User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Санаи 13 июли соли 2023 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд дар заминаи ташкил ва баргузории бахши якуми озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» ҷиҳати муайян намудани беҳтарин бонувони хизматчии давлатии мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд тибқи талаботи Низомномаи озмуни мазкур марҳилаи санҷиши довталабон доир гардид.

Маврид ба зикр аст, ки озмуни мазкурро Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкории мутақобилан судманд бо Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи банди 2-и Нақшаи амали Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрели соли 2022, №204 тасдиқ шудааст, бо мақсади тақвият бахшидан ба донишу малака ва касбияти занон-хизматчиёни давлатӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ифтихори миллӣ, таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳои занон ва омода намудани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат дар соли 2023 эълон гардида то охири соли ҷорӣ беҳтаринҳо муайян ва ҳавасманд гардонида мешаванд.

Озмуни мазкур то санаи 14 июли соли 2023 идома меёбад.

 

 

 

 

                                                              Мақомоти иҷроияи маҳаллии

                                                                       ҳокимияти давлатии вилояти Суғд