User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Санаи    9    июли    соли   2021    ҷаласаи     ҳайати     мушовараи    Агентии     хизмати        давлатии     назди    Президенти    Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, дар он натиҷаҳои фаъолияти  Агентии хизмати давлатӣ дар нимсолаи якуми соли 2021 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2021 ва Нақшаи кори Агентии хизмати давлатии  назди  Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон  барои  нимсолаи  дуюми  соли  2021 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ҷаласаро директори Агентии хизмати давлатӣ Давлатов Ҷ.М. ифтитоҳ бахшида, аз рӯйи масъалаҳои пешбини шуда  муовини   якуми   директори   Агентии   хизмати  давлатӣ  Қосимзода Г.Ҷ., сардори шуъбаи ташкилӣ, таҳлил ва иттилооти Агентии хизмати давлатӣ Латипов Ф.А. гузориш доданд.

Қосимзода Г.Ҷ. оид ба баррасии муроҷиати шаҳрвандон, таҳлили ҳайати миќдорӣ ва сифатии хизматчиёни давлатӣ, рафти татбиқи дастурҳо, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои давлатӣ, рафти иҷрои қонунгузории хизмати давлатӣ дар мақомоти давлатӣ, баргузории аттестатсияи хизматчиёни давлатӣ, ротатсияи кадрҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузории машғулиятҳои идоравӣ, фарогирии хизматчиёни давлатӣ ба курсҳои такмили ихтисосу бозомӯзӣ, ҳамчунин  ҳамкориҳои байналмилалии Агентии хизмати давлатӣва дигар самтҳои фаъолияти Агентии хизмати давлатӣ гузориши муфассал манзур намуд.

Қайд гардид, ки мувофиқи таҳлилиохирини маълумотхои оморӣ дар бораи ҳайати миқдорӣ ва сифатии хизматчиёни давлатӣ дар мақомоти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот теъдоди умумии бастҳои корӣ 21622 воҳидро ташкил дода, теъдоди хизматчиёни давлатии амалкунанда 19176 нафар (88,6 фоиз) ва шумораи ҷойҳои холӣ2446 адад (11,3 фоиз) мебошад. Аз ин шумора дар мақомоти марказӣ12180 нафар (занон 2908 нафар ё 23,8 фоиз), мақомоти маҳаллӣ 3817 нафар (занон 1021 нафар ё 26,7 фоиз) ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот 3179 нафар (занон 557 нафар ё 17,5 фоиз) фаъолият доранд.

Занон дар хизмати давлатии шаҳрвандї дар маљмӯъ 4486 нафар ё 23,4 фоизро ташкил дода, аз 5910 нафар ишғолкунандагони мансабҳои роҳбарикунанда 1148 нафар ё 19,4 фоиз занони роҳбар мебошанд. Теъдоди умумии занон нисбат ба ҳамин давраи соли 2020131 нафар ва теъдоди занони роҳбар 82 нафар афзоиш дода шудааст.

Дар нимсолаи якуми соли 2021 тибқи Низомнома дар бораи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣмасъулини Агентии хизмати давлатӣ дар 230  ҷаласаи комиссияҳои озмуни мақомоти давлатӣ иштирок намуданд.

Дар ин давра барои ишғоли 2546 (соли 2020-2209) мансаби холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон гардида, ба 2088 (соли 2020-1901) мансаби холӣ бо иштироки 4295 нафар, аз он зан-739 (соли 2020-3561, зан- 653) нафар довталаб озмун гузаронида шуда, 1736 нафар, аз он зан-416 (соли 2020-1191, зан-309) нафар довталабон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ тавсия дода шуданд.

Ба 458 (соли 2020-308) мансаби дигар ҳуҷҷат пешниҳод нашудааст. Ба ҳар як мансаб бо назардошти мансабҳои ҳуҷҷат насупорида 1,7 (соли 2020-1,6) нафарӣ довталаб рост меояд.

Дар нимсолаи якуми соли 2021 дар ҳамкорӣ бо Академияи идоракунии давлатӣ ва мақомоти давлатӣ 19 курси таълимӣ, аз љумла 3 курси азнавтайёркунӣ, 16 курси такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣдар Академияи мазкур, шаҳрҳои Хоруӯ, Хуҷанд, Гулистон ва Турсунзода доир карда шуда, ба онҳо 1151 (зан-312) (соли 2020-612 (зан-154) нафар хизматчиёни давлатӣ ба таълими иловагӣ фаро гирифта шуданд.

Дар идома сардорони воҳидҳои  сохторӣ ва сохторҳои маҳаллӣ аз натиҷаи фаъолият дар нимсолаи якуми соли 2021 бо зикри паҳлуҳои мусбат бо камбудиҳои фаъолият ҳисобот пешниҳод намуданд.

Зимни баррасии масъалаҳо, инчунин мушовири Бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Олимшо М. суханронӣ намуд.

Бо қарорҳои ҷаласа барои ислоҳи камбудиҳои  ҷойдошта ва тақвияти фаъолияти Агентии хизмати давлатӣ, аз ҷумла дар самти беҳтар кардани сифати баргузории озмунҳо, аттестатсияҳо ва ҷалби занону духтарони лаёқатманд ба хизмати давлатӣ ба роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва дигар масъулиндастуру тавсияҳои мушаххас дода шуд.

Вобаста ба масъалаҳои муҳокимагардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуда, барои иҷро ба масъулин ирсол карда шуданд.

                                                             

                               Агентии хизмати давлатии назди
                              Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон