ҲАМАИ ХАБАРҲО
11 июн дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” иҷрокунандаи вазифаи Раиси Сенати Малайзия датук Нур Ҷазлон Муҳаммадро ба ҳузур пазируфтанд.
11 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” Вазири муҳити зист, об ва кишоварзии Арабистони Саудӣ Абдурраҳмон Ал-Фазлиро ба ҳузур пазируфтанд.
11 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” Котиби давлатии Ватикан Кардинал Петро Паролинро ба ҳузур пазируфтанд.
11 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” Раиси иҷлоси 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Деннис Фрэнсисро ба ҳузур пазируфтанд.
11 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои Осиё ва Уқёнуси Ором (ЭСКАТО) хонум Армида Салсия Алишаҳбанаро ба ҳузур пазируфтанд.
11 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” Муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуаро ба ҳузур пазируфтанд.
11 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” иштирок ва суханронӣ карданд.
Олиҷанобон,
Муҳтарам роҳбарони ҳайатҳо,
Хонумҳо ва ҷанобон!
Ҳамаи шуморо ба Тоҷикистон барои иштирок дар Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” хайрамақдам мегӯям!
(Лексия-суҳбати Дилноза Аҳмадзода - муовини сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ бо хизматчиёни давлатӣ - шунавандагони курси такмили ихтисос)
Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси такмили ихтисос барои муовинони раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз рӯйи барномаи «Тарбияи ватандӯстӣ ва идеологияи миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷамъбаст гардид.
Бо мақсади тақвияти малакаи касбӣ, ҷаҳонбинии сиёсӣ ва сатҳи забондонии кормандони мақомоти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва ташкилотҳои давлатӣ фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2024 №795 «Дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ» тасдиқ гардида, аз тарафи Агентии хизмати давлатӣ ҷиҳати таъмини иҷрои он тадбирҳои мушаххас андешида мешавад.
Истиқлолият беҳтарин неъмат ва гаронмоятарин арзиш барои ҳар давлату миллат буда, омили аслии рушду тараққӣ ва заминасози ҳузур дар арсаи ҷаҳонӣ ҷиҳати нақшофарӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ ба шумор меравад.
Бо ташаббуси Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи эълон гардидани «Соли 2024 - Соли маърифати ҳуқуқӣ» дар толори «Кохи Афсарон»-и Вазорати мудофиа бо даъвати намояндагон аз Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии тоҷикистон, Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти судманди таҳлилии соҳавӣ бо иштироки занон-хизматчиёни давлатии ҳарбӣ ва шаҳрвандии Вазорати мудофиа ташкил гадид.
Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муовинони раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз рӯйи барномаи «Тарбияи ватандӯстӣ ва идеологияи миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» курси такмили ихтисос ифтитоҳ гардид.
Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
User Rating: 0 / 5
7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Чумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Палдораки ноҳияи Мастчоҳ коргоҳи дӯзандагии «Ёсуман»-ро мавриди истифода қарор доданд.
Самти фаъолияти корхонаи дӯзандагии «Ёсуман» духти либоси миллӣ ва мактабӣ буда, аз ҷониби соҳибкори махаллӣ Фазлиддин Ҳасанов таъсис ёфтааст.
Дар ошёнаи якуми бино ду сехи дӯзандагӣ бо 15 ададӣ мошинҳои дарздӯзӣ ва дигар лавозимоти зарурӣ ба истифода дода шуд. Дар оянда дар ошёнаи дуюм ду сехи дӯзандагии дигарро омода намуда, дар маҷмуъ дар коргоҳ беш аз 65 нафар занону духтарони маҳаллӣ ба кори доимӣ ҷалб карда мешаванд.
Ҳамчунин, дар корхонаи навбунёд барои ҷалби духтарони деҳот ба омӯзиши ҳунарҳои дӯзандагию буррандагӣ шароит фароҳам оварда шудааст.
Маълумот дода шуд, ки ҳадафи бунёди коргоҳи дӯзандагӣ саҳмгузорӣ дар саноатикунонии босуръати мамлакат, сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, таъмини занону бонувони маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад.
Ин иқдом дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъсиси корхонаю коргоҳҳои саноатӣ дар деҳоти мамлакат, таъсиси ҷойҳои корӣ ва рушди саноат дар минтақа аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ амалӣ гардидаст.
Зимни шиносоӣ бо фаъолияти корхонаи нав Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкори ватанӣ баҳои арзанда дода, масъулинро вазифадор намуданд, ки дар самти таъмини хонандагони муассисаҳои таълимӣ бо либоси мактабии истеҳсоли ватанӣ тадбирҳоро тақвият бахшанд.
Дар мамлакат ифтитоҳу ба фаъолият пардохтани чунин корхонаҳои дӯзандагӣ имконият медиҳад, ки дар онҳо бо истифода аз ашёи хоми ватанӣ истеҳсоли либоси мактабӣ, духти либосҳои миллӣ ва либосҳои махсуси корӣ барои соҳаҳои гуногун ба роҳ монда шуда, сокинон бо ҷои кори доимӣ таъмин карда шаванд.
Маврид ба зикр аст, ки дар ноҳияи Мастчоҳ 48 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо фарогирии 28 ҳазору 850 нафар хонандагон ба таълиму тарбия фаъолият доранд. Барои ин шумораи хонандагон либоси тавсиявии мактабӣ пурра дар коргоҳҳои дӯзандагии ҳудуди ноҳия тайёр карда мешаванд. Ҳоло дар шаҳраку деҳоти ноҳияи Мастчоҳ беш аз 10 адад коргоҳу сехҳои дӯзандагӣ фаъолият доранд ва шумораи коргарон дар ин коргоҳҳо ба беш аз 50 нафар расидааст.
Тибқи барномаи Ҳукумати ҷумҳурӣ дар кишвар саноати сабук рушд меёбад. Дар натиҷаи тадбирҳои андешида дар соҳаи саноати кишвар нишондиҳандаҳои саноати дӯзандагӣ баланд мешавад. Дар 5 моҳи соли равон дар корхонаҳои ин соҳа ба маблағи 162 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки талаботи бозори дохилиро қонеъ менамояд ва қисми маҳсулоти дӯзандагӣ содирот карда мешавад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки дар мамлакат имконияту иқтидорҳои соҳа бояд барои рушди минбаъдаи ин бахш истифода карда шавад. Дар ин самт дар вилояти Суғд тайи солҳои охир баҳри таъсису бунёди корхонаву коргоҳҳои коркарди нахи пахта ва истеҳсоли маҳсулоти нимтайёру ниҳоӣ нақшаву иқдомҳои муҳим амалӣ мегардад.
Таърих
Иқтисодиёт
Фарҳанг ва маориф
Сайёҳӣ
Парчам
Суруд
Асъори миллӣ
Боғи миллӣ
Ҳисор
Ҳулбук
Саразм
Вверх