User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Мақомоти давлатӣ
                                                                                                                                                                      (тибқи рӯйхат)

Мавзӯъ: Дар бораи пешниҳоди номзадҳо барои таҳсил дар магистратураи яксолаи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо арзи эҳтиром иттилоъ медиҳад, ки аз соли 2009 инҷониб бо дастгирии Бунёди Ҳаннс Зайдели Олмон дар Академияи идоракунии давлатӣ барои хизматчиёни давлатӣ магистратураи яксола бо ихтисоси «Идоракунии давлатӣ» фаъолият менамояд.

Дар натиҷаи ҳамкориҳои Агентии хизмати давлатӣ, Академияи идоракунии давлатӣ ва Бунёди Ҳаннс Зайдел давоми солҳои 2010-2019 магистратураи мазкурро 676 (зан-196) нафар хизматчиёни давлатӣ, аз ҷумла, аз мақомоти марказӣ 360 (зан-94) нафар ва аз мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ 316 (зан-102) нафар, аз он 47 (зан-17) нафар кормандони мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот хатм намудаанд.

Аз теъдоди 676 нафар 295 (зан-101) нафар ё қариб 42,7 дарсади хатмкардагони магистратура ба болоравии мансабӣ ноил гардидаанд.

Мувофиқи мониторинги дар моҳи марти соли 2020 гузаронидашуда болоравии мансабии хатмкардагони магистратураи мазкур дар соли таҳсили 2010 ба 54,0 фоиз, соли 2011 ба 42,9 фоиз, соли 2012 ба 53 фоиз, шуъбаи рӯзонаи соли 2013 ба 48,5 фоиз, шуъбаи ғоибонаи соли 2013 ба 36,3 фоиз, соли 2014 ба 56,5 фоиз, соли 2015 ба 38,1 фоиз, соли 2016 ба 55 фоиз, соли 2017 ба 47,1 фоиз, соли 2018 ба 36,7 фоиз ва хатмкардагони соли 2019 ба 13,7 фоиз мерасад.

Ҳамчунин дар соли 2020 дар магистратураи мазкур боз 76 (зан-14) нафар хизматчиёни давлатӣ таҳсил доранд.

Илова бар ин бо пешниҳоди Агентии хизмати давлатӣ ва дастгирии молиявии Бунёди Ҳаннс Зайдел соли ҷорӣ 48 (зан-9) нафар хизматчиёни давлатӣ дар баробари кор ба курси магистратураи дусола бо ихтисоси «Идоракунии давлатӣ» фаро гирифта шудаанд (Қабул ба ин магистратураи дусола баъдтар эълон карда мешавад).

Айни замон даври навбатии пешниҳоди номзадҳо ва интихоби хизматчиёни давлатӣ ба курси яксолаи магистратура аз рӯи ихтисоси «Идоракунии давлатӣ» барои соли таҳсили 2021 (январ-декабри соли 2021) шурӯъ карда мешавад. Барои довталабони магистратураи мазкур дар давраи навбатӣ талаботи зерин муқаррар гардидаанд:

-синни то 40-сола барои занҳо, барои мардҳо то 35-сола;

-таҳсилоти олӣ;

-собиқаи хизмати давлатии на камтар аз 2 сол (ба ҳолати то 31 декабри соли 2020).

Бо дарназардошти ин, хоҳишмандем, ки довталабонро ҷиҳати интихоб ба магистратураи мазкур то 1 июли соли 2020 бо замимаи ҳуҷҷатҳои зерин ва рӯйхати довталабон (тибқи намунаи ҷадвали замимагардида) ба Агентии хизмати давлатӣ пешниҳод намоед:

-ариза ба номи ректори Академияи идоракунии давлатӣ;

-маълумотномаи кадрӣ (объективка);

-нусхаи шиноснома (тоҷикӣ);

-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

-дипломи таҳсилоти олӣ бо замимааш (асл);

-гувоҳномаи тиббӣ (намунаи 38);

-тавсиянома барои номзад;

-расми андозаи 3х4 бо теъдоди 6 дона (ранга).

Мақомоти давлатӣ метавонад то 3 нафар довталабро барои иштирок дар имтиҳони қабули магистратура пешниҳод намояд. Мақомоти давлатие, ки дар тобеияти худ хадамотҳо, агентиҳо, дигар идораҳо доранд, метавонанд, ки теъдоди бештари номзадҳоро пешниҳод намоянд.

Хоҳишмандем, ки ҷиҳати пешниҳоди номзадҳо дар муҳлати муқарраргардида мусоидат фармоед.

Замима: Намунаҳои ҷадвал ва рӯйхати мақомоти давлатӣ дар 1 саҳифа.

 

     Бо эҳтиром,

директори Агентӣ                                 Давлатов Ҷ.М.

 

Нусха барои мусоидат ба:

-шуъбаи Агентии хизмати давлатӣ дар ВМКБ;

-шуъбаи Агентии хизмати давлатӣ дар вилояти Суғд;

-шуъбаи Агентии хизмати давлатӣ дар вилояти Хатлон;

-шуъбаи Агентии хизмати давлатӣ дар шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ;

-мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ (тибқи рӯйхат);

-Академияи идоракунии давлатӣ.

 

Иҷрокунанда: Азимова С.М.

Телефон.:         224-40-67

Замима

ба мактуби Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 июни соли 2020, №05-1224

Намунаи

Рӯйхати

довталабон ба магистратураи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи ихтисоси «Идоракунии давлатӣ» аз _______________________ барои соли таҳсили 2021

(номи мақомоти давлатӣ)

 

Р/т

Насаб, ном, номи падар

Рӯз, моҳ ва соли таваллуд

Миллат

Мансаби ишғолнамуда (аз кадом вақт дар ин мансаб кор мекунад (рӯз, моҳ, сол)

Таҳсилот (ихтисос, дараҷаи илмӣ, унвон, таҳсилоти иловагӣ)

Собиқаи корӣ

Собиқаи хизмати давлатӣ

Сатҳи донистани забонҳои хориҷӣ

Сатҳи донистани барномаҳои кампютерӣ

Эзоҳ

 1

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 3

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Масъули хадамоти кадрӣ    ______     ______________

                (имзо)         (насаб, сарҳарфҳои

                                      ном ва номи падар)