ҲАМАИ ХАБАРҲО
28 май дар Кохи Борбад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати 30-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карданд.
28 май дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Паради ҳарбӣ ба муносибати 30-юмин солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карданд.
Рафиқон генералҳо ва афсарону сарбозони Қӯшунҳои сарҳадӣ!
Намояндагони сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ!
Ҳамаи шуморо ба ифтихори ҷашни сиюмин солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии аминияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик мегӯям.
28 май дар маркази таълимии “Пойтахт”-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо гузоштани санги асос ба сохтмони 5 бинои истиқоматии 16-ошёна бо 840 манзили истиқоматӣ барои афсарони Қӯшунҳои сарҳадӣ оғоз бахшиданд.
28 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати иштирок дар Рӯзи таҷлили 30-юмин солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади шиносоӣ бо вазъи будубоши ҳайати шахсии Қӯшунҳои сарҳадӣ ба маркази таълимии "Пойтахт" дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ташриф оварда, нахуст бинои наву замонавии 4 ошиёна иборат аз ошхона ва хобгоҳи сарбозонро бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ ифтитоҳ намуданд.
Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои дохилии Федератсияи Русия Владимир Колоколтсевро, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфтанд.
27 май дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 30-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як гуруҳ хизматчиёни ҳарбӣ мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои навбатии ҳарбӣ тақдим намуданд.
Имрӯз миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров дар робита ба 20-солагии ба имзо расидани Аҳднома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.
Яке аз сабабҳои асосие, ки гуногунфаҳмии терроризмро ба миён меоварад ва омӯзиши онро мураккаб мегардонад, шаклҳои зоҳиршавии амалҳои террористӣ мебошад. Барои оне, ки махсусияти зуҳури амалҳои террористӣ дар олами муосир нишон дода шавад, пеш аз ҳама, шаклҳои гуногуни зоҳиршавии терроризмро бояд ба инобат гирифт. Ҳарчанд масъалаи гурӯҳбандии терроризм ва ба навъҳои мухталиф ҷудо намудани онҳо аз ҷониби баъзе муҳаққиқон омӯхта шуда бошад ҳам, дар ин самт ҳанӯз ҳам мушкилиҳо зиёданд.
Дар Маркази такмили ихтисоси кормандони мақомоти муқовиматкунанда ба коррупсияи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ҷамъбасти семинари омӯзишӣ барои кормандони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Коррупсия: мушкилиҳо ва роҳҳои муқовимат» доир гардид.
Бо соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо мунтазам такмил ёфта, ба комёбиҳои нав ба нав ноил гардид. Имрӯз Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо ваколатҳои худро барои рушди иқтисоди миллии мамлакат роҳандозӣ карда, сифати молу маҳсулоти истеҳсоли ватанию воридотӣ ва ҳифзи бозори истеъмолии мамлакатро мустақилона таъмин менамояд.
«Боиси қаноатмандиву ифтихор аст, ки имрӯз ҷавонони мо доир ба мафҳумҳои ҳуввияти миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва масъалаҳои ҷамъиятиву давлатӣ назари солиму огоҳона ва диди густурда доранд, ки ин нишонаи возеҳи ташаккулёбии мафкураи соҳибватанӣ ва хештаншиносии насли ояндасози мамлакат мебошад».
Эмомалӣ Раҳмон
20 майи соли равон дар ноҳияи Дарвози ВМКБ курси сайёри такмили ихтисос барои сармутахассисони дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳоти ноҳияҳои ВМКБ аз рӯйи барномаи «Сиёсати давлатӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим» ифтитоҳ гардид.
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар паёмҳои солона ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар мулоқот бо намояндагони аҳли ҷомеа ва ходимони дини кишвар аз 9 марти соли 2024 ироа гардидаанд, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарикони рушд дар самти омода намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ барномаҳои гуногуни омӯзиширо пайваста ташкил ва баргузор менамояд.
Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
User Rating: 0 / 5
1.Сармутахассиси шуъбаи иҷроиши буҷет, баҳисобгирии муҳосибӣ ва хизматрасонии маъмурию хоҷагидории Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд – 1 ҷой.
2.Сармутахассиси шуъбаи таъини қисми суғуртавии нафақаи суғуртаии Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродӣ дар шаҳри Истаравшан – 1 ҷой.
3.Сармутахассиси бахши кор бо соҳибкорони инфиродии Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар шаҳри Исфара – 1 ҷой.
4.Сармутахассиси шуъбаи баҳисобгирии инфиродии Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар шаҳри шаҳри Конибодом – 1 ҷой.
5.Сармутахассиси шуъбаи баҳисобгирии инфиродии Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар ноҳияи Б.Ғафуров – 1 ҷой.
6.Сармутахассиси бахши хизматрасонии нафаыагирони Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар ноҳияи Деваштич – 1 ҷой.
7.Сармутахассиси шуъбаи Агентии сущуртаи иҷтимоц ва нафаыа дар ноҳияи Зафаробод – 1 ҷой.
8.Сармутахассиси шуъбаи баҳисобгирии инфиродц ва кор бо соҳибкорони Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар ноҳияи Ҷ.Расулов – 1 ҷой.
Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
-таҳсилоти олии касбии иқтисодӣ;
-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
-донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии сармутахассиси Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродии шаҳри Истаравшан ва Раёсатҳои Агентӣ дар вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои Исфара, Конибодом, Б.Ғафуров, Деваштич, Зафаробод ва Ҷ.Расуловро ва ба танзим медароранд;
-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
Маоши мансабӣ сармутахассисони ММБИ дар шаҳри Истаравшан 1131,6 сомонӣ, сармутахассиси РАСИН-и Исфара ва Конибодом 1131,6 сомонӣ ва сармутахассиси РАСИН-и ноҳияҳои Б.Ғафуров, Деваштич, Зафаробод ва Ҷ.Расулов 1076,4 сомонӣ ва иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.
9.Мутахассиси пешбари бахши ҳуыуы, корҳои кадрц ва коргузории Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Сущд – 1 ҷой.
10.Мутахассиси пешбари шуъбаи таъини ыисми сущуртави нафаыаи сущуртавии Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродӣ дар шаҳри Истаравшан – 1 ҷой.
11.Мутахассиси пешбари бахши хизматрасонии нафаыагирони Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар шаҳри Истаравшан – 1 ҷой.
12.Мутахассиси пешбари шуъбаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар шаҳри Гулистон – 1 ҷой.
13.Мутахассиси пешбари бахши Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар шаҳри Истиылол – 1 ҷой.
14.Мутахассиси пешбари бахши кор бо соҳибкорони Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа шаҳри Исфара – 1 ҷой.
-таҳсилоти олии иқтисодӣ;
-донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассиси пешбари Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродии шаҳри Истаравшан ва Раёсатҳои Агентӣ дар вилояти Суғд ва шуъба ва бахши Агентӣ дар шаҳрҳои Истаравшан, Исфара, Гулистон ва Истиқлолро ва ба танзим медароранд;
Маоши мансабӣ мутахассисони пешбари РАСИН-и вилояти Суғд ва ММБИ дар шаҳри Истаравшан 924,60 сомонӣ, мутахассиси пешбари РАСИН-и Исфара, Истаравшан, ШАСИН-и шаҳри Гулистон ва БАСИН-и шаҳри Истиқлол 924,60 сомонӣ ва иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.
15.Мутахассиси шуъбаи баҳисобгирии инфиродии Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар шаҳри Исфара – 1 ҷой.
16.Мутахассиси шуъбаи баҳисобгирии инфиродц ва кор бо соҳибкорони Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар ноҳияи Ҷ.Расулов – 1 ҷой.
-таҳсилоти олӣ ва ё миёнаи касбии иқтисодӣ;
-донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассиси шуъбаи Агентӣ дар шаҳри Исфара ва ноҳияи Ҷ.Расуловро ба танзим медарорад;
Маоши мансабӣ мутахассиси РАСИН-и шаҳри Исфара 759,0 сомонӣ, мутахассиси РАСИН-и ноҳияи Ҷ.Расулов 724,5 сомонӣ иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.
Аз довталабон ҳуҷҷатҳои зерин талаб карда мешавад:
-аризаи шахсӣ ба номи сардори Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд;
-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона расми андозаи 4х6);
-тарҷумаи ҳол;
-нусхаи шиноснома;
-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
-маълумотнома дар бораи вазъи саломатӣ (шакли 038);
-нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
-маълумот дар бораи даромад ва вазъи молумулкӣ;
-маълумотнома оид ба доштан ё надоштани доғи судӣ;
-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо
намудаанд).
Ҳуҷҷатҳо аз ҷониби Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, баъди чопи аввалини эълон дар муҳлати 21 рўз дар шакли хаттӣ ё электронӣ қабул карда мешаванд.
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:
шаҳри Хуҷанд, кўчаи Фирдавсӣ №120, ошёнаи 3, утоқи бахши ҳуқуқ, корҳои кадрӣ ва коргузории Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи вилояти Суғд, телефон ва факс 6-58-03, суроғаи электронӣ sugd@nafaka.tj
*Эзоҳ: Дар сурати аз ҷониби мақомоти давлатӣ бе асос қабул накардани ҳуҷҷатҳои довталабон, онҳо метавонанд
ба Агентии хизмати давлатӣ тавассути телефони (+99237) 224-47-36 ё сомонаи www.ahd.tj муроҷиат намоянд.
Таърих
Иқтисодиёт
Фарҳанг ва маориф
Сайёҳӣ
Парчам
Суруд
Асъори миллӣ
Боғи миллӣ
Ҳисор
Ҳулбук
Саразм
Вверх