User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 
  1. Сардори раёсати корҳои махсус, сиёсати кадрҳо ва хоҷагидорӣ – 1 ҷой,

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-таҳсилоти олии касбии иқтисодӣ ё гуманитарӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансаби категорияи дуюм ё 6 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби мазкурро ба танзим медароранд;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

Маоши мансабӣ2616,40 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.

  1. Сармутахассиси раёсатикорҳои махсус, сиёсати кадрҳо ва хоҷагидорӣ-1 ҷой.

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-таҳсилоти олии касбии иқтисодӣ ё гуманитарӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкурро таъмин карда метавонад;

-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби мазкурро ба танзим медароранд;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

Маоши мансабӣ1140,00сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.

  1. Мутахассиси пешбари раёсатикорҳои махсус, сиёсати кадрҳо ва хоҷагидорӣ-1 ҷой.

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-таҳсилоти олии иқтисодӣ ё гуманитарӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби мазкурро ба танзим медароранд;

Маоши мансаб-930.00сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.

Барои иштирок дар озмун

аз довталабон ҳуҷҷатҳои зерин талаб карда мешавад:

-аризаи шахсӣ ба номи директори Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо 2 дона расми андозаи 4х6);

-тарҷумаи ҳол;

-нусхаи шиноснома;

-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

-маълумотнома дар бораи вазъи саломатӣ (шакли 038);

-нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

-маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулкӣ;

-маълумотнома (объективка);

-маълумотнома оид ба доштан ё надоштани доѓи судӣ;

-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

 

Ҳуҷҷатҳо аз ҷониби Раёсати корҳои махсус, сиёсати кадрҳо ва хоҷагидории Агентии захираҳои моддии давлатӣ, баъди чопи аввали эълон дар муҳлати 21 рўз дар шакли хаттӣ ва ё электронӣ қабул карда мешаванд. Суроѓа: ш.Душанбе, кўч Ҳусензода 14, телефон 227-36-83, факс 227-21-33