ҲАМАИ ХАБАРҲО
24 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо таҷрибаҳои пешқадами ниҳолпарварӣ ва сабзгардонии муҳити зист ба шаҳри Пистояи Италия ташриф оварданд.
24 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ ба Италия дар шаҳри Рим Мудири иҷроияи Ширкати “ВиБилд” (WeBuild) Пиетро Салиниро ба ҳузур пазируфтанд.
Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти расмии Тоҷикистону Италия дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Италия хонум Ҷорҷия Мелонӣ маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд.
23 апрел дар шаҳри Рим дар доираи сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Италия мулоқоту музокироти Тоҷикистону Италия баргузор шуд.
23 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Италия муҳтарам Серҷо Маттарелла мулоқот карданд.
22 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Рим - пойтахти Ҷумҳурии Италия шуданд.
22 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷоми сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Италия ва Ватикан сафар намуданд.
22 апрел дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷӣ, Иттиҳод ва рушди Британияи Кабир Дэвид Кэмеронро, ки дар доираи силсиласафарашон ба Осиёи Марказӣ нахуст ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфтанд.
Дар идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ ягон масъалае вуҷуд надорад, ки ба донишу малакаи хизматчиёни давлатӣ вобаста набошад.
Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи солҳои охир бо муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ҳамкориҳои судмандро ба роҳ монда, ҳамасола бо мақсади тақвияти малакаи касбӣ ва омода намудани мутахассисони соҳаи идоракунӣ ва хизмати давлатӣ донишҷӯёни риштаи умуми ва магистрии онҳо ба таҷрибаомӯзии илмию истеҳсолӣ фаро гирифта мешаванд.
Соли 2024 дар мамлакат бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардид. Пешниҳоди дахлдор зимни ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур гардонида шуд.
Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизматчиёни давлатии сохторҳои маҳаллии мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии тобеи раиси вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, ки солҳои 2022-2023 ба хизмати давлатӣ қабул шудаанд, курси азнавтайёркунӣ аз рӯйи барномаи «Асосҳои ҳуқуқии хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид.
Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ҷамъбасти курси такмили ихтисос барои сардорони сохторҳои меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз рӯйи барномаи «Заминаҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Бо мақсади таъмини иҷрои банди 103 протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 январи соли 2024, №1 санаи 17 апрели соли 2024 дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзиши идоравӣ вобаста ба «Шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои кормандони Агентии хизмати давлатӣ баргузор карда шуд.
Санаи 15 апрели соли ҷорӣ дар асоси Нақша- ҷадвали баргузории курсҳои азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзӣ барои хизматчиёни давлатӣ, ки аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиќ карда шудааст, дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси азнавтайёркунӣ аз рӯи барномаи «Заминаҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо оғоз гардид.
Яке аз самтҳои фаъолияти Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ намудани таҳсили хизматчиёни давлатӣ дар дохил ва хориҷи кишвар буда, дар ин самт мунтазам тадбирҳои судманд андешида мешаванд.
Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
User Rating: 0 / 5
Бо даъвати Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов 4-5 августи соли 2021 сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон баргузор гардид.
Дар ҷараёни музокирот, ки дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум баргузор гардид, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Туркманистон роҷеъ ба маҷмӯи кулли масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба, инчунин перомуни масъалаҳои рӯзмарраи минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули созандаи афкор намуданд.
Сарони давлатҳо аҳаммияти имзои Шартнома дар бораи шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистонро аз 2 ноябри соли 2017 таъкид намуданд ва бо қаноатмандӣ сатҳи баланди муносибатҳои дуҷонибаи хислати стратегиро қайд карданд.
Бо дарки баланди масъулият барои ҳифзи робитаҳои бисёрсолаи дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ, Ҷонибҳо азми худро баҳри боз ҳам идома додани густариши ҳаматарафаи муносибатҳои шарикии стратегӣ байни Тоҷикистон ва Туркманистон тасдиқ намуданд.
Бо таъкиди аҳаммияти муколамаи фаъоли сиёсӣ барои рушди рӯзафзуни муносибатҳои дарозмуддати ду кишвар, Сарони давлатҳо тавсеаи минбаъдаи тамосҳои боэътимод ва созанда дар сатҳҳои олӣ, воло ва дигар сатҳҳоро ҷонибдорӣ намуданд.
Президентҳо рафти иҷрои амалии санадҳои дуҷонибаи қаблан имзошударо муҳокима намуда, сатҳи баланди рушди муносибатҳои байналмилалиро дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва ғайра таъкид карданд.
Сарони давлатҳо изҳори итминон карданд, ки хислати устувор ва боэътимод доштани муносибатҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон ба манфиатҳои ҳаётан муҳим ва дарозмуддати мардумони ду кишвар ҷавобгӯ буда, ҳамчун омили калидии таъмини сулҳу субот ва амният дар минтақа хидмат мекунад.
Дар робита ба масоили минтақавӣ Сарони давлатҳо ба ҳам алоқаманд будани мушкилоти амниятӣ ва рушди иҷтимоию иқтисодии давлатҳоро қайд намуда, нисбат ба пешгирӣ ва ҳалли мусолиматомези низоъҳо, густариши ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи минтақавӣ ибрози назар карданд.
Дар ин замина ҷонибҳо таъкид намуданд, ки эътидоли сареи вазъи сиёсӣ ва барқароршавии иҷтимоиву иқтисодии Афғонистон барои таъмини амният ва субот дар минтақа аҳаммияти ҳалкунанда дорад. Сарони давлатҳо муҳим будани татбиқи лоиҳаҳои инфрасохтории минтақавӣ ва байналмилалиро, ки ба рушди пойдори он кишвар мусоидат хоҳад кард, қайд намуданд.
Президенти Туркманистон ба чораҳои андешидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҷеъ ба кӯшишҳо дар пешбурди абзорҳои бисёрҷониба, ки ба эътидоли вазъ дар Афғонистон нигаронида шудаанд, баҳои баланд дод. Дар ин замина аҳаммияти баргузории ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии «Қалби Осиё-Раванди Истанбул» 29-30 марти 2021 дар пойтахти Тоҷикистон таъкид шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон талошҳои Туркманистонро баҳри татбиқи тарҳҳои инфрасохтории транзитию нақлиётӣ, энергетикӣ ва дигар лоиҳаҳо, ки ба ҷалб намудани Афғонистон ба низоми муносибатҳои иқтисодии ҷаҳонӣ мусоидат мекунанд, баланд арзёбӣ намуд. Дар ин робита аҳаммияти равандҳои мазкур дар ростои таҳкими ҳамкориҳои иқтисодии минтақавӣ ва байналмилалӣ таъкид гардид.
Президентҳо аҳаммияти мунтазам баргузор намудани Вохӯриҳои машваратии Сарони давлатҳои Осиёи Марказиро, ки ба таҳкими дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва эътимоди мутақобила дар минтақа мусоидат менамояд, таъкид намуданд.
Сарони давлатҳо зарурати густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, муҳоҷирати ғайриқонунӣ, муомилоти ғайриқонунии маводди мухаддир ва моддаҳои психотропӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва дигар чолишҳо ва таҳдидҳо ба амнияти байналмилалиро ҳам дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчӯби сохторҳои байналмилалӣ изҳор намуданд.
Президентҳо аҳаммияти густариши минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди тиҷоративу иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон, афзоиши ҳаҷми тиҷорати мутақобила ва тавсеаи номгӯи онро қайд карданд.
Сарони давлатҳо зарурати тақвияти минбаъдаи нақши Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Туркманистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва илмию техникиро ҳамчун василаи муассири ҳамкории байнидавлатӣ таъкид намуда, натиҷаҳои ҷаласаи даҳуми онро, ки 28-29 июли соли 2021 дар Душанбе баргузор гардид, қайд карданд.
Ҷонибҳо мавҷуд будани шароити мусоид барои густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, саноат, тиҷорат ва кишоварзиро қайд карданд. Дар ин робита онҳо дар мавзуи зарурати ҳавасмандсозии минбаъдаи робитаҳо миёни соҳибкорон, шиносоии мутақобил бо маҳсулоти дар ду кишвар истеҳсолшаванда, омӯзиши имконоти содироту воридот ва ҷустуҷӯи шаклҳои нави пешбурди ҳамкориҳои иқтисодӣ ибрози назар карданд.
Сарони давлатҳо бо дарназардошти таваҷҷӯҳи мутақобил ба истифодаи маҷмӯӣ ва оқилонаи захираҳои обиву энергетикӣ дар Осиёи Марказӣ, аҳаммияти иншооти гидроэнергетикии мавҷуда ва бунёдшавандаро дар маҷрои обҳои фаромарзӣ бо дарназардошти манфиатҳои тамоми кишварҳои минтақа баҳри мусоидат ба рушди иҷтимоию иқтисодии Осиёи Марказӣқайд намуданд.
Сарони давлатҳо пешравиҳои бадастомада дар чаҳорчӯби Бунёди байналмилалии наҷоти Арал дар давраи раёсати Туркманистон ва саъю талошҳои раёсати кунунии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати ҷоннок кардани фаъолияти минбаъдаи Бунёд, аз ҷумла дар мавриди такмили сохтори ташкилӣ ва пояи қарордодиву ҳуқуқии он, афзалиятнокии масъалаҳои тағирёбии иқлим ва амиқсозии ҳамкории минтақавӣқайд намуданд. Ҷонибҳо таъкид доштанд, ки Барномаи ба наздикӣқабулшудаи ҳавзаи баҳри Арал (ПБАМ-4) ҳамчун абзори муҳимми таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои миллӣ ва минтақавӣ барои беҳтар намудани вазъи идоракунии об, экологӣ ва иҷтимоию иқтисодии минтақа хидмат хоҳад кард.
Президентҳо тасдиқ намуданд, ки таъмиқи ҳамкориҳои зич дар соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия барои рушди тиҷорати байналмилалӣ миёни кишварҳо ва минтақаҳо аҳаммияти калидӣ дорад.
Дар ин робита Сарони давлатҳо аҳаммияти рушди инфрасохтори нақлиётӣ, такмили минбаъдаи сифати хидматрасонии нақлиётӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти тамоми навъи нақлиётро, ки ҳамлу нақл миёни ду кишвар ва транзити борҳоро тавассути қаламрави онҳо анҷом медиҳанд, зикр намуданд.
Президентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон ба ҳамкорӣ дар соҳаи гуманитарӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, аҳаммияти тамосҳо байни ташкилотҳои дахлдор ва ходимони фарҳангу санъат, муассисаҳои таълимӣ ва васоити ахбори оммаро таъкид карданд. Тавофуқҳосил шуд, ки ҳамкорӣ дар соҳаи илму техника фаъолтар хоҳад гардид.
Сарони давлатҳо густариши минбаъдаи робитаҳои байнипарлумониро ҷонибдорӣ намуданд.
Президентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон зарурати такмил ва тавсеаи минбаъдаи заминаи қарордодиву ҳуқуқии ҳамкории дуҷонибаро таъкид карданд. Дар ин робита Сарони давлатҳо аҳаммияти санадҳои дуҷонибаи байниҳукуматӣ ва байниидоравиро, ки дар рафти сафар ба имзо расида, ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон саҳмгузор хоҳанд шуд, таъкид карданд.
Президентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон мавқеи наздик ё ба ҳам мушобеҳро роҷеъ ба масъалаҳои калидии сиёсати байналмилалӣ баён намуда, азми худро барои густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар арсаи ҷаҳонӣ тасдиқ карданд.
Президентҳо зарурати ҳамоҳангсозии кӯшишҳои муштарак дар чаҳорчӯби созмонҳои универсалии байналмилалию минтақавиро, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон узви онҳо мебошанд, қайд карданд. Сарони давлатҳо аҳаммияти баланд бардоштани нақши Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои онро дар ҳалли масъалаҳои ҷаҳонӣ, таъмини рушди пойдор ва таҳкими амнияту субот дар ҷаҳон тасдиқ карданд.
Президенти Туркманистон номзадии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои интихоб шудан ба ҳайси узви ғайридоимии Шӯрои Амнияти СММ барои солҳои 2028-2029 дастгирӣ намуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон номзадии Туркманистонро барои интихоб шудан ба ҳайси узви ғайридоимии Шӯрои Амнияти СММ барои солҳои 2031-2032 ҷонибдорӣ кард.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Туркманистон аз қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ «Конфронси СММ оид ба бознигарии миёнамуддати фарогири ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028» истиқбол намуданд.
Президенти Туркманистон ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳоро ҷонибдорӣ кард.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббуси Президенти Туркманистон оид ба таҳияи Стратегияи СММ ҷиҳати татбиқи чораҳо барои рушди энергетикаи камкарбон, инчунин таҳияи «Харитаи роҳ» таҳти сарпарастии СММ барои рушди ҳидроген ҳамчун яке аз самтҳои авлавиятноки соҳаи энергетикаро дастгирӣ намуд.
Президентҳо итминон доранд, ки музокироти баргузоршуда ва санадҳои дар рафти сафар баимзорасида ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои мухталиф такони тоза бахшида, ба манфиатҳои мардумони бародари Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон хидмат мекунанд ва ба афзоиши ҳаматарафаи некӯаҳволии онҳо саҳмгузор хоҳанд буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов барои меҳмоннавозӣ ва истиқболи гарму дӯстонаи ҳайати Тоҷикистон изҳори сипос карда, Президенти Туркманистонро даъват намуд, ки дар фурсати барояш муносиб ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафар анҷом диҳад. Даъват бо изҳори миннатдорӣ пазируфта шуд. Таърихи сафар тавассути роҳҳои дипломатӣҳамоҳанг хоҳад шуд.
ш. Ашқобод, 4 августи соли 2021
Сарчашма: khovar.tj
Таърих
Иқтисодиёт
Фарҳанг ва маориф
Сайёҳӣ
Парчам
Суруд
Асъори миллӣ
Боғи миллӣ
Ҳисор
Ҳулбук
Саразм
Вверх