ҲАМАИ ХАБАРҲО
11 июн дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” иҷрокунандаи вазифаи Раиси Сенати Малайзия датук Нур Ҷазлон Муҳаммадро ба ҳузур пазируфтанд.
11 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” Вазири муҳити зист, об ва кишоварзии Арабистони Саудӣ Абдурраҳмон Ал-Фазлиро ба ҳузур пазируфтанд.
11 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” Котиби давлатии Ватикан Кардинал Петро Паролинро ба ҳузур пазируфтанд.
11 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” Раиси иҷлоси 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Деннис Фрэнсисро ба ҳузур пазируфтанд.
11 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои Осиё ва Уқёнуси Ором (ЭСКАТО) хонум Армида Салсия Алишаҳбанаро ба ҳузур пазируфтанд.
11 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” Муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуаро ба ҳузур пазируфтанд.
11 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” иштирок ва суханронӣ карданд.
Олиҷанобон,
Муҳтарам роҳбарони ҳайатҳо,
Хонумҳо ва ҷанобон!
Ҳамаи шуморо ба Тоҷикистон барои иштирок дар Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” хайрамақдам мегӯям!
(Лексия-суҳбати Дилноза Аҳмадзода - муовини сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ бо хизматчиёни давлатӣ - шунавандагони курси такмили ихтисос)
Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси такмили ихтисос барои муовинони раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз рӯйи барномаи «Тарбияи ватандӯстӣ ва идеологияи миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷамъбаст гардид.
Бо мақсади тақвияти малакаи касбӣ, ҷаҳонбинии сиёсӣ ва сатҳи забондонии кормандони мақомоти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва ташкилотҳои давлатӣ фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2024 №795 «Дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ» тасдиқ гардида, аз тарафи Агентии хизмати давлатӣ ҷиҳати таъмини иҷрои он тадбирҳои мушаххас андешида мешавад.
Истиқлолият беҳтарин неъмат ва гаронмоятарин арзиш барои ҳар давлату миллат буда, омили аслии рушду тараққӣ ва заминасози ҳузур дар арсаи ҷаҳонӣ ҷиҳати нақшофарӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ ба шумор меравад.
Бо ташаббуси Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи эълон гардидани «Соли 2024 - Соли маърифати ҳуқуқӣ» дар толори «Кохи Афсарон»-и Вазорати мудофиа бо даъвати намояндагон аз Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии тоҷикистон, Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти судманди таҳлилии соҳавӣ бо иштироки занон-хизматчиёни давлатии ҳарбӣ ва шаҳрвандии Вазорати мудофиа ташкил гадид.
Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муовинони раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз рӯйи барномаи «Тарбияи ватандӯстӣ ва идеологияи миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» курси такмили ихтисос ифтитоҳ гардид.
Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
User Rating: 0 / 5
Талаботи тахассусӣ
барои ишғоли мансаби мудири Бахши муҳосибӣ ва кадрии Бозрасии назорати давлатии техникаи кишоварзӣ:
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ- иқтисодчӣ, муҳосиб, баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- донистани забони давлатӣ ва яке аз забонҳои хориҷӣ;
- донистани муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, таърих ва фарҳанг, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии хизматчии давлатиро ба танзим медароранд;
- маҳорати кор бо технологияи электронии муосир.
барои ишғоли мансаби сармутахассиси Раёсати растанипарварӣ:
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ агроном, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
барои ишғоли мансаби сармутахассиси Раёсати корҳо:
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ муҳосиб, иқтисодчӣ, идоракунии давлатӣ гуманитарӣ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
барои ишғоли мансаби сармутахассиси
Раёсати кадрӣ ва таъминоти ҳуқуқӣ:
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ - ҳуқуқшинос, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
барои ишғоли мансаби сармутахассиси бахши чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбўриасалпарварии
Раёсати чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбўриасалпарварӣ:
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ - зооинжинер (зоотехник), ветеринар (байтор), ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
Барои ишғоли мансаби сармутахассиси Шўъбаи сиёсати
техникӣ ва рушди инфраструктураи кишоварзӣ:
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ - муҳандис – механик, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.
- донистани Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба мансаби ишғолшаванда алоқаманд, забон, таърих, фарҳанг ва муқаддасоти миллӣ, маҳорати суханронӣ, ифодаи фикр, кор бо технологияҳои электронии муосир, донистани забонҳои хориҷӣ ва малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа.
барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбари
Шуъбаи умумӣ ва назорати Раёсати корҳо:
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ - идоракунии давлатӣ гуманитарӣ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
Шуъбаи умумӣ ва назорати Раёсати корҳо (бойгонӣ):
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ - бойгонишинос, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбари шуъбаи матбуот ва иттилоот:
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ - рўзноманигор, журналист, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбари бахши чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбўриасалпарварии
барои ишғоли мансаби мутахассиси Раёсати молия ва муҳосибот:
- таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ - иқтисодчӣ, муҳосиб, баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- ариза ба унвони роҳбари мақомот;
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);
- тарҷумаи ҳол;
- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ (шакли 038);
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА);
- маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи даромад ва амволи шахсӣ;
- нусхаи шиноснома;
- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намуда-
анд);
- маълумотнома оид ба мавҷуд набудани доғи судӣ;
- маълумотнома (объективка).
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:
шаҳри Душанбе, н.Сино, кўчаи Шамсӣ 5/1
Телефон барои тамос: 235-38-61, 235-38-44.
Почтаи электронӣ: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.
Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.
*Эзоҳ: Дар сурати аз ҷониби мақомоти давлатӣ бе асос қабул накардани ҳуҷҷатҳои довталабон, онҳо метавонанд
ба Агентии хизмати давлатӣ тавассути телефони (+99237) 224-47-36 ё сомонаи www.ahd.tj муроҷиат намоянд.
Таърих
Иқтисодиёт
Фарҳанг ва маориф
Сайёҳӣ
Парчам
Суруд
Асъори миллӣ
Боғи миллӣ
Ҳисор
Ҳулбук
Саразм
Вверх