User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Санаи 16 марти соли 2024 дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истиқболи сазовори Иди байналмилалии Наврӯз таҳти шиори «Наврӯз ҳамчун рамзи покизагиву ободӣ» бо иштироки роҳбарият ва кормандони Агентии хизмати давлатӣ ҳашари дастаҷамона ташкил карда шуд.

Зимни баргузории ин чорабинӣ атрофи бинои Агентии хизмати давлатӣ, роҳраву долонҳо тоза карда шуда, зиёда аз 400 дона гулҳои ороишӣ шинонида шуд.

Ҳамчунин бехи ниҳолҳо нарм карда шуда, майдончаи баргузории чорабинии Наврӯз-2024 дар Агентии хизмати давлатӣ сохта шуда, бо рамзҳои Наврӯзӣ оро дода шуд.

Дар пештоқи бинои Агентии хизмати давлатӣ ва дохили он шиорҳои Наврӯзӣ насб карда шуд.

Дар интиҳои маъракаи поккорӣ роҳбарияти Агентии хизмати давлатӣ, таъкид сохтаанд, ки ин икдом бояд мунтазам идома дода шуда, атрофи бинои Агентии хизмати давлатӣ ҳамеша тозаю озода бошад.

                                                         Шуъбаи ташкилию иттилоотии

                                                          Агентии хизмати давлатӣ