Рейтинг:  5 / 5

Звезда активнаЗвезда активнаЗвезда активнаЗвезда активнаЗвезда активна
 

Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 2023, №2011 «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст. Аз ҷумла, моддаи 81 бо чунин мазмун илова карда шудааст:

«Моддаи 81. Санҷиши ҳолати риояи қонунгузории соҳаи хизмати давлатӣ

Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ метавонад санҷиши фаъолияти мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба риояи қонунгузории соҳаи хизмати давлатӣ гузаронад. Қоидаҳои гузарондани санҷиш аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.».

Ҳамзамон баъзе калимаҳо иваз карда шуда, ба талаботи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 июни соли 2021, №268 мутобиқ гардонида шудаанд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» бо тағйиру иловаҳо аз 13 ноябри соли 2023, №2011 барои шиносоӣ ва истифодабарӣ ба хизматчиёни давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар сомонаи расмии Агентии хизмати давлатӣ дар гӯшаи «Китобхона», бахши «Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», саҳифаи «Қонунҳо» ҷойгир карда шудааст.

Агентии хизмати давлатии назди

                                                                  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон