User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Дар асоси дархости Раёсати захираҳои инсонии назди Президенти Ҷумҳурии Туркия аз 24 сентябри соли 2021 оид ба ташкили вохӯрӣ ҷиҳати роҳандозии ҳамкориҳои минбаъда дар самти таҳсили хизматчиёни давлатӣ дар доираи ҳамкориҳои Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ санаи 12 октябри соли 2021 мулоқоти директори Агентии хизмати давлатӣ бо намояндагони ҷониби Туркия баргузор карда шуд.

Дар вохӯрӣ доктор Саваш Селейн, сардори шуъбаи таҳсил ва рушди захираҳои инсонии Раёсати захираҳои инсонии назди Президенти Ҷумҳурии Туркия, Алӣ Риза Тезкан, мутахассиси ҳамин шуъба ва Қурбонов Шоён, котиби дуюми раёсати кишварҳои Ховари миёна ва Африқои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Ҷонибҳо вобаста ба мубодилаи маълумот ва таҷриба оид ба усулҳои таҳсил ва рушди захираҳои инсонӣ барои фаъолияти самараноки хизматчиёни давлатии Тоҷикистону Туркия, ҳамзамон таҳкими ҳамкориҳои минбаъда дар ин самти фаъолият ибрози андеша намуданд.

Дар як вақт ҷониби Туркия пешниҳод намуд, ки барои амалӣ ва оғоз намудани ҳадафҳои зикршуда  дар марҳилаи аввал хизматчиёни давлатӣ барои омӯзиши масъалаи мазкур ба сафари хизматӣ ба Ҷумҳурии Туркия фиристода шаванд.

Ҳамчунин пас аз нисфирӯзии санаи 12 октябри соли ҷорӣ барои намояндагони ҷониби Туркия тамошои осорхонаи миллии Тоҷикистон ташкил карда шуд.