User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 
Прокуратураи вилояти Хатлон

  1. Мутахассиси пешбари шуъбаи кадрҳо ва коргузории прокуратураи вилояти Хатлон - 1 ҷой, маоши мансабӣ 1701,16 сомонӣ.
  2. Мутахассиси пешбари шуъбаи муқовимат бо терроризм, экстремизм ва назорати иҷрои қонунҳо дар самти амнияти миллии прокуратураи вилояти Хатлон - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1701,16 сомонӣ.

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- донистани таърих, фарҳанг, муқадасоти миллӣ, забони давлатӣ, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ:

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии ва санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои ўҳдадориҳои мансабии мансаби мазкурро ба танзим медарорад;

- на камтар аз 1 маротиба дар 3 сол баланд бардоштани тахассуси касбӣ

- таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ;

- кор карда тавонистан бо барномаҳои компютерӣ;

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мутахассис:

Барои иштирок дар озмун  
ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

- ариза ба унвони роҳбари мақоми давлатӣ бо шакли дар замимаи 1

  пешбинигардида;

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи

  меҳнатӣ надорад);

- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038 УЕ;

- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

- маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

- нусхаи шиноснома;

- маълумотнома аз ҷои истиқомат;

- нусхаи билети ҳарбӣ (ба истиснои занон).

- маълумотномаи МИ РВКД дар в.Хатлон оиди доғи судӣ

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

  Шаҳри Бохтар, кўчаи Н.Ҳувайдуллоев 8, прокуратураи вилоят,

Телефон барои тамос: 83222-2-55-00.

Шуъбаи кадрҳо ва коргузории прокуратураи вилояти Хатлон

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.

Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқараргардида пардохт карда мешавад.