ҲАМАИ ХАБАРҲО
24 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Данғара барои бунёди филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон санги асос гузоштанд.
24 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон бинои наву замонавии Маркази рушди малакаҳои касбӣ бо хобгоҳ дар маҳаллаи 15 - уми деҳоти Корезро, ки бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба стандартҳои милливу байналмиллалӣ бунёд шудааст, ифтитоҳ намуданд.
24 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун дар соҳаи саноату кишоварзӣ, хизматрасонӣ, муассисаҳои нави таълимӣ, оғоз бахшидан ба сохтмони иншооти нави дигар ва мулоқот бо фаъолону сокинон ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ташриф оварданд.
23 май сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон, ки рӯзҳои 22-23 май ҷараён дошт ба анҷом расид.
Ташаккур, Илҳом Ҳайдаровичи муҳтарам.Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма,Хонумҳо ва ҷанобон,
Баъди анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ дар ҳузур ва бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор гардид, ки зимни он 14 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.
Музокироти сатҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон нахуст бо вохӯрии хосаи Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Илҳом Алиев оғоз гардида, дар мулоқот бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб идома ёфт.
23 май дар доираи сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон дар шаҳри Боку музокироти сатҳи олии ду кишвар баргузор гардид.
Бо соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо мунтазам такмил ёфта, ба комёбиҳои нав ба нав ноил гардид. Имрӯз Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо ваколатҳои худро барои рушди иқтисоди миллии мамлакат роҳандозӣ карда, сифати молу маҳсулоти истеҳсоли ватанию воридотӣ ва ҳифзи бозори истеъмолии мамлакатро мустақилона таъмин менамояд.
«Боиси қаноатмандиву ифтихор аст, ки имрӯз ҷавонони мо доир ба мафҳумҳои ҳуввияти миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва масъалаҳои ҷамъиятиву давлатӣ назари солиму огоҳона ва диди густурда доранд, ки ин нишонаи возеҳи ташаккулёбии мафкураи соҳибватанӣ ва хештаншиносии насли ояндасози мамлакат мебошад».
Эмомалӣ Раҳмон
20 майи соли равон дар ноҳияи Дарвози ВМКБ курси сайёри такмили ихтисос барои сармутахассисони дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳоти ноҳияҳои ВМКБ аз рӯйи барномаи «Сиёсати давлатӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим» ифтитоҳ гардид.
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар паёмҳои солона ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар мулоқот бо намояндагони аҳли ҷомеа ва ходимони дини кишвар аз 9 марти соли 2024 ироа гардидаанд, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарикони рушд дар самти омода намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ барномаҳои гуногуни омӯзиширо пайваста ташкил ва баргузор менамояд.
Ҳайати Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо арзи эҳтиром тамоми кормандон ва собиқадорон соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ ва сохторҳои онро ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ, ки 6 май таҷлил мегардад табрик гуфта, барои хизмати содиқона ба Ватан ва халқи Тоҷикистон изҳори сипос менамояд.
Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷуҳурии Тоҷикистон бо камоли ифтихору эҳтиром тамоми кормандони мақомоти андоз ва кулли собиқадорони соҳаро ба муносибати Рӯзи кормандони мақомоти андоз, ки 4 май таҷлил мегардад, муборакбод гуфта, барои хизмати содиқона ба Ватан ва халқи Тоҷикистон изҳори сипос менамояд.
Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
User Rating: 0 / 5
Дар асоси Нақша-ҷадвали баргузории курсҳои азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзӣ барои хизматчиёни давлатӣ, ки аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо қарори Шӯрои олимони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст,
рӯзҳои 19-23 сентябри соли равон барои сардорони раёсатҳо (шуъбаҳо, бахшҳо)-и Хадамоти муҳоҷират дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз рӯи барномаи «Сиёсати давлатӣ оид ба муҳоҷирати меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» курси такмили ихтисос ташкил гардид.
Тибқи барномаи таълимӣ вобаста ба мавзуъҳои муҳоҷират дар раванди ҷаҳонишавӣ ва оқибатҳои он ба иқтисодиёти кишвар, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (21.01.2021), қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати давлатӣ дар самти муҳоҷират, сиёсати молиявӣ ва идоракунии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо, таъсири муҳоҷирати меҳнатӣ ба оила, таҷрибаи давлатҳои пешрафта дар соҳаи муҳоҷират ва татбиқи онҳо дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши Пешвои миллат дар эҳёи арзишҳои миллӣ ва динӣ ва амсоли инҳо машғулиятҳои таълимӣ гузаронида шуданд.
Ҳамзамон, шунавандагон оид ба заминаҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон», забони коргузории мақомоти давлатӣ ва риояи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, нақши хизматчии давлатӣ дар пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ва амсоли ин иттилоъ гирифтанд.
Дар қисмати ҷамъбасти курси такмили ихтисос Аҳмадзода Дилноза - муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нодирӣ Шаҳноза– муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аҳмадзода Зулфия- ноиби ректори Академияи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қодиров Зоҳир- муовини директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Сардорони раёсатҳо (шуъбаҳо, бахшҳо)-и Хадамоти муҳоҷират дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо курси такмили ихтисосро аз рӯи барномаи «Сиёсати давлатӣ оид ба муҳоҷирати меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» хатм намуда, дар вазъияти тантанавӣ соҳиби гувоҳномањои хатм гардиданд.
Агентии хизмати давлатии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Таърих
Иқтисодиёт
Фарҳанг ва маориф
Сайёҳӣ
Парчам
Суруд
Асъори миллӣ
Боғи миллӣ
Ҳисор
Ҳулбук
Саразм
Вверх