Яке аз самтҳои фаъолияти Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ намудани  таҳсили хизматчиёни давлатӣ дар дохил ва хориҷи кишвар буда, дар ин самт мунтазам тадбирҳои судманд андешида мешаванд.

       Аз ҷумла, дар доираи ҳамкориҳои Агентии хизмати давлатӣ бо Маркази ҳамкориҳои байналмилалии Япония (JICE) бо мақсади  омода намудани кадрҳои баландихтисос ҷиҳати ба донишгоҳҳои Япония (курсҳои магистрӣ ва докторӣ) ба таҳсил фиристодани хизматчиёни давлатӣ  аз соли 2009 инҷониб Лоиҳаи пешниҳоди стипендияҳо барои омодасозии кадрҳо (Лоиҳаи JDS) дар Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Ҷиҳати татбиқи самарабахши ҳамкориҳои мазкур дар асоси дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати намояндагони ҷониби Тоҷикистон ва Япония Комиссияи идоракунии Лоиҳаи JDS таъсис дода шудааст.

Фаъолияти Комиссияи зикргардида барои ҷалбу интихоби довталабон ба магистратура ва докторантураи донишгоҳҳои Япония нигаронида шуда, хизматчиёни давлатӣ ба Донишгоҳи Осиё ва Уқёнуси Ороми Ритсумейкан, Донишгоҳи байналмилалии Япония, Донишгоҳи Хиросима (аз соли 2009),  Донишгоҳи  Ритсумейкан ва Донишгоҳи Акита (аз соли 2020) ба таҳсил фиристода  мешаванд.

Санаи 14 апрели соли равон дар Агентии хизмати давлатӣ ҷаласаҳои навбатии Комиссияи идоракунии Лоиҳаи пешниҳоди стипендияҳо барои омодасозии кадрҳо баргузор гардида, дар кори он Аики Тосихиро -сафири фавқулодда ва мухтори Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Такасака Мунео-роҳбари намояндагии Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (JICA), Миякава Такаши-роҳбари минтақавии Дафтари Лоиҳаи JDS дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири Бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Олимшо Меҳрӣ, сардори раёсати кадрҳои Вазорати корҳои хориҷӣ Ибодзода Анвар ва директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатов Ҷ.М. иштирок намуданд.

Дар рафти ҷаласа бо 14 нафар хизматчиёни давлати  ва кормандони ташкилотҳои давлатӣ номзадҳои барои таҳсил ба магистратураи донишгоҳҳои Япония ҳуҷҷат пешниҳоднамуда мусоҳиба баргузор гардид.

Дар назар аст, ки бо 12 нафар номзадҳои дигари ба магистратура пешниҳодшуда санаи 18 апрели соли 2022 мусоҳиба баргузор карда мешавад.

Мувофиқи ёддоштҳои табодулӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Япония оид ба «Лоиҳаи пешниҳоди бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди захираҳои инсонӣ», Созишномаи грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ вобаста ба лоиҳаи «Лоиҳаи пешниҳоди бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди захираҳои инсонӣ» ва Қарордоди байни Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази ҳамкориҳои байналмилалии Япония оид ба хизматрасонӣ ҷиҳати идоракунии «Лоиҳаи пешниҳоди бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди захираҳои инсонӣ»  соли 2022 16 нафар хизматчиёни давлатӣ, аз он 15 нафар ба магистратура ва 1 нафар ба докторантураи донишгоҳҳои Япония интихоб ва барои таҳсил ба Япония фиристода мешаванд.

                

                                                                                                   Агентии хизмати давлатии назди

                                                                                                   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон