ҲАМАИ ХАБАРҲО
27 май дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 30-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як гуруҳ хизматчиёни ҳарбӣ мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои навбатии ҳарбӣ тақдим намуданд.
Имрӯз миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров дар робита ба 20-солагии ба имзо расидани Аҳднома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.
25 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон мулоқот доир намуданд.
Ҳозирини гиромӣ!
Мулоқоти анъанавии мову шумо дар давраи ба анҷом расидани мавсими киштукори баҳорӣ ва оғози ҷамъоварии маҳсулоти кишоварзӣ баргузор мегардад.
Мо бояд масъалаҳои таъмин намудани фаъолияти устувори соҳаи кишоварзӣ, самаранокии он, баланд бардоштани маданияти истифодаи обу замин ва дигар захираву имкониятҳои афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳаро баррасӣ намоем.
Бегоҳии рӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мавзеи сохтмони меҳмонхонаи муосир дар маркази ноҳияи Данғара ташриф оварда, бо рафти корҳои аввалия барои бунёди ин иншоот, ки аз 16 ошёна иборат хоҳад буд, шинос шуданд.
24 май дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон узви Ассамблеяи миллии Ҷумҳурии Корея Ю Донгсуро ба ҳузур пазируфтанд.
24 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” барои бунёди аввалин корхонаи истеҳсоли таҷҳизоти панелҳои офтобӣ санги асос гузошта, бо лоиҳаи иншооти сохташаванда шинос шуданд.
24 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон, дар деҳаи Яккатути деҳоти Корези ноҳия ба фаъолияти Маҷмааи фарҳангию фароғатии “Насими диёр” расман оғоз бахшиданд.
Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои дохилии Федератсияи Русия Владимир Колоколтсевро, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфтанд.
Дар Маркази такмили ихтисоси кормандони мақомоти муқовиматкунанда ба коррупсияи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якљоягї бо Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ҷамъбасти семинари омӯзишӣ барои кормандони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Коррупсия: мушкилиҳо ва роҳҳои муқовимат» доир гардид.
Бо соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо мунтазам такмил ёфта, ба комёбиҳои нав ба нав ноил гардид. Имрӯз Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо ваколатҳои худро барои рушди иқтисоди миллии мамлакат роҳандозӣ карда, сифати молу маҳсулоти истеҳсоли ватанию воридотӣ ва ҳифзи бозори истеъмолии мамлакатро мустақилона таъмин менамояд.
«Боиси қаноатмандиву ифтихор аст, ки имрӯз ҷавонони мо доир ба мафҳумҳои ҳуввияти миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва масъалаҳои ҷамъиятиву давлатӣ назари солиму огоҳона ва диди густурда доранд, ки ин нишонаи возеҳи ташаккулёбии мафкураи соҳибватанӣ ва хештаншиносии насли ояндасози мамлакат мебошад».
Эмомалӣ Раҳмон
20 майи соли равон дар ноҳияи Дарвози ВМКБ курси сайёри такмили ихтисос барои сармутахассисони дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳоти ноҳияҳои ВМКБ аз рӯйи барномаи «Сиёсати давлатӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим» ифтитоҳ гардид.
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар паёмҳои солона ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар мулоқот бо намояндагони аҳли ҷомеа ва ходимони дини кишвар аз 9 марти соли 2024 ироа гардидаанд, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарикони рушд дар самти омода намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ барномаҳои гуногуни омӯзиширо пайваста ташкил ва баргузор менамояд.
Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
User Rating: 2 / 5
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 ноябри соли 1994 (бо тағйиру иловаҳо аз 26 сентябри соли 1999, аз 22 июни соли 2003 ва аз 22 майи соли 2016)
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 майи соли 2001, №28 «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» (бо тағйиру иловаҳо аз 22 апрели соли 2003, №22; аз 5 январи соли 2008, №346, аз 3 декабри соли 2009, №575, аз 23.07.2016, №1325 ва аз 18.07.2017, №1455
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 майи соли 2004, №28 «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» (бо тағйиру иловаҳо аз 21 ноябри соли 2006, №211; аз 3 декабри соли 2009, №576; аз 29 декабри соли 2010, №653; аз 19 марти соли 2013, №960; аз 22 июли соли 2013, №1012; аз 30 майи соли 2017, №1411, аз 19 июли соли 2019, №1641, аз 2 январи соли 2020, №1670, аз 17 декабри соли 2020, №1748)
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2007, №233 «Дар бораи хизмати давлатӣ» (бо тағйиру иловаҳо аз 8 июни соли 2007, №273, аз 11 марти соли 2010, №603; аз 28 июни соли 2011, №741; аз 1 августи соли 2012, №900; аз 28 декабри соли 2012, №914; аз 22 июли соли 2013, №1016; аз 26 июли соли 2014, №1128, аз 25 декабри соли 2015, № 1260, аз 15 марти соли 2016, №1303, аз 24 феврали соли 2017, №№1405, 1406; аз 30 майи соли 2017, №1433; аз 3 августи соли 2018, №1543, аз 4 апрели соли 2019, №1597,аз 2 январи соли 2020, №1672, аз 13.11.2023, №2011)
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 июни соли 2007, №272 «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (бо тағйиру иловаҳо аз 18 июни соли 2008, №390; аз 21 июли соли 2010, №636; аз 30 майи соли 2017, №1428 ва аз 28 августи соли 2017, №1461)
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 2009, №549 «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» (бо тағйиру иловаҳо аз 16 апрели соли 2012, №827; аз 1 августи соли 2012, №899; аз 23 ноябри соли 2015, №1243; аз 30 майи соли 2017, №1431; аз 4 апрели соли 2019, №1598)
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 октябри соли 2009, №553 «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2011, №762 «Дар бораи маъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» (бо тағйиру иловаҳо аз 15 марти соли 2016, №1294; аз 17 майи соли 2018, №1532; аз 4 апрели соли 2019, №1594)
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 апрели соли 2012, №828 «Дар бораи низоми мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июли соли 2016, №1339 «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ»
Қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 августи соли 2020, №1714 «Дар бораи муқовимат ба коррупсия»
Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 майи соли 2007, №579 «Дар бораи муқаррар намудани рутбаҳои тахассусӣ ба хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Таърих
Иқтисодиёт
Фарҳанг ва маориф
Сайёҳӣ
Парчам
Суруд
Асъори миллӣ
Боғи миллӣ
Ҳисор
Ҳулбук
Саразм
Вверх