User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Санаи 5 декабри соли равон ҷаласаи ҳайати мушовараи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, дар он ҳисобот оид ба натиҷаҳои фаъолияти Агентии хизмати давлатӣ дар соли 2020 ва вазифаҳо барои соли 2021 ва лоиҳаи Нақшаи кори Агентии хизмати давлатӣ барои нимсолаи якуми соли 2021 мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Ҷаласаро директори Агентии хизмати давлатӣ Давлатов Ҷ.М. ифтитоҳ бахшида, аз рӯи масъалаҳои пешбинишуда, муовинони директори Агентии хизмати давлатӣ Қосимзода Г.Ҷ. ва Аюбӣ Б.О. гузориш доданд.

Қайд гардид, ки мувофиқи таҳлили охирини маълумотҳои оморӣ дар бораи ҳайати миқдорӣ ва сифатии хизматчиёни давлатӣ ба ҳолати 1 октябри соли 2020 дар мақомоти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот теъдоди умумии бастҳои корӣ 21332 воҳидро ташкил дода, шумораи хизматчиёни давлатии амалкунанда 18678 нафар (87,5 фоиз) ва ҷойҳои холӣ 2656 адад (12,4 фоиз) мебошад. Аз ин теъдод дар мақомоти марказӣ 11636 нафар (занон 2817 нафар ё 24,2 фоиз), мақомоти маҳаллӣ 3731 нафар (занон 998 нафар ё 26,7 фоиз) ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот 3311 нафар (занон 550 нафар ё 16,6 фоиз) фаъолият доранд.

Занон дар хизмати давлатии шаҳрвандӣ дар маҷмӯъ 4365 нафар ё 23,4 фоизро ташкил дода, аз 5687 нафар ишғолкунандагони мансабҳои роҳбарикунанда 1088 нафар ё 19,1 фоиз занони роҳбар мебошанд.

Зикр гардид, ки дар соли 2020 намояндагони Агентии хизмати давлатӣ дар 413 (соли 2019-424) ҷаласаи комиссияҳои озмунӣ, дар 112 (соли 2019-137) ҷаласаи комиссияҳои аттестатсионии мақомоти давлатӣ иштирок намуданд.

Дар соли 2019 64 нафар кадрҳои роҳбарикунанда (дар мақомоти марказӣ-58 ва мақомоти маҳаллӣ-6 нафар) ба ротатсия фаро гирифта шуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ рафти иҷрои қонунгузории хизмати давлатӣ дар дастгоҳҳои марказии вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, фарҳанг, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, Хадамоти иҷро, раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар ВМКБ, раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ВМКБ, сарраёсати омори ВМКБ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Дарвоз, Роштқалъа, Мурғоб, Абдураҳмони Ҷомӣ, Вахш, Балҷувон, Ховалинг, Фархор, Варзоб, Шаҳринав, Рӯдакӣ, Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияҳои мазкур мавриди санҷиш қарор дода шуда, ҳамзамон ба мақомотҳои мазкур кумаки методӣ расонида шуд. Аз натиҷаи санҷишҳо санадҳои дахлдор барои ислоҳи камбудиҳо ба мақомоти давлатӣ ирсол гардиданд.

Дар соли 2020 Агентии хизмати давлатӣ дар ҳамкорӣ бо Академияи идоракунии давлатӣ, мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо 35 курси таълимӣ, аз ҷумла-1 курси азнавтайёркунӣ, 32 курси такмили ихтисос ва 2 курси таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатиро дар Академияи мазкур, шаҳрҳои Бохтар, Кӯлоб, Хуҷанд, Истаравшан, Бӯстон, Хоруғ, ноҳияҳои Мӯъминобод, Бобоҷон Ғафуров доир намуд, ки дар онҳо 1597 (зан-583) нафар хизматчиёни давлатӣ ба таълим фаро гирифта шуданд.

Аз ин теъдод 26 курс дар доираи Нақша-ҷадвали курсҳои азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ дар Академияи идоракунии даватӣ барои соли 2020 ва 9 курси иловагӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо ташкил карда шудааст.

Соли 2020 76 (зан-14) нафар хизматчиёни давлатӣ магистратураи Акадамеияи идоракунии давлатиро бо ихтисоси «Идоракунии давлатӣ» хатм намуданд.

Инчунин дар доираи ҳамкориҳои Академияи идоракунии давлатӣ, Агентии хизмати давлатӣ ва Бунёди мазкур барои хизматчиёни давлатӣ аз соли 2020 магистратураи дусола (таҳсил дар баробари фаъолияти корӣ) бо ихтисоси «Идоракунии давлатӣ» ташкил карда шуда, дар он 51 (зан-9) нафар хизматчиёни давлатӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Зимни баррасии масъалаҳо мушовири Бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масаълаҳои кадрҳо Олимшо М. ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафурзода А.Д. роҳбарони сохторҳои маҳаллии Агентии хизмати давлатӣ суханронӣ намуданд.

Дар ҷаласа фаъолияти воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои маҳаллии он ҳамаҷониба натиҷагирӣ шуда, директори Агентии хизмати давлатӣ барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин дастуру тавсияҳои мушаххас дод.

Вобаста ба масъалаҳои муҳокимагардида қарорҳои дахлдори ҳайати мушовара қабул карда шуданд.

                                   

                                     Агентии хизмати давлатии назди

                                    Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон