User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 
  1. Мудири бахши ҳуқуқ, такмил ва мониторинги хариди давлатӣ – 1 ҷой,

- таҳсилоти олии касбии ҳуқуқшиносӣ, 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист. Донистани забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад.

-дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор бо тобеон;

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

Маоши мансабӣ 1444 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

 

  1. Сармутахассиси бахши умумӣ, кадрҳо ва корҳои махсус – 1 ҷой,

- таҳсилоти олӣ дар соҳаи идоракунии давлатӣ ё кадршинос, ҳуқуқшинос, омўзгор, психолог, сотсиолог, дигар мутахассисони соҳаи гуманитарӣ ва касбии дорои қобилияти кор бо технологияҳои муосири электронӣ, 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист. Донистани забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад.

-дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор бо тобеон;

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

Маоши мансабӣ 1311 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

 

  1. Мутахассиси бахши минтақавии Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – 1 ҷой,

- таҳсилоти олӣ ё миёнаи касби ихтисос, дар соҳаи идоракунии хариди давлатӣ ё таҳсилоти олии иқтисодӣ, ҳуқуқшиносӣ.

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист. Донистани забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад.

-дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор бо тобеон;

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

Маоши мансабӣ 845 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

 

Малакаи хуби роҳбарӣ, муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ, кор бо компютер ва таҷҳизоти коммуникатсионии идоравӣ, донистани забони давлатӣ ва як забони хориҷӣ барои ҳамаи довталабон ҳатмист.

Ба шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намуданд, забонҳои хориҷиро медонанд ва унвонҳои соҳавии илмӣ доранд, афзалият дода мешавад.

 

 Аз довталабон  ҳуҷҷатҳои зерин талаб карда мешавад:

- ариза ба унвони роҳбари мақомоти давлатӣ (шакли муқарраршуда);

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо ду дона расми андозаи 4х6);

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи шиноснома;

- нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи таҳсилот;

- нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи собиқаи меҳнатӣ (дафтарчаи меҳнатӣ);

- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсони дорои уҳдадории ҳарбӣ);

- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ (шакли 038);

- нусхаи гувоҳинома аз мақомоти андоз (РМА);

- маълумотнома аз ҷои зист;

- нусхаи шаҳодатномаи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ (СИН);

- маълумотнома дар бораи надоштани доғи судӣ (аз Сармаркази иттилоотӣ-таҳлилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон);

 

Довталабон метавонанд ҳуҷҷатҳои мазкурро тавассути суроғаи электронии Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. ё бо суроғаи шаҳри Душанбе, кўчаи Шотта Руставелӣ, 22 пешниҳод карда, маълумоти иловагиро дар хусуси низоми озмун, салоҳият ва вазифаҳои мансабӣ ба воситаи телефонҳои    227-66-21, 227-66-79 ё сомонаи www.zakupki.gov.tj дастрас намоянд.

Муҳлати ниҳоии қабули ҳуҷчатҳо 21 рўз пас аз нашри эълони мазкур дар воситаҳои ахбори омма (то соати 17.00) муқаррар мешавад.

*Эзоҳ: Дар сурати аз ҷониби мақомоти давлатӣ бе асос қабул накардани ҳуҷҷатҳои довталабон, онҳо метавонанд 

ба Агентии хизмати давлатӣ тавассути телефони (+99237) 224-47-36 ё сомонаи www.ahd.tj муроҷиат намоянд.