User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

 Дар симои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таърих бори дигар исбот сохт, ки наҷоти ҳар як давлату миллат  дар лаҳзаҳои ҳассосу фоҷиабор ба зуҳури шахсияти бузурги миллӣ  вобастагии зич дорад. Зеро маҳз шахсиятҳои бузург қодиранд инсонҳоро дар ҳалли масъалаҳои печидаву мураккаби иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ роҳнамоӣ карда, дар қалбу дидаи мардум шӯълаи умедро ба ояндаи дурахшон бирафрӯзанд                                                                                                                                                                                                              Раҳмон Озода Эмомалӣ.

 Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи кишвари соҳибистиқлоли мо  ҳамчун воқеаи бузурги сиёсӣ мавқеи махсусро ишғол менамояд.  Маҳз он давлати моро аз вартаи ҳалокат наҷот дода, пояҳои давлати тозабунёди тоҷиконро таҳким бахшид. Бо ин иҷлосия дар таърихи  навини халқи тоҷик марҳилаи нави давлатсозӣ оғоз ёфта, ба бунёди ҷомеаи демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёду ягона асос ва заминаи воқеӣ ба вуҷуд овард.

Мутаассифона, баробари ба даст омадани Истиқлолияти давлатӣ  Ҷумҳурии Тоҷикистон бар асари мудохилаи ошкор аз хориҷи кишвар, ки зери шиори демократикунонии ҷомеа сурат гирифт, ба гирдоби мухолифатҳои шадиди дохилӣ гирифтор шуда, ин раванд ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва фоҷиаи бародаркушӣ оварда расонид. Дар ин ҷанги таҳмилӣ зиёда аз 150 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ҷони худро аз даст дода, беш аз 1 миллион нафар гуреза шуданд, 55 ҳазор кӯдак ятим ва 25 ҳазор нафар занону модарон бефарзанду бесаробон монда, дар маҷмӯъ, ба иқтисодиёти мамлакат беш аз 10 миллиард доллар зарар расид.

Дар чунин давраи  ниҳоят душвор ягона сохторе, ки метавонист вазъияти мураккаби сиёсиву иҷтимоиро ба эътидол оварад  Шӯрои Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт. Фақат Шӯрои Олӣ чун мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузор бояд масъулияти азимро ба дӯш гирифта, роҳи ҳалли муноқишаҳои сиёсиро пайдо мекард. Дар чунин вазъияти мураккаб 16 ноябри соли 1992 дар қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ бо иштироки 197 вакилони халқ ба кори худ шурӯъ карда, дар он намояндагони кишварҳои Россия, Қазоқистон, Ќирғизистон, Ӯзбекистон ва намояндагони мухолифин ширкат варзиданд. Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ бо дарназардошти ҳадафҳои олии давлати соҳибистиқлоламон дар давраи басо душвори сиёсиву низомӣ бо мақсади таъмини ҳарчӣ зудтари сулҳу оромӣ, ваҳдату якдигарфаҳмӣ, аз хатарии   нобудӣ эмин нигоҳ доштани давлат ва аз парокандагӣ раҳоӣ бахшидани миллат, ҳифзи якпорчагии давлати мустақили тоҷикон, муҳайё намудани шароит барои барқарор намудани иқтисодиёти бар асари ҷанги шаҳрвандӣ харобгашта ва рушди минбаъдаи Тоҷикистон даъват шуда буд.

Дар Иҷлосия тасдиқ гардидани рӯзномаи он ва баъдан интихоби роҳбари давлат яке аз масъалаҳои муҳим ҳисобида мешуд. Чунки рафти кори Иҷлосия, муҳокима, қабули қарор ва хулосаҳои судбахш аз бисёр ҷиҳат ба Сарвари нави давлат вобастагии калон дошт. Дар замоне, ки оташи ҷанги шаҳрвандӣ пайкари Ватанро месӯхт, ба зимма гирифтани масъулияти роҳбарӣ ва наҷоти давлат коре басо мушкил буд. Аз ин рӯ, вақте Иҷлосияи тақдирсоз баргузор мегардид, бисёриҳо на танҳо масъулияти сарварии давлат, балки ҳатто роҳбарии вазорату идораҳои давлатиро ба зимма гирифтан намехостанд. Дар Иҷлосияи таърихии Қасри Арбоб, ки дар замони тасаллути ошуфтагӣ ва бенизомиву бесуботӣ дар авзои сиёсӣ ва умури идораи мамлакат, дар замоне, ки аз ҳеҷ самте роҳи наҷот ба чашм намерасид, баргузор гардид, умед фақат ба шахсияте буд, ки бо эътимод ба фазли Илоҳи ва рӯҳи бузургворони миллат мулку мардумро соҳибӣ кунад, дар роҳи растагорӣ, дар роҳи расидан ба саодатӣ миллӣ ҳодиву роҳнамо бошад. Аз ин рӯ ба номзадии Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва  санаи 19 ноябр интихоб шуданаш аз ҷониби 186 нафар вакил туҳфаи миллати тоҷик мебошад. Зеро танҳо ин шахсияти худодод метавонист ин масъулияти басо вазнин, вале таърихӣ-гирифтани пеши роҳи хунрезӣ, қатъи ҷанг, таъмин намудани сарҷамъии миллат ва пешгирӣ кардани хатари аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест гардидани давлати соҳибистиқлоли тоҷиконро ба дӯш гирад. Яке аз муҳимтарин рамзҳои давлати соҳибистиқлоли мо- Парчами давлатӣ ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ҷараёни ҳамин иҷлосияи тақдирсоз қабул карда шуданд.

Ростӣ, аз аввал ба ғояи сулҳу оштӣ бовар доштем ва ҳатто фикр мекардем, ки  мо дар кӯтоҳтарин муддат ҳамдигарро дуруст фаҳмида, ба сулҳу оштии миллӣ ноил мешавем. Бо ҳамин мақсад дар рӯзҳои баргузории Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарони бонуфузи ҷонибҳои муқобилро ҷамъ оварда, барои хатми даргириҳо ва таъмини суботи ҷомеа расмиёти савганд ёд кардани онҳоро ташкил кардем. Сулҳу ваҳдате, ки мо дар назар доштем, тамоми мардуми Тоҷикистон, новобаста ба забону миллат ва дину мазҳабашонро фаро мегирифт. Маҳз бо эътимоди қавӣ ба сулҳи наздуку фарогир дар Иҷлосия рӯзи 26 ноябри соли 1992   «Рӯзи сулӯ ва ризоияти миллии мардуми <<Ҷумҳурии Тоҷикистон» эълон гардид. Вале баъдан маълум гардид, ки гарчи мардум ҳамагӣ ҷонибдори сулҳу оштиву ваҳдатанд, аммо тарроҳии ин ҷанги хонумонсӯз барои аланга додани оташи ин низоъ нақшаҳои бисёр ҷиддӣ доштаанд. Аз ин лиҳоз баъд аз Иҷлосия низ солҳои тӯлонӣ барои барқарории сулҳу ваҳдати миллӣ сарф шуданд. Санаи 12 декабри соли 1992 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муроҷиатномаи худ ба мардуми шарифи Тоҷикистон   иброз дошт, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои ободиву пешрафти Ватани азизам меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам боварӣ дорам.  Музокироти сулҳи тоҷикон ҳудуди 4 сол тӯл кашида, дар 9 даври гуфтушунидҳои тулонӣ 40 санаду созишнома ба имзо расонида шуд. Хулосаи мантиқии ин музокирот имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон 27 июни соли 1997 буд, ки имсол мо биступанҷсолагии онро ҷашн гирифтем. Ба Ватан баргардонидани беш аз 1 миллион нафар гурезаҳо, ки бо мақсади аз парокандагӣ наҷот додани миллати тоҷик дар як муддати кӯтоҳ амалӣ гардид, иқдоми муҳимтарини таърихӣ дар он давраи мураккабу вазнин ба ҳисоб меравад.

Барои барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ дар партави қарорҳои Иҷлосияи XVI зарурати қабули Конститутсия пайдо мегардид, то ки асосҳои бунёдии ҷомеа, шакли идораи давлат ва дигар арзишҳои давлатдорӣ муайян карда шавад. Шашуми ноябри соли 1994 аввалин маротиба дар таърихи Тоҷикистони соҳибихтиёр Конститутсия, яъне санади сарнавиштсоз бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид ва дар заминаи он минбаъд Нишони давлатӣ ва Суруди миллӣ ҳамчун рамзҳои давлатдорӣ тасдиқ гардиданд.

Конститутсия сохтори давлатдории Тоҷикистонро ба сифати давлати ягона муайян намуд. Дар он тартиби нави муносибати байни мақомоти марказӣ ва маҳаллӣ пешбинӣ шуд. Фаъолияти вазоратҳои корҳои дохила, амният, мудофиа ва Прокуратураи генералӣ дар асоси талаботи нави Конститутсия аз нав сохта, ба ин соҳа кадрҳои баландихтисос сафарбар шуданд. Вазъияти шадиди Афғонистон, алалхусус, қочоқи маводи мухаддир ва силоҳ водор намуд, ки соли 1997 Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 2000-ум бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҷурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.

Пас аз пурра татбиқ гаштани нуқтаҳои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ, яъне соли 2000-ум, Ҳукумати ҷумҳурӣ бо ба кор бурдани тамоми имкониятҳои давлат ба бунёди иншоотҳои барои пешрафти минбаъдаи мамлакат муҳим, аз ҷумлаи роҳҳои оҳану мошингард, истихроҷ ва истифодаи канданиҳои фоиданок, бунёди неругоҳҳои хурду бузург, нақбҳо ва даҳҳо сохтмонҳо оғоз намуда, корхонаҳоеро, ки қисман ва ё тамоман аз фаъолият бозмонда буданд, ба кор даровард.  Дар бист соли охир рушди миёнасолонаи иқтисодиёт дар сатҳи 7,5 фоиз таъмин гардида, маҷмўи маҳсулоти дохилии мамлакат аз 1,8 миллиард сомонии соли 2000-ум то 95 миллард сомонӣ дар соли 2021 ва даромади буҷети давлатӣ аз 252 миллион сомонӣ то 33 миллиард сомонӣ дар соли 2022 расонида шуд. Яъне маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ қариб 53 баробар ва буҷети давлатӣ 130 баробар зиёд гардида, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ беш аз 30 баробар   афзоиш ёфт.

Дар замонӣ соҳибистиқлолӣ ба соҳаи маориф ҳамчун соҳаи пешбарандаи ҷомеа диққати махсус зоҳир гардида, 173 муассисаи таълимии типи нав-литсей, гимназия, мактаби президентӣ, мактаби байналмилалӣ, инчунин, 196 муассисаи таҳсилоти томактабӣ  ва умумии хусусӣ бунёд гардид. Дар зинаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ 39 муассисаи таълимии нав ва дар зинаи таҳсилоти олии касбӣ 28 муассиса бунёд гардид ва шумораи онҳо мутаносибан ба 144 ва 41 расонида шуд.

Сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 1999 ба 26,3 фоиз дар соли 2019  коҳиш дода шуд, ки аз ҷумлаи муҳимтарин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад.

Амалигардонии ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати кишвар имкон медиҳад, ки рушди устувори соҳаи саноат таъмин гардида, дар ин раванд  даҳҳо ҳазор ҷойи нави корӣ ташкил карда шавад. Дар замони соҳибистиқлолӣ шумораи корхонаҳои саноатӣ ба 2360 расонида шуд. Маҳз ба хотири аҳамияти бузурги саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, солҳои 2022-2026 аз ҷониби Пешвои миллат «Солҳои рушди саноат» эълон карда шуд.

Имрӯзҳо, ки мо дар арафаи таҷлили 30-юмин солгарди баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳастем, бо итминони комил гуфта метавонем, ки мо аз сангинтарин имтиҳони таърих ва рӯзҳои пурталотуми эъмори давлатдории миллиамон гузашта, имрӯз ба сулҳу суботи комил расидем ва ин дастоварди нодири халқамонро чун гавҳари бебаҳо ҳифз мекунем.

                                                                                                                                                     Шерзод М., мутахассиси

                                                                                                                                                     бахши минтақавии Агентии

                                                                                                                                                     хизмати давлатии назди

                                                                                                                                                     Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

                                                                                                                                                     дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон.