ҲАМАИ ХАБАРҲО
24 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Данғара барои бунёди филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон санги асос гузоштанд.
24 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон бинои наву замонавии Маркази рушди малакаҳои касбӣ бо хобгоҳ дар маҳаллаи 15 - уми деҳоти Корезро, ки бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба стандартҳои милливу байналмиллалӣ бунёд шудааст, ифтитоҳ намуданд.
24 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун дар соҳаи саноату кишоварзӣ, хизматрасонӣ, муассисаҳои нави таълимӣ, оғоз бахшидан ба сохтмони иншооти нави дигар ва мулоқот бо фаъолону сокинон ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ташриф оварданд.
23 май сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон, ки рӯзҳои 22-23 май ҷараён дошт ба анҷом расид.
Ташаккур, Илҳом Ҳайдаровичи муҳтарам.Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма,Хонумҳо ва ҷанобон,
Баъди анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ дар ҳузур ва бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор гардид, ки зимни он 14 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.
Музокироти сатҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон нахуст бо вохӯрии хосаи Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Илҳом Алиев оғоз гардида, дар мулоқот бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб идома ёфт.
23 май дар доираи сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон дар шаҳри Боку музокироти сатҳи олии ду кишвар баргузор гардид.
Бо соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо мунтазам такмил ёфта, ба комёбиҳои нав ба нав ноил гардид. Имрӯз Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо ваколатҳои худро барои рушди иқтисоди миллии мамлакат роҳандозӣ карда, сифати молу маҳсулоти истеҳсоли ватанию воридотӣ ва ҳифзи бозори истеъмолии мамлакатро мустақилона таъмин менамояд.
«Боиси қаноатмандиву ифтихор аст, ки имрӯз ҷавонони мо доир ба мафҳумҳои ҳуввияти миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва масъалаҳои ҷамъиятиву давлатӣ назари солиму огоҳона ва диди густурда доранд, ки ин нишонаи возеҳи ташаккулёбии мафкураи соҳибватанӣ ва хештаншиносии насли ояндасози мамлакат мебошад».
Эмомалӣ Раҳмон
20 майи соли равон дар ноҳияи Дарвози ВМКБ курси сайёри такмили ихтисос барои сармутахассисони дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳоти ноҳияҳои ВМКБ аз рӯйи барномаи «Сиёсати давлатӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим» ифтитоҳ гардид.
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар паёмҳои солона ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар мулоқот бо намояндагони аҳли ҷомеа ва ходимони дини кишвар аз 9 марти соли 2024 ироа гардидаанд, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарикони рушд дар самти омода намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ барномаҳои гуногуни омӯзиширо пайваста ташкил ва баргузор менамояд.
Ҳайати Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо арзи эҳтиром тамоми кормандон ва собиқадорон соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ ва сохторҳои онро ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ, ки 6 май таҷлил мегардад табрик гуфта, барои хизмати содиқона ба Ватан ва халқи Тоҷикистон изҳори сипос менамояд.
Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷуҳурии Тоҷикистон бо камоли ифтихору эҳтиром тамоми кормандони мақомоти андоз ва кулли собиқадорони соҳаро ба муносибати Рӯзи кормандони мақомоти андоз, ки 4 май таҷлил мегардад, муборакбод гуфта, барои хизмати содиқона ба Ватан ва халқи Тоҷикистон изҳори сипос менамояд.
Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
User Rating: 0 / 5
Боиси ифтихор аст, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Рӯзҳои ид» ҳамасола дар кишвари мо Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил карда мешавад, ки
oн аз нaшри нaхустин рӯзнoмaи тoҷикӣ- «Бухoрoи шaриф», ки 110 сол муқаддам таъсис ёфта, минбаъд ба пайдоиш ва ташаккули матбуоти тоҷик замина гузошт, сарчашма мегирад.
Таъсиси рӯзномаи мазкур яке аз падидаҳои таърихии асри 20 маҳсуб ёфта, дар он маводи гуногун оид ба вазъи сиёсии замон, тиҷорату бозаргонӣ, расму оин, забону фарҳанг, илму маориф, ахлоқу ҳунар ва зиндагии рӯзмарраи мардум дарҷ мегардид, ки ба ташаккули афкори солим ва бедории ҷомеа мусоидат намуд.
Матбуоти тоҷик дар 110 соли мавҷудияти худ масири пурифтихореро тай намуда, бешак дар роҳи иттилоърасонӣ, равшангарии афкори ҷомеа, ривоҷ додани андешаи миллӣ ва тафаккури созанда саҳми босазое гузоштааст.
Боиси таъкид аст, ки матбуоти тоҷик бо гузашти солҳо ташаккул ёфта, дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди он такон бахшида шуд. Теъдоди рӯзномаҳо, ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, телевизиону радио бамаротиб афзоиш ёфта, талаботи рӯзафзун ба иттилоот нақши воситаҳои ахбори оммаро дар ҷомеа боз ҳам тақвият дод.
Воситаҳои ахбори омма, хусусан матбуоти даврӣ ба ташаккули афкори ҷомеа таъсири амиқ расонида, хусусан дар замони таҳаввулоту тағйирёбии ҷаҳони муосир ва ташаккули диди нави иҷтимоӣ нақши бориз дорад.
Нақши воситаҳои ахбори омма ва кормандони соҳаи матбуоти тоҷик ҳамарӯза дар тарғибу ташвиқи сиёсати давлату Ҳукумат, дастоварди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии кишвари азизамон шоистаи таҳсин буда, ҷиҳати баланд бардоштани худшиносӣ, маърифату ҷаҳонбинии мардум, ошкорсозӣ ва ислоҳи камбудиҳои ҷомеа ва дар маҷму барои рушди давлатдорию пешравии ҷомеа муҳим мебошанд.
Итминони комил дорем, ки намояндагони воситаҳои ахбори омма минбаъд низ бо зиракиву ҳушёрии сиёсӣ барои инъикоси воқеии комёбиҳои замони соҳибистиқлолии мамлакат, тарғиби сулҳу субот ба ободониву бунёдкорӣ саҳми арзандаи худро гузошта, ба давлату халқ содиқона хизмат хоҳанд намуд.
Дар ин рӯзи муборак аҳли қалам – кулли кормандони матбуот ва дигар воситаҳои ахбори оммаро бо Рӯзи матбуоти тоҷик самимона табрик гуфта, барояшон пирӯзиҳои рӯзафзуни касбию ҳаётиро орзу мекунем.
Агентии хизмати давлатии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Таърих
Иқтисодиёт
Фарҳанг ва маориф
Сайёҳӣ
Парчам
Суруд
Асъори миллӣ
Боғи миллӣ
Ҳисор
Ҳулбук
Саразм
Вверх