ҲАМАИ ХАБАРҲО
Ташаккур, Илҳом Ҳайдаровичи муҳтарам.Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма,Хонумҳо ва ҷанобон,
23 май сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон, ки рӯзҳои 22-23 май ҷараён дошт ба анҷом расид.
Баъди анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ дар ҳузур ва бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор гардид, ки зимни он 14 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.
Музокироти сатҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон нахуст бо вохӯрии хосаи Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Илҳом Алиев оғоз гардида, дар мулоқот бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб идома ёфт.
23 май дар доираи сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон дар шаҳри Боку музокироти сатҳи олии ду кишвар баргузор гардид.
Ҷавонони сарбаланду саодатманди кишвар!
Ҳамаи шуморо, ки умеду ояндаи давлат ва халқи Тоҷикистон мебошед, ба ифтихори Рӯзи ҷавонон, ки ҳар сол дар кишварамон ҳамчун ҷашни наслҳои ояндасоз таҷлил мегардад, самимона табрик менамоям.
22 май дар доираи сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Боку ба нишони эҳтиром ба таъриху тамаддун, шахсиятҳои маъруф ва шаҳидони ин кишвар дар назди оромгоҳи Роҳбари умумимиллии Озарбойҷон Ҳайдар Алиев, ҳамсари Ҳайдар Алиев Зарифа Алиева ва дар назди гулхани ҷовидони шаҳидони Озарбойҷон гулчанбар гузошта, хотираи неки онҳоро пос доштанд.
22 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани боздиди давлатӣ вориди шаҳри Боку - пойтахти Ҷумҳурии Озарбойҷон шуданд.
Бо соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо мунтазам такмил ёфта, ба комёбиҳои нав ба нав ноил гардид. Имрӯз Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо ваколатҳои худро барои рушди иқтисоди миллии мамлакат роҳандозӣ карда, сифати молу маҳсулоти истеҳсоли ватанию воридотӣ ва ҳифзи бозори истеъмолии мамлакатро мустақилона таъмин менамояд.
«Боиси қаноатмандиву ифтихор аст, ки имрӯз ҷавонони мо доир ба мафҳумҳои ҳуввияти миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва масъалаҳои ҷамъиятиву давлатӣ назари солиму огоҳона ва диди густурда доранд, ки ин нишонаи возеҳи ташаккулёбии мафкураи соҳибватанӣ ва хештаншиносии насли ояндасози мамлакат мебошад».
Эмомалӣ Раҳмон
20 майи соли равон дар ноҳияи Дарвози ВМКБ курси сайёри такмили ихтисос барои сармутахассисони дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳоти ноҳияҳои ВМКБ аз рӯйи барномаи «Сиёсати давлатӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим» ифтитоҳ гардид.
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар паёмҳои солона ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар мулоқот бо намояндагони аҳли ҷомеа ва ходимони дини кишвар аз 9 марти соли 2024 ироа гардидаанд, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарикони рушд дар самти омода намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ барномаҳои гуногуни омӯзиширо пайваста ташкил ва баргузор менамояд.
Ҳайати Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо арзи эҳтиром тамоми кормандон ва собиқадорон соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ ва сохторҳои онро ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ, ки 6 май таҷлил мегардад табрик гуфта, барои хизмати содиқона ба Ватан ва халқи Тоҷикистон изҳори сипос менамояд.
Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷуҳурии Тоҷикистон бо камоли ифтихору эҳтиром тамоми кормандони мақомоти андоз ва кулли собиқадорони соҳаро ба муносибати Рӯзи кормандони мақомоти андоз, ки 4 май таҷлил мегардад, муборакбод гуфта, барои хизмати содиқона ба Ватан ва халқи Тоҷикистон изҳори сипос менамояд.
Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
User Rating: 0 / 5
ДАСТГОҲИ МАРКАЗИИ ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН:
СИТОДИ ГЕНЕРАЛИИ ЌУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН:
РАЁСАТИ ЌУВВАҲОИ ҲАРБӢ-ҲАВОӢ ВА
МУДОФИАИ ЗИДДИҲАВОӢ:
КОМИССАРИАТИ ҲАРБИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ:
КОМИССАРИАТИ ҲАРБИИ НОҲИЯИ СОМОНӢ:
КОМИССАРИАТИ ҲАРБИИНОҲИЯИ ШОҲМАНСУР:
КОМИССАРИАТИ ҲАРБИИ НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ:
КОМИССАРИАТИ ҲАРБИИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА:
КОМИССАРИАТИ ҲАРБИИ ШАҲРИ ВАҲДАТ:
КОМИССАРИАТИ ҲАРБИИ НОҲИЯИ ШАҲРИНАВ:
КОМИССАРИАТИ ҲАРБИИ ШАҲРИ НОРАК
КОМИССАРИАТИ ҲАРБИИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ:
КОМИССАРИАТИ ҲАРБИИ НОҲИЯИ РЎДАКӢ
Талаботи тахассусӣ барои
ишғолкунандагони мансабҳои сардори зершуъба
-таҳсилоти олии касби ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиќ ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 3 сол собиќаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиќаи умумии меҳнатӣ;
-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуќуќии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуќуќии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани ќоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист. Донистани забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад.
-дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банаќшагирии раванди кор бо тобеон;
-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиќи манфиатҳои давлатӣ.
ишғолкунандагони мансабҳои сармутахассис
- 2 сол собиќаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиќаи умумии меҳнатӣ.
ишғолкунандагони мансабҳои мутахассиси пешбар
-1 сол собиќаи умумии меҳнатӣ.
-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуќуќии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуќуќии байналмиллалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани ќоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист. Донистани забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад.
ишғолкунандагони мансабҳои мутахассис
-таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбии ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиќ ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
Аз довталабон ҳуҷҷатҳои зерин талаб карда мешавад:
-аризаи шахсӣ ба номи вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-вараќаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо бо 2 дона акси андозаи 4х6 (маълумотҳои шахсӣ ва фаъолияти меҳнатӣ даќиќ ва фаҳмо нишон дода шавад);
-тарҷумаи ҳол (хаттӣ ва чопӣ);
-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиќаи меҳнатӣ надорад);
-маълумотнома дар бораи вазъи саломатӣ (шакли № 038);
-нусхаи гувоҳномаи раќами мушаххаси андозсупоранда (ИНН);
-маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;
-маълумотнома аз ҷои истиќомат;
-маълумотнома оиди доғи судӣ;
-нусхаи шиноснома;
-нусхаи шаҳодатномаи аќди никоҳ;
-нусхаи шаҳодатномаи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ (СИН);
-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).
-маълумотнома (объективка) дар шакли хаттӣ ва электронӣ.
Ҳуҷҷатҳо аз ҷониби зершуъбаи кадрии Дастгоҳи вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати 21-рўз баъди чопи аввалини эълон дар шакли хаттӣ ќабул карда мешаванд.
Суроға: шаҳри Душанбе, кўчаи Бохтар 59, индекс: 734002, (992 372) 2-23-01-86, Сомонаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон www.mort.tj
*Эзоҳ: Дар сурати аз ҷониби мақомоти давлатӣ бе асос қабул накардани ҳуҷҷатҳои довталабон, онҳо метавонанд
ба Агентии хизмати давлатӣ тавассути телефони (+99237) 224-47-36 ё сомонаи www.ahd.tj муроҷиат намоянд.
Таърих
Иқтисодиёт
Фарҳанг ва маориф
Сайёҳӣ
Парчам
Суруд
Асъори миллӣ
Боғи миллӣ
Ҳисор
Ҳулбук
Саразм
Вверх