ҲАМАИ ХАБАРҲО
29 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар маҳаллаи Пахтакори ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи давлатии омодасозии кадрҳои баландихтисоси низомиро мавриди истифода қарор доданд.
29 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба фаъолияти ҶДММ “АРК саноат” оғоз бахшиданд.
29 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт Корхонаи истеҳсоли “Сэндвичпанел”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
29 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар заминаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Точикистон, Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт”, Маркази байналмилалии дипломатияи минтақавии нақлиётӣ ва КВД “Пажуҳишгоҳи Лоиҳакашии иншооти нақлиётӣ”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
29 октябр дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои нави Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
29 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ташриф оварда, бинои нави таълимии факултети забон ва адабиёти русро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
26 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ корхонаи «Хишти аввал»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
26 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ ба фаъолияти марҳилаи дуюми корхонаи истеҳсоли пойафзоли ҶДММ-и «Сарҷамъ» оғози расмӣ бахшиданд.
ДУШАНБЕ, 28.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз дар инкишофи давлатдории навини Тоҷикистон марҳалаи нави таърихиро оғоз бахшида, сабаби дигаргуниҳои куллӣ дар ҳаёти сиёсии ҷомеаи мо гардид. Маҳз бо шарофати Конститутсия рукнҳои давлатдорӣ, низоми ҳуқуқии мамлакат, волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ пойдор гардида, давлати мо ба роҳи рушди устувор қадамҳои боэътимод гузошт.
Дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад.
Ба ифтихори 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 октябри соли 2024 ҳамоиши ҷавонони соҳаи хизмати давлатӣ таҳти унвони «Таҳкими қобилиятнокии ҷавонон дар хизмати давлатӣ» баргузор гардид.
Шаҳрванд ҳуқуқ дорад дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ бевосита ва ё ба воситаи вакилонаш иштирок намояд.
Имрӯз, 28 октябри соли 2024 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси такмили ихтисос барои сардорони сохторҳои кор бо ҷавонон ва варзиши вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз рӯйи барномаи «Сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид.
Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст.
ДУШАНБЕ, 27.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Таҷрибаи давлатдорӣ нишон медиҳад, ки бе қонунгузории мукаммал таъмини раванди пойдории давлат ғайриимкон аст. Хушбахтона, Ҷумҳурии Тоҷикистон расо 30 сол қабл ин санади олии ҳуқуқӣ- Конститутсияро қабул намуд, ки он ҳуқуқу озодиҳои ҳама гурӯҳҳои ҷомеаи мамлакатро фаро гирифта, аз беҳтарин конститутсияҳои дунё ба ҳисоб меравад.
Дар Тоҷикистон ҳар шахс вазифадор аст, ки Конститутсия ва қонунҳоро риоя кунад, ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд.
Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
User Rating: 0 / 5
Санаи 9 июли соли 2021 ҷаласаи ҳайати мушовараи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, дар он натиҷаҳои фаъолияти Агентии хизмати давлатӣ дар нимсолаи якуми соли 2021 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2021 ва Нақшаи кори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нимсолаи дуюми соли 2021 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ҷаласаро директори Агентии хизмати давлатӣ Давлатов Ҷ.М. ифтитоҳ бахшида, аз рӯйи масъалаҳои пешбини шуда муовини якуми директори Агентии хизмати давлатӣ Қосимзода Г.Ҷ., сардори шуъбаи ташкилӣ, таҳлил ва иттилооти Агентии хизмати давлатӣ Латипов Ф.А. гузориш доданд.
Қосимзода Г.Ҷ. оид ба баррасии муроҷиати шаҳрвандон, таҳлили ҳайати миќдорӣ ва сифатии хизматчиёни давлатӣ, рафти татбиқи дастурҳо, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои давлатӣ, рафти иҷрои қонунгузории хизмати давлатӣ дар мақомоти давлатӣ, баргузории аттестатсияи хизматчиёни давлатӣ, ротатсияи кадрҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузории машғулиятҳои идоравӣ, фарогирии хизматчиёни давлатӣ ба курсҳои такмили ихтисосу бозомӯзӣ, ҳамчунин ҳамкориҳои байналмилалии Агентии хизмати давлатӣва дигар самтҳои фаъолияти Агентии хизмати давлатӣ гузориши муфассал манзур намуд.
Қайд гардид, ки мувофиқи таҳлилиохирини маълумотхои оморӣ дар бораи ҳайати миқдорӣ ва сифатии хизматчиёни давлатӣ дар мақомоти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот теъдоди умумии бастҳои корӣ 21622 воҳидро ташкил дода, теъдоди хизматчиёни давлатии амалкунанда 19176 нафар (88,6 фоиз) ва шумораи ҷойҳои холӣ2446 адад (11,3 фоиз) мебошад. Аз ин шумора дар мақомоти марказӣ12180 нафар (занон 2908 нафар ё 23,8 фоиз), мақомоти маҳаллӣ 3817 нафар (занон 1021 нафар ё 26,7 фоиз) ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот 3179 нафар (занон 557 нафар ё 17,5 фоиз) фаъолият доранд.
Занон дар хизмати давлатии шаҳрвандї дар маљмӯъ 4486 нафар ё 23,4 фоизро ташкил дода, аз 5910 нафар ишғолкунандагони мансабҳои роҳбарикунанда 1148 нафар ё 19,4 фоиз занони роҳбар мебошанд. Теъдоди умумии занон нисбат ба ҳамин давраи соли 2020131 нафар ва теъдоди занони роҳбар 82 нафар афзоиш дода шудааст.
Дар нимсолаи якуми соли 2021 тибқи Низомнома дар бораи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣмасъулини Агентии хизмати давлатӣ дар 230 ҷаласаи комиссияҳои озмуни мақомоти давлатӣ иштирок намуданд.
Дар ин давра барои ишғоли 2546 (соли 2020-2209) мансаби холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон гардида, ба 2088 (соли 2020-1901) мансаби холӣ бо иштироки 4295 нафар, аз он зан-739 (соли 2020-3561, зан- 653) нафар довталаб озмун гузаронида шуда, 1736 нафар, аз он зан-416 (соли 2020-1191, зан-309) нафар довталабон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ тавсия дода шуданд.
Ба 458 (соли 2020-308) мансаби дигар ҳуҷҷат пешниҳод нашудааст. Ба ҳар як мансаб бо назардошти мансабҳои ҳуҷҷат насупорида 1,7 (соли 2020-1,6) нафарӣ довталаб рост меояд.
Дар нимсолаи якуми соли 2021 дар ҳамкорӣ бо Академияи идоракунии давлатӣ ва мақомоти давлатӣ 19 курси таълимӣ, аз љумла 3 курси азнавтайёркунӣ, 16 курси такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣдар Академияи мазкур, шаҳрҳои Хоруӯ, Хуҷанд, Гулистон ва Турсунзода доир карда шуда, ба онҳо 1151 (зан-312) (соли 2020-612 (зан-154) нафар хизматчиёни давлатӣ ба таълими иловагӣ фаро гирифта шуданд.
Дар идома сардорони воҳидҳои сохторӣ ва сохторҳои маҳаллӣ аз натиҷаи фаъолият дар нимсолаи якуми соли 2021 бо зикри паҳлуҳои мусбат бо камбудиҳои фаъолият ҳисобот пешниҳод намуданд.
Зимни баррасии масъалаҳо, инчунин мушовири Бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Олимшо М. суханронӣ намуд.
Бо қарорҳои ҷаласа барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва тақвияти фаъолияти Агентии хизмати давлатӣ, аз ҷумла дар самти беҳтар кардани сифати баргузории озмунҳо, аттестатсияҳо ва ҷалби занону духтарони лаёқатманд ба хизмати давлатӣ ба роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва дигар масъулиндастуру тавсияҳои мушаххас дода шуд.
Вобаста ба масъалаҳои муҳокимагардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуда, барои иҷро ба масъулин ирсол карда шуданд.
Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Таърих
Иқтисодиёт
Фарҳанг ва маориф
Сайёҳӣ
Парчам
Суруд
Асъори миллӣ
Боғи миллӣ
Ҳисор
Ҳулбук
Саразм
Вверх