User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Санаи 20 декабри соли ҷорӣ ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Тибқи рӯзномаи тасдиқгардидаи ҷаласа ду масъалаи муҳими фаъолияти Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти хизматчиёни давлатие, ки магистратураи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо дастгирии Бунёди Ҳаннс Зайдели Олмон)-ро дар солҳои 2010-2022 хатм намудаанд ва ҳолати иҷрои бандҳои дахлдори Нақшаи амал доир ба амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳуриии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои марҳилаи якум, солҳои 2021-2025 (фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, №222 тасдиқ карда шудааст) дар Агентии хизмати давлатӣ аз натиҷаи соли 2022 ва нимсолаи якуми соли 2023 мавриди баррасӣ қарор дода шудаанд.

Дар ҷаласа директори Агентии хизмати давлатӣ Ҷумъа Давлатов, муовини директори Агентии хизмати давлатӣ Дилноза Аҳмадзода, намояндаи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Меҳрангез Ғоибзода, сардорони шуъбаҳо ва ҳамчун дигар кормандони Агентии хизмати давлатӣ иштирок намуданд.

Тибқи рӯзномаи тасдиқгардида аз рӯи масъалаи якум бо гузориши таҳлилӣ муовини директори Агентии хизмати давлатӣ Дилноза Аҳмадзода дар бораи фаъолияти хизматчиёни давлатие, ки магистратураи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо дастгирии Бунёди Ҳаннс Зайдели Олмон)-ро дар солҳои 2010-2022 хатм намудаанд баромад намуд.

Зимни гузориш муовини директори Агентии хизмат давлатӣ- Дилноза Аҳмадзода оид ба омўзиши таҷрибаи кишварҳои пешрафта дар самти татбиқи сиёсати давлатии кадрҳо ва такмили ҳамкории байналмилалӣ дар самти таҳсил, бозомўзӣ ва таҷрибаомўзии кадрҳо қайд намуда, ҳамкории Агентии хизмати давлатӣ ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо Бунёди Ҳаннс Зайдели Олмон дар доираи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии басташуда муҳим арзёбӣ намуд.

Ҳамзамон қайд намуд, ки дар натиҷаи ҳамкориҳои Агентии хизмати давлатӣ, Академияи идоракунии давлатӣ ва Бунёди Ҳаннс Зайдел давоми солҳои 2010-2022 магистратураи мазкурро 880 (зан-250) нафар хизматчиёни давлатӣ, аз ҷумла, аз мақомоти марказӣ 433 (зан-119) нафар, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ 392 (зан-113) нафар, кормандони мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот 55 (зан-18) нафар хатм намуданд.

Айни замон таҳсили 57 (зан-19) нафар, аз ҷумла 3 (зан-2) нафар мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ва 54 (зан-17) нафар аз мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (10 (зан-4) нафар аз ВМКБ, 10 (зан-3) нафар аз вилояти Суғд, 10 (зан-3) нафар аз минтақаи Бохтари вилояти Хатлон, 13 (зан-4) нафар аз минтақаи Кўлоби вилояти Хатлон ва 10 (зан-3) нафар аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ) дар магистратураи мазкур идома дорад.

Аз рӯи масъалаи дуюм гузориши сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқии Агентии хизмати давлатӣ Аъзамҷон Шарифзода оид ба ҳолати иҷрои бандҳои дахлдори Нақшаи амал доир ба амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои марҳилаи якум, солҳои 2021-2025 (фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, №222 тасдиқ карда шудааст) дар Агентии хизмати давлатӣ аз натиҷаи соли 2022 ва нимсолаи якуми соли 2023 шунида шуд.

Ҳангоми маъруза вобаста ба иҷрои бандҳои дахлдори Стратегияи болозикр ва бахусус дар самти интихоб ва ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо бо роҳи гузаронидани озмун, баҳодиҳии фаъолият, аттестатсия, ҷойивазкунии (ротатсия) хизматчиёни давлатӣ ҳамчун чораҳои муассири зиддикоррупсионӣ гузориши таҳлилӣ ироа намуд.

Аз натиҷаи масъалаҳои муҳокимагардида бо назардошти такмил қарорҳои ҳайати мушовара қабул карда шуда, барои таъмини иҷро пешниҳод карда шуданд.

 

Агентии хизмати давлатии назди

 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон