ҲАМАИ ХАБАРҲО
Дар Қасри миллат пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Садир Жапаров дар маросими маҷозии бозкушоии гузаргоҳи сарҳадии “Тоҷварон” – “Қарамиқ” дар сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон иштирок намуданд.
Пас аз анҷоми музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳузур ва ба иштироки Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Садир Жапаров маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров ба Изҳороти муштарак миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон имзо гузоштанд.
Ҳамчунин санадҳои зерин ба имзо расид:
-
Дар Қасри миллат масоили ҳамкории Тоҷикистону Қирғизистон дар мулоқоти хоссаи Сарони давлатҳо ва бо иштироки ҳайатҳои расмӣ баррасӣ гардид.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олиқадр – Садир Жапаров ва ҳайати ҳамроҳашро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд.
Дар мулоқоту музокирот доираи васеи масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб, аз ҷумла густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ баррасӣ шуд. Сарони ду давлат аз ниҳоӣ шудани делимитатсияи сарҳади давлатӣ миёни ду кишвар изҳори қаноат намуда, ҳамзамон таъкид доштанд, ки корҳо доир ба анҷом додани демаркатсия низ бо ҳамоҳангии ҷонибҳо идома дорад.
Таҳким ва густариши робитаҳои парлумонӣ воситаи маҳими рушди ҳамкории дуҷониба номида шуд.
Таҳкими ҳамкории иқтисодӣ, тавсеаи робитаҳо дар сатҳи минтақавӣ, аз ҷумла миёни ноҳияҳои наздисарҳадӣ зарур шумурда шуд.
8 июл маросими бошукӯҳи истиқболи Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров дар майдони Қасри миллат, ки ба хотири сафари давлатии меҳмони воломақом идона ороста шуда буд, баргузор гардид.
8 июл Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтироми баланд меҳмони олимақом – Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаровро гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
4 июл дар шаҳри Ханкендӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев суҳбати самимӣ доир намуданд.
4 июл дар шаҳри Ханкендии Ҷумҳурии Озарбойҷон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Саммити Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуди Пизишкиён мулоқот намуданд.
Дар вохӯрӣ вазъи феълии ҳамкории ду кишвар ва масъалаҳои рӯзномаи саммит баррасӣ шуд.
4 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҷаласаи сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ вориди шаҳри Физулии Ҷумҳурии Озарбойҷон шуданд.
Сани 25 июни соли 2025 дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 28-солагии Рўзи Ваҳдати миллӣ ва Рўзи байналмилалии хизмати давлатӣ таҳти унвони «Рушди хизмати давлатӣ ва нақши он дар таҳкими ваҳдати миллӣ» чорабинии тантанавӣ бо иштироки меҳмонон, кормандони Агентӣ ва магистрантон-хизматчиёни давлатии «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» баргузор карда шуд.
Директори Агентӣ Идрисзода И.М. меҳмон, иштирокчиёни чорабинӣ ва тамоми хизматчиёни давлатиро, ки Ваҳдати миллӣ барои ҳар кадоми мо чун василаи ҳамбастагии мардуми шарифи кишвари азизамон дар баробари истиқлоли давлатӣ арзиши муқаддасу бебаҳо мебошад ва Рўзи хизмати давлатӣ, ки қишри пешоҳанги кишварро атрофи сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид намуда, мақсади он хизмат ба халқу Ватан аст, табрику муборакбод намуд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчун як сиёсатмадори равшанзамиру хирадандеша нақши модарону бонувони тоҷикро аз оғози фаъолияти сиёсии худ то имрӯз бениҳоят баланд арзёбӣ намуда, ҳамеша дар фикри дастгирии занону бонувон мебошанд.
Зеро занон аз рӯзҳои аввал сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлатро дар барқарорсозии сулҳ, сарҷамъ намудани мардуми тоҷик, ҳифзи истиқлолу озодӣ, раванди созандагӣ ва дигар масъалаҳои давлатдорӣ на фақат самимона дастгирӣ намуданд, балки барои амалӣ гардидани ҳадафҳои давлати тозаистиқлоли тоҷикон кӯмак ва саъю талошҳои зиёд кардаанд.
Бо мақсади баланд бардоштани салоҳият ва малакаи касбии хизматчиёни давлатӣ дар самти экология ва ҳифзи муҳити зист аз ҷониби Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон курси такмили ихтисос барои роҳбарони сохторҳои ҳифзи муҳити зисти вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва дигар воҳидҳои сохтори он баргузор карда шуд.
Санаи 20 июни соли 2025 тибқи нақшаи омӯзишҳои идоравии хизматчиёни давлатӣ бо иштироки сардори шуъбаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ - Саидзода Шаҳбоз, сардори шуъбаи ташкилӣ ва иттилоотии Агентӣ Кенҷазода Мирзо ва хизматчиёни дастгоҳи Раис ва мақомоти иҷроия хониши идоравӣ баргузор гардид.
Бо мақсади омўзиш ва табодули таҷрибаи кишварҳои пешрафта барои рушди минбаъдаи хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Идрисзода Илёс Мумин дар Форуми «GovHR forum: Низомҳои нав, хизматрасониҳои муосир, роҳҳали нав», ки санаи 20 июни соли 2025 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд.
Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки маҳз ҳайати баландихтисос ва дорои салоҳияти баланди корӣ метавонад марҳилаҳои гузариш, душвор ва падидаҳои бўҳрониро дар тамоми соҳаҳои сиёсию ҷамъиятӣ ҳаллу фасл намояд.
Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
User Rating: 0 / 5
24 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон дар арафаи бедоршавии табиат чун анъанаи наку бо шинонидани ниҳолҳои мевадиҳанда ба маъракаи ниҳолшинонӣ ва оғози корҳои мавсими баҳорӣ дар саросари мамлакат оғоз бахшиданд.
Дар маъракаи имрӯзаи ниҳолшинонӣ мутахассисонии соҳаи боғдории вилояти Хатлон, аҳли заҳмати хоҷагиҳои боғпарвари ноҳия, дар маҷмуъ ҳазор нафар иштирок карданд.
Мавриди зикр аст, ки соли 2018 дар ноҳияи Данғара бо дастгирӣ ва ҳидояти бевоситаи Сарвари давлат дар майдони 100 гектар боғи интенсивӣ бунёд карда шуд. Соли гузашта бо истифодаи самараноки замин ва руёнидани ҳосили дилхоҳ аз ноҳияи Данғара ба хориҷи кишвар 1000 тонна мева содирот гардид.
Имрӯз бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар майдони 100 гектар бо шинонидани 4 навъи себ боғи нави интенсивӣ бунёд карда шуд.
Сарвари давлат шахсан дарахти себ шинонида, мардуми ҷамъомадаро ба саҳмгузорӣ дар таъсиси боғ ҳидоят карданд.
Дар маъракаи имрӯза себҳои навъи “Фуджи атсек” - 28 ҳазору 500 ниҳол, “Модӣ” - 16 ҳазору 200, “Ҷералдинӣ” - 16 ҳазор ва Пингледӣ” - 3 ҳазор дар маҷмуъ 63 ҳазор ниҳол шинонида шуд.
Аз рӯйи маълумоти мутахассисони соҳаи боғдорӣ аз навъи тагпайванди себи Модӣ - “ММ -106” ҳосилнокӣ аз 1 гектар 50 тоннаро ташкил медиҳад.
Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба боғдорони ноҳия барои дуруст ба роҳ мондани парвариши ниҳолҳо ва истеҳсоли мевагиҳо маслиҳатҳои муфид доданд.
Ниҳоли дарахтони дар боғи нав шинонидашудаи себ асосан аз кишвари Краснодари Федератсияи Россия ворид карда шудаааст.
Хоҷагидорон аз тракторҳои парки муосири хизматрасонии техникии ноҳия ба таври самаранок истифода мебаранд. Дар маъракаи имрӯза низ аз техникаҳои махсус, ки кори боғдоронро дар кофтани чуқуриҳо ва шинонидани дарахтон осон менамояд, васеъ истифода гардид.
Баъди шинонидани дарахтони себ ва шиносоӣ бо вазъи соҳаи боғдорӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо мардуми ҷамъомада дар бораи тадбирҳои созандаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, омодагӣ ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ - 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, риояи қонунҳои амалкунанда, рушди соҳаҳои боғдорӣ, занбуриасалпарварӣ, истифодаи самараноки заминҳои кишт, афзоиши содироти мева ба хориҷи кишвар, гирифтани даромади хуби иқтисодӣ, рушди деҳот, бунёди иншооти таъиноти гуногун, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, андешаронӣ карда, сокинонро ба вусъати корҳои созандагию ободонӣ ҳидоят намуданд.
Таърих
Иқтисодиёт
Фарҳанг ва маориф
Сайёҳӣ
Парчам
Суруд
Асъори миллӣ
Боғи миллӣ
Ҳисор
Ҳулбук
Саразм
Вверх