User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Баланд бардоштани сатҳи касбии хизматчиёни давлатӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии кадрҳо ба ҳисоб рафта, Агентии хизмати давлатӣ ҳамасола ҷиҳати ҷалби кормандони хадамоти кадрии мақомоти давлатӣ ба курсҳои азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисос дар Донишкадаи идоракунии давлатӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад.

 Дар робита ба ин, аз 30 апрел то 5 майи соли 2018 аз рӯи барномаи «Татбиқи технологияҳои кадрӣ дар хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» курси такмили ихтисос барои мудирони шуъбаҳои ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар Донишкадаи идоракунии давлатӣ ташкил карда шуд.

Барои масъулони хадамоти кадрӣ машғулиятҳо вобаста ба асосҳои қонунгузории хизмати давлатӣ, татбиқи технологияҳои кадрӣ (озмун барои ишғоли мансабҳои холӣ, баҳогузории фаъолият, аттестатсияи хизматчиёни давлатӣ, ҷойивазкунӣ ва ғ.), амалисозии Кодеси одоби хизматчии давлатӣ, фарҳанги суханварӣ дар фаъолияти касбии хизматчии давлатӣ, пешгирии ҳаяҷон дар фаъолияти кормандони мақомоти давлатӣ, асосҳои коргузорӣ ва риояи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дар мақомоти давлатӣ ва дигар масъалаҳо машғулиятҳо гузаронида шуданд.

Ҳамзамон санаи 5 майи соли равон бо иштироки муовини директори Агентии хизмати давлатӣ Аюбӣ Бибиосия, ректори Донишкадаи идоракунии давлатӣ - Абдулхолиқзода Лутфия, муовини раиси Кумитаи давлатии  идораи замин ва геодезӣ Абдуллозода Зикриё, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Агентии хизмати давлатӣ ва шунавандагони курси мазкур мизи мудаввар дар мавзӯи «Татбиқи қонунгузории хизмати давлатӣ дар мақомоти давлатӣ» баргузор гардид.

Зимни баргузории чорабинии мазкур вазъи имрӯзаи соҳаи хизмати давлатӣ ва мушкилоти мавҷуда дар самти амалӣ намудани технологияҳои кадрӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, шунавандагон фикру мулоҳизаҳои қобили таваҷҷӯҳро вобаста ба усулҳои беҳтар кардани сифати татбиқи технологияҳои кадрӣ ва ташкили самараноки такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ пешниҳод намуданд.

         Дар интиҳои чорабинӣ ба шунавандагони курси такмили ихтисос  гувоҳномаҳои хатми таҳсил супорида шуд.