоракунии ҳайат назаррас буда, бояд мунтазам донишу маҳорат ва малакаи кормандони низоми кадрии мақомоти давлатӣ такмил дода шавад.

Аз ҷониби Агентии хизмати давлатӣ ба шунавандагони курси мазкур  китоби рӯйимизии хизматчии давлатӣ-«Санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи хизмати давлатӣ» (ҷамъ 75 китоб) тақдим гардид.

 

 

                                                                                         Агентии хизмати давлатии назди                                                                                                                                        Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон