ҲАМАИ ХАБАРҲО
28 май дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Паради ҳарбӣ ба муносибати 30-юмин солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карданд.
Рафиқон генералҳо ва афсарону сарбозони Қӯшунҳои сарҳадӣ!
Намояндагони сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ!
Ҳамаи шуморо ба ифтихори ҷашни сиюмин солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии аминияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик мегӯям.
28 май дар маркази таълимии “Пойтахт”-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо гузоштани санги асос ба сохтмони 5 бинои истиқоматии 16-ошёна бо 840 манзили истиқоматӣ барои афсарони Қӯшунҳои сарҳадӣ оғоз бахшиданд.
28 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати иштирок дар Рӯзи таҷлили 30-юмин солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади шиносоӣ бо вазъи будубоши ҳайати шахсии Қӯшунҳои сарҳадӣ ба маркази таълимии "Пойтахт" дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ташриф оварда, нахуст бинои наву замонавии 4 ошиёна иборат аз ошхона ва хобгоҳи сарбозонро бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ ифтитоҳ намуданд.
Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои дохилии Федератсияи Русия Владимир Колоколтсевро, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфтанд.
27 май дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 30-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як гуруҳ хизматчиёни ҳарбӣ мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои навбатии ҳарбӣ тақдим намуданд.
Имрӯз миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров дар робита ба 20-солагии ба имзо расидани Аҳднома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.
25 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон мулоқот доир намуданд.
Яке аз сабабҳои асосие, ки гуногунфаҳмии терроризмро ба миён меоварад ва омӯзиши онро мураккаб мегардонад, шаклҳои зоҳиршавии амалҳои террористӣ мебошад. Барои оне, ки махсусияти зуҳури амалҳои террористӣ дар олами муосир нишон дода шавад, пеш аз ҳама, шаклҳои гуногуни зоҳиршавии терроризмро бояд ба инобат гирифт. Ҳарчанд масъалаи гурӯҳбандии терроризм ва ба навъҳои мухталиф ҷудо намудани онҳо аз ҷониби баъзе муҳаққиқон омӯхта шуда бошад ҳам, дар ин самт ҳанӯз ҳам мушкилиҳо зиёданд.
Дар Маркази такмили ихтисоси кормандони мақомоти муқовиматкунанда ба коррупсияи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ҷамъбасти семинари омӯзишӣ барои кормандони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Коррупсия: мушкилиҳо ва роҳҳои муқовимат» доир гардид.
Бо соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо мунтазам такмил ёфта, ба комёбиҳои нав ба нав ноил гардид. Имрӯз Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо ваколатҳои худро барои рушди иқтисоди миллии мамлакат роҳандозӣ карда, сифати молу маҳсулоти истеҳсоли ватанию воридотӣ ва ҳифзи бозори истеъмолии мамлакатро мустақилона таъмин менамояд.
«Боиси қаноатмандиву ифтихор аст, ки имрӯз ҷавонони мо доир ба мафҳумҳои ҳуввияти миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва масъалаҳои ҷамъиятиву давлатӣ назари солиму огоҳона ва диди густурда доранд, ки ин нишонаи возеҳи ташаккулёбии мафкураи соҳибватанӣ ва хештаншиносии насли ояндасози мамлакат мебошад».
Эмомалӣ Раҳмон
20 майи соли равон дар ноҳияи Дарвози ВМКБ курси сайёри такмили ихтисос барои сармутахассисони дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳоти ноҳияҳои ВМКБ аз рӯйи барномаи «Сиёсати давлатӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим» ифтитоҳ гардид.
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар паёмҳои солона ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар мулоқот бо намояндагони аҳли ҷомеа ва ходимони дини кишвар аз 9 марти соли 2024 ироа гардидаанд, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарикони рушд дар самти омода намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ барномаҳои гуногуни омӯзиширо пайваста ташкил ва баргузор менамояд.
Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
User Rating: 0 / 5
5 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд.
Сафари кории Сарвари давлат аз ноҳияи Айнӣ оғоз гардид.
Нахуст Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи Дуобаи шарқии ноҳияи Айнӣ ба фаъолияти корхонаи маъдантозакунии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ТВЕА Душанбе саноати куҳӣ» оғоз бахшиданд.
Маросими ба кор андохтани корхонаи мазкур ба таври маҷозӣ сурат гирифт.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ тугмаи рамзиро пахш карда, корхонаи маъдантозакуниро ифтитоҳ намуданд ва тавассути монитор бо раванди истеҳсолот шинос шуданд.
Корхона дар доираи нақшаи чорабиниҳои ободонию созандагӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади амалӣ намудани ҳадафи чоруми стратегӣ - саноатикунонии босуръати кишвар бунёд шудааст.
Масоҳати умумии корхонаи истихроҷ ва истеҳсоли маъдани Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ» 1200 гектарро ташкил медиҳад.
Истихроҷи маъдан дар корхона аз ду кон – «Кумарғи боло» ва «Дуобаи Шарқӣ» сурат мегирад.
Кони «Кумарғи боло» қариб 4 ҳазор метр ва «Дуобаи шарқӣ» дар баландии 2300 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир мебошад.
Барои истихроҷ ва коркарди маъдан раванди мукаммали гидрометаллургӣ ҷорӣ буда, технологияи муосири рехтагарии автоматикӣ, ки истеҳсоли ширкатҳои бонуфӯзи Аврупо мебошад, васлу насб карда шудааст. Раванди истихроҷ ва коркарди маъдан дар корхона бо камераҳои мушоҳидавӣ пурра назорат карда мешавад.
Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки иқтидори корхонаи нав дар як сол ба коркарди 900 ҳазор тонна маъдан баробар мебошад. Раванди истеҳсоли маъдан дар 4 марҳила - истихроҷ, майдакунӣ, обшӯкунӣ ва ҷудокунӣ сурат мегирад. Намуди истихроҷи ашёи хом дар кони «Кумарғи Боло» рӯизаминӣ ва дар «Дуобаи Шарқӣ» зеризаминӣ мебошад. Дар кони «Дуобаи Шарқӣ», ки аз 7 нақб иборат аст, бунёди роҳ, васлу насби таҷҳизоти барқӣ, хобгоҳ барои кормандон ва дигар инфрасохтори ёрирасон пурра ба анҷом расонида шуда, кандани нақб идома дорад.
Дар корхона 140 нафар, аз ҷумла 100 сокини маҳаллӣ ва 40 шаҳрванди Ҷумҳурии Мардумии Чин бо ҷои кор ва маоши хуб таъмин мебошанд. Бо пурра фаъолият намудани корхона барои зиëда аз 500 нафар ҷойи корӣ таъсис меёбад. Аз рӯи нақша дар ин мавзеъ оянда коргоҳи холисгардони тилло ва нуқра бунёд карда мешавад.
Мавзеи Дуобаи Шарқӣ дорои манзара, гулу гиёҳҳои шифобахш ва канданиҳои фоиданоки зиёд мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо кормандони ширкати «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ» истифодаи самараноки канданиҳои фоиданок ва риояи талаботи истихроҷ ва коркарди маъданро талаб намуда, таъкид карданд, ки дар сурати пурра риоя нагардидани талабот расидан ба ҳадафҳои дарпешгузошта душвор мегардад.
Барои беҳдошти вазъи экологӣ дар мавзеъ иншооти ҳифзи муҳити зист бунёд карда шудааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба низоми кор, ҷараёни истихроҷ ва коркарди маъдан дар корхонаи маъдантозакунии ширкати «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ» баҳои баланд доданд.
Бояд гуфт, ки бунёди чунин корхонаи азими истеҳсолӣ дар роҳи расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ - саноатикунонии босуръати мамлакат қадами устувор мебошад.
Таърих
Иқтисодиёт
Фарҳанг ва маориф
Сайёҳӣ
Парчам
Суруд
Асъори миллӣ
Боғи миллӣ
Ҳисор
Ҳулбук
Саразм
Вверх