- Сармутахассис-сармуҳосиби Дастгоҳи раиси ноҳияи Рушон – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2220 сомонӣ.
- Сармутахассисон-муҳандис заминсози мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлавтии ноҳия – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2220 сомонӣ.
- Сармутахассиси шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлавтии ноҳия – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2220 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбар-Нозири мизи ҳарбии бақайдгирии Ҷамоати деҳоти М.Абдулвосиев – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1831 сомонӣ.
- Мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи раиси ноҳия – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1512 сомонӣ.
- Мутахассиси Ҷамоати Рушон – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1512 сомонӣ.
Талаботи тахассусӣ
Барои ишғоли мансаби сармутахассис:
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ;
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ(барои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ);
- 1 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 2 сол собиқаи умумии меҳнатӣ(барои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот);
-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ;
-одобу ахлоқи шоиста,ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ваозодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;
- малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;.
- малакаи кор бо компютер ва дигар технологияи иттилоотӣ.
Талаботи тахассусӣ
Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ;
-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ;
-одобу ахлоқи шоиста,ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;
- малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;.
- малакаи кор бо компютер ва дигар технологияи иттилоотӣ.
Талаботи тахассусӣ
Барои ишғоли мансаби мутахассис:
- таҳсилоти олӣ, оилии нопурра ё миёнаи касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ;
-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ;
-одобу ахлоқи шоиста,ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ваозодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;
- малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;.
- малакаи кор бо компютер ва дигар технологияи иттилоотӣ.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- ариза ба номи роҳбари мақомот;
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона расми андозаи 4х6);
- тарҷумаи ҳол;
- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);
- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038 УЕ;
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
- эъломия оид ба вазъи молумулкӣ ва маълумот дар бораи супоридани эъломия оид ба андоз аз даромад;
- нусхаи шиноснома;
- маълумотнома оид ба надоштани таъқиби ҷиноятӣ (доғи судӣ, суд шудан, рад ё қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ);
- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:
Ноҳияи Рушон, бинои МИМҲД
Телефонҳо барои тамос: 21-4-04, 21-5-27,
Барои гирифтани маълумоти иловагӣ вобаста ба талаботи тахассуси ба хадамоти кадрии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рўшон муроҷиат намоед.
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.
Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.