User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

 

  1. Мутахассиси пешбари шуъбаи кадрҳо ва ҳуқуқ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1286,50 сомонӣ.
  2. Мутахассиси шуъбаи кадрҳо ва ҳуқуқ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1062,40 сомонӣ.
  3. Мутахассиси шуъбаи коргузорӣ - 1ҷой, маоши мансабӣ – 1062,40 сомонӣ.
  4. Мутахассиси пешбари шуъбаи молия ва иқтисод - 1ҷой, маоши мансабӣ – 1286,50 сомонӣ.

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси саноатчӣ ва иқтисодчӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ ва забони давлатӣ;

- мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- малакаи кор бо компютер.

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мутахассис:

таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ихтисоси ба мансабӣ ишғолшаванда муаофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ ва забони давлатӣ;

- мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- малакаи кор бо компютер.

 

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

-ариза ба унвони роҳбари мақоми давлатӣ;

-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона расми андозаи 4х6);

-тарҷумаи ҳол;

-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);

-маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038 УБ;

-маълумотнома аз ВКД (оид ба доғи судӣ)

-нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

- эъломия дар бораи даромадҳо ва вазъи молумулкии худ;

-нусхаи шиноснома;

-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

 

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

   Шаҳри Душанбе, кўчаи Шамсӣ 5/1, E-mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.,

Телефонҳо барои тамос: (+ 992 372) 236-53-70. 931-56-65-44.

 Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.

Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқараргардида пардохт карда мешавад.