User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

12 феврали соли равон зимни нишасти матбуотӣ Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бори дигар тасдиқ намуд, ки дарвоқеъ, аз 30 декабри соли 2020 инҷониб дар Тоҷикистон ягон ҳолати бемории COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст.

«Мо метавонем дар асоси ташхисҳои лабораторӣ ин суханро тасдиқ кунем. Дар давраи авҷи беморӣҳамарӯза беш аз 200 нафар аз ташхис мегузаштанд ва дар бештари он ташхисҳо нишонаҳои беморӣ мавҷуд буданд. Имрӯзҳо дар тамоми муроҷиатҳое, ки ба утоқҳои рентгенӣ ва ташхисӣ мешаванд, ягон ҳолати тасдиқи беморӣ мавҷуд нест»,- гуфт Ҷамолиддин Абдуллозода.

Аз оғози пандемия 13 ҳазору 308 бемори COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз онҳо 99,3% солим гардонида шуда, 90 нафар (ё 0,68%) фавтиданд.

Ба зикри мавсуф, бештари гирифторони COVID-19 дар вилояти Суғд ба қайд гирифта шуда, шумораи онҳо 4300 нафарро ташкил медиҳад. Ин шумора дар шаҳри Душанбе 4100, вилояти Хатлон-1998, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1196 ва шањру ноҳияҳои тобеи марказ 1500 нафарро дар бар мегирад.

Сарчашма:khovar.tj