User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

 Ба таваҷҷуҳи воситаҳои ахбори омма мерасонем, ки мутобиқи дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 декабри соли 2016, №36/10-116 нишасти матбуотии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба натиҷаҳои фаъолияти Агентии хизмати давлатӣ дар соли 2016 санаи 6 феврали соли 2017, соати 900 дар толори Маркази матбуотӣ бо нишонии шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ-40, ошёнаи 2 баргузор мегардад.

Дар нишасти матбуотӣ роҳбарияти Агентии хизмати давлатӣ, кормандони он ва намояндаи Донишкадаи идоракунии давлатӣ иштирок менамоянд.
Бақайдгирии намояндагони воситаҳои ахбори омма 6 феврали соли равон аз соати 830 оғоз мешавад.
   

Хоҳишмандон метавонанд қаблан тариқи телефонҳои 224-40-67,    224-53-22 ва почтаи электронии This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it. аз қайд гузаранд, инчунин тавассути почтаи электронии зикргардида саволҳои худро ба Агентии хизмати давлатӣ пешниҳод намоянд.

 

Агентии хизмати давлатии назди
 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон