User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Бо мақсади таъмини иштироки фаъоли ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар, ҳамзамон ҷалби бештари ҷавонон ба идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ аз ҷониби Агентии хизмати давлатӣ дар ҳамкорӣ бо Академияи идоракунии давлатӣ ҳамасола барои ба такмили ихтисос фаро гирифтани хизматчиёни давлатии ҷавон тадбирҳои мушаххас амалӣ мешавад.

Аз ҷумла аз 7 то 12 июни соли ҷорӣ 75 нафар хизматчиёни давлатӣ - сармутахассисону мутахассисони раёсатҳо, шуъбаҳо ва бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ба курси такмили ихтисос аз рӯи барномаи «Сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷалб карда шуданд.

Дар ифтитоҳи курс муовини директори Агентии хизмати давлатӣ - Аюбӣ Бибиосия Оймаҳмадзода, ректори Академияи идоракунии давлатӣ- Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ,  муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ризо иштирок ва суханронӣ намуданд. Таъкид гардид, ки дар натиҷаи роҳандозӣ намудани иқдомҳои мушаххас сол аз сол сафи ҷавонон дар хизмати давлатӣ меафзояд. Агар дар соли 2011 шумораи ҷавонон дар хизмати давлатӣ 7695 нафар ё 40,6 фоизро ташкил медод, пас ба 1 апрели соли 2021 теъдоди ҷавонон дар хизмати давлатӣ ба 9134 нафар ё 47,4 фоиз расидааст. Дар ҳайати кадрҳои роҳбарикунандабошад 1632 нафар ё 27,2 фоиз ҷавонони то 35-сола фаъолият менамоянд.

Тибқи барномаи таълимӣ барои шунавандагон дар мавзӯъҳои мубрам, аз ҷумла заминаҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ, механизмҳои татбиқи Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон барои солҳои 2021-2030, нақши хизматчиёни давлатӣ дар пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ, пешгирии омилҳои коррупсионӣ дар хизмати давлатӣ ва ғайраҳо машғулиятҳо доир гардида, дар анҷоми курс бо иштироки роҳбарияти Агентии хизмати давлатӣ, Академияи идоракунии давлатӣ ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мизи мудаввар баргузор гардид.