ҲАМАИ ХАБАРҲО
Ташаккур, Илҳом Ҳайдаровичи муҳтарам.Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма,Хонумҳо ва ҷанобон,
23 май сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон, ки рӯзҳои 22-23 май ҷараён дошт ба анҷом расид.
Баъди анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ дар ҳузур ва бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор гардид, ки зимни он 14 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.
Музокироти сатҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон нахуст бо вохӯрии хосаи Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Илҳом Алиев оғоз гардида, дар мулоқот бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб идома ёфт.
23 май дар доираи сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон дар шаҳри Боку музокироти сатҳи олии ду кишвар баргузор гардид.
Ҷавонони сарбаланду саодатманди кишвар!
Ҳамаи шуморо, ки умеду ояндаи давлат ва халқи Тоҷикистон мебошед, ба ифтихори Рӯзи ҷавонон, ки ҳар сол дар кишварамон ҳамчун ҷашни наслҳои ояндасоз таҷлил мегардад, самимона табрик менамоям.
22 май дар доираи сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Боку ба нишони эҳтиром ба таъриху тамаддун, шахсиятҳои маъруф ва шаҳидони ин кишвар дар назди оромгоҳи Роҳбари умумимиллии Озарбойҷон Ҳайдар Алиев, ҳамсари Ҳайдар Алиев Зарифа Алиева ва дар назди гулхани ҷовидони шаҳидони Озарбойҷон гулчанбар гузошта, хотираи неки онҳоро пос доштанд.
22 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани боздиди давлатӣ вориди шаҳри Боку - пойтахти Ҷумҳурии Озарбойҷон шуданд.
Бо соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо мунтазам такмил ёфта, ба комёбиҳои нав ба нав ноил гардид. Имрӯз Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо ваколатҳои худро барои рушди иқтисоди миллии мамлакат роҳандозӣ карда, сифати молу маҳсулоти истеҳсоли ватанию воридотӣ ва ҳифзи бозори истеъмолии мамлакатро мустақилона таъмин менамояд.
«Боиси қаноатмандиву ифтихор аст, ки имрӯз ҷавонони мо доир ба мафҳумҳои ҳуввияти миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва масъалаҳои ҷамъиятиву давлатӣ назари солиму огоҳона ва диди густурда доранд, ки ин нишонаи возеҳи ташаккулёбии мафкураи соҳибватанӣ ва хештаншиносии насли ояндасози мамлакат мебошад».
Эмомалӣ Раҳмон
20 майи соли равон дар ноҳияи Дарвози ВМКБ курси сайёри такмили ихтисос барои сармутахассисони дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳоти ноҳияҳои ВМКБ аз рӯйи барномаи «Сиёсати давлатӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим» ифтитоҳ гардид.
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар паёмҳои солона ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар мулоқот бо намояндагони аҳли ҷомеа ва ходимони дини кишвар аз 9 марти соли 2024 ироа гардидаанд, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарикони рушд дар самти омода намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ барномаҳои гуногуни омӯзиширо пайваста ташкил ва баргузор менамояд.
Ҳайати Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо арзи эҳтиром тамоми кормандон ва собиқадорон соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ ва сохторҳои онро ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ, ки 6 май таҷлил мегардад табрик гуфта, барои хизмати содиқона ба Ватан ва халқи Тоҷикистон изҳори сипос менамояд.
Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷуҳурии Тоҷикистон бо камоли ифтихору эҳтиром тамоми кормандони мақомоти андоз ва кулли собиқадорони соҳаро ба муносибати Рӯзи кормандони мақомоти андоз, ки 4 май таҷлил мегардад, муборакбод гуфта, барои хизмати содиқона ба Ватан ва халқи Тоҷикистон изҳори сипос менамояд.
Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
User Rating: 0 / 5
5 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Айнӣ бинои Қасри фарҳанги деҳоти Урметанро пас аз таҷдиду азнавсозӣ мавриди истифода қарор дода, дар барномаи фарҳангӣ иштирок намуданд.
Бинои Қасри фарҳанги деҳоти Урметан дар асоси дастуру ҳидоят ва сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи созандагиҳо ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳияи Айнӣ таҷдиду азнавсозӣ гардида, он барои фаъолияти аҳли ҳунар шароити муосир муҳайё карда шуд.
Иншоот дар масоҳати 1500 метри мураббаъ ҷойгир буда, корҳои бунёдӣ аз тарафи паймонкор Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тоҷикэлитсохтмон» бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ дар муҳлати муайянгардида бо сифати баланд ба анҷом расонда шуд.
Толори асосии иншоот дорои 240 ҷойи нишаст буда, дар он барои пешниҳоди барномаҳои фарҳангӣ тамоми воситаҳои зарурӣ васлу насб карда шудааст. Ҳуҷраҳои либосивазкунӣ, пардозгарӣ, корӣ ва дигар иншооти ёрирасон низ бо шароити замонавӣ таъмин мебошанд.
Роҳрав ва деворҳои дохили иншоот бо истифода аз санъати баланди меъмории миллӣ оро ёфтаанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити мавҷуда ва суҳбат бо аҳли ҳунар, аз ҷумла таъкид доштанд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаи фарҳанг таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд ва дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар ин самт нақшаву барномаҳои зиёд амалӣ гардидааст.
Ёдовар мешаваем, ки бинои Қасри фарҳанги деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ҳанӯз солҳои 80-уми асри гузашта сохта шуда, бо сабаби фарсуда гардидан зарурати таҷдиду азнавсозии он ба миён омад.
Навсозӣ гардидани иншооти фарҳангӣ дар ин деҳоти дурдасти мамлакат имкон медиҳад, ки баробари пешниҳоди барномаҳои рангини фарҳангӣ аз ҷониби аҳли ҳунар барои сокинон, ҳамзамон дар доираи маҳфилҳои гуногун мутахассисон омода карда шаванд.
Тибқи маълумот имрӯзҳо дар назди Қасри фарҳанг маҳфилҳо, аз ҷумла доиранавозӣ, рубобнавозӣ, ҳаҷвнигорӣ ва ровиён фаъолият доранд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли ҳунари деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ созҳои мусиқии миллӣ, аз ҷумла доира, таблак, рубобу танбӯр ва дутор туҳфа намуданд, ки ин иқдоми муҳим барои рушди соҳа, тарғибу ташвиқи фарҳанги миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ мусоидат мекунад.
Таъкид кардан ба маврид аст, ки дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар асоси сиёсати муваффақу фарҳангдӯстонаи роҳбарияти олии Ҳукумати мамлакат баробари бунёду ба истифода додани биноҳои бошукӯҳи фарҳангӣ дар маркази шаҳру ноҳияҳо ҳамчунин дар деҳоти дурдаст барои аҳли ҳунар инфрасохтори муосир фароҳам оварда шуд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо шароити муосири мавҷуда дар бинои Қасри фарҳанги деҳоти Урметан дар барномаи фарҳангии аҳли ҳунари ноҳия иштирок намуданд.
Дар толори навбунёд аҳли фарҳанг барномаи ҷолибу рангинро, ки таҷассумгари дастовардҳои истиқлолу озодӣ, сулҳу ваҳдат ва пешрафту шукуфоии Тоҷикистон буд, пешниҳод намуданд.
Президенти мамлакат ба барномаи пурмазмуни санъаткорон баҳои баланд дода, иншоотро барои аҳолии беш аз 25-ҳазорнафараи деҳоти Урметан туҳфаи арзишманди Ҳукумати мамлакат маънидод намуданд ва аҳли ҳунарро бо истифода аз шароити муҳайёгардида ҷиҳати ҳифзи дастовардҳои фарҳангӣ, саҳм гузоштан дар тарғиб ва муаррифии ҳунари пурғановати миллати тоҷик ба ҷаҳониён ҳидоят карданд.
Дар навбати худ аҳли ҳунар аз дастгириҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, ваъда доданд, ки бо таҳияи барномаҳои баландмазмун ва омода намудани кадрҳо дар соҳа дар рушду пешрафти фарҳанги миллӣ ва амалишавии нақшаву барномаҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми назаррас мегузоранд.
Ёдовар мешавем, ки татбиқи ҳадафҳои созанда ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳо босуръат идома дошта, дар ҳамин замина бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд роҳҳои гирду атрофи Қасри паҳлавонони суғдӣ, беморхонаи минтақавии №2, майдони Парчами давлатӣ, Қасри фарҳанг ва коргоҳи дӯзандагӣ ва ҳунармандии деҳоти Урметани Айнӣ асфалтпӯш карда шуданд.
Таърих
Иқтисодиёт
Фарҳанг ва маориф
Сайёҳӣ
Парчам
Суруд
Асъори миллӣ
Боғи миллӣ
Ҳисор
Ҳулбук
Саразм
Вверх