User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

7 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Шарм-уш-Шейхи Ҷумҳурии Арабии Миср дар ҳошияи иҷлоси бисту ҳафтуми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (КОП-27) бо Канслери федералии Олмон Олаф Шолтс мулоқот карданд. 

Дар рафти мулоқот масоили кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории ду кишвар муҳокима гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи робитаҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Олмон, инчунин дастгирии ин кишвар дар таҳкими истиқлолияти кишвари мо изҳори қаноатмандӣ карданд.

Дар рафти мулоқот масъалаи идомаи муколамаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ баҳри рушд, баргузории ҳамоиши доираҳои иқтисодии Тоҷикистону Олмон ва иштироки Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии «Ҳафтаи Сабзи Берлин 2023» баррасӣ карда шуд.

Ҷонибҳо зимни вохӯрӣ ҳамчунин оид ба масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла оқибатҳои манфии тағйирёбии иқлим, хушксоливу камобӣ, обшавии пиряхҳо, вазъи печидаи Афғонистон, пайомадҳои пандемия, таҳримҳо ва таъсири он ба кишварҳо табодули андеша карданд.

Дар фарҷоми суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз  Канслери федералии Олмон Олаф Шолтс даъват ба амал оварданд, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оранд.

                                                            

                                                                                                                         Сарчашма:president.tj